Categories СИЁСАТ

Нухбагони пӯё

Раҳмон Иброн

20.03.2012, 22:40

Мактаби ҲНИТ мактаби ишқу садоқат аст

Коршинос: Устод Нурӣ раҳбари барҷаста буд

Баъд аз сӣ сол, танзими маросимҳову худоиҳо «ваҳобият» набудааст

Шогирдон идомадиҳандагони роҳи устодон

Наҳзатӣ будан сабру таҳаммул мехоҳад

Мактаби ҲНИТ мактаби ишқу садоқат аст

«Мактаби устодон… мактабест, ки мисли дигар макотиб бо супоридани имтиҳонҳо аз чанд фан ба он ворид намешавед, балки мактаби ишқу садоқат мебошад. Ва он касоне ки савганди ишқу садоқат доранд, дар ин мактаб устувор хоҳанд монд…». Ҷумлаҳои боло дар ёдбуди асотиди фақид Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Муҳаммашариф Ҳимматзода, поягузорони ҲНИТ садо доданд. Дар ҳампайвандӣ бо афкори Домулло Аббос, ҷонишини раиси шӯъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд, ки ин сухун аз забони ӯ садо доданд, бояд арз дошт, оре, бешак ишқу садоқат буд, ки ашхосу афроди зиёде ба хотири гиромидошти устодон ба маркази ҳизб рехтанд. Пас воқеан, ин мактаб мабнӣ бар ишқ будааст ва бар маҳзи ошиқ будан теъдоди зиёде ҷамъ омаданд, то ёде аз устодони худ кунанд…

Ҳамоише ки бахшида ба ёдбуди устодон буд, намояндагони ақшори гуногун, шурӯъ аз шаҳрванди оддӣ то иддае аз уламову таҳлилгаронро гирди ҳам овард ва меҳвари гуфтугӯи ин ашхос ҷанбаҳои мухталифи ҳаёти эшон буданд. Агар яке ёде аз устодон менамуд ва хотироти худро ба таври оддӣ дар робита ба лаҳзаи аз дидори худ бо устод Нӯрӣ ё устод Ҳимматзода мегуфт, дигаре бо тамсил аз таҳқиқоташ мехост нақши ин ду абармарди фарзонаро дар ташаккули як ҷомеаи мусалмон мушаххас созад.

Коршинос: Устод Нурӣ раҳбари барҷаста буд

Рашид Ғанӣ Абдуллоҳ, таҳлигаре буд, ки маҳз ба тафсири нақши иҷтимоии ин асотид пардохт. Ӯ гуфт: «Нахустин хидмати шоистаи устод (Сайид Абдуллоҳи Нурӣ- Р.И.) ин аст, ки ӯ зери як ливои сиёсӣ тарафдорони тамоюлоти гуногунро ба ҳам овард». Ин гуна мавқеъгирии як таҳлилгар боиси зоҳир намудани таваҷҷӯҳи хос аст, зеро улуми муртабит ба сиёсат ин гуна хислатро ба сарваре рабт додаанд, ки он дар ҷодаи интихобкардааш муваффақ ва гузашта аз ин ҳар тасмиме ки гирифта, ҳамзод бо огаҳии ӯ аз мушкилоти ҷомеа будааст.

Ба ибораи дигар, ба ҳам овардани афроди гуногунмақсад маҳз ба назардошти ҳифзи манофеъ ва амалигардии ормонҳо таҳаққуқ мепазируфтааст ва гузашта аз ин дарроки манофеъи гурӯҳҳои мухталиф будану якҷо карда тавонистани онҳо аз хусусиёти муваффақ будани сарвар унвон мешаванд. Гарчанде усули дигаре низ ҳаст бо номи фишор ва аз баъзе сарварон бо зӯру тавон қувваҳоро маҷбур ба якҷоя шудан менамоянд ё ҳадди ақал онҳоро ба самте равона месозанд, ки ба истилоҳ «на сих сӯзаду на кабоб», аммо марбути устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ донистани чунин як усул варсоқие беш нест, зеро он замон ин сарвар чунин нирӯ надошт, ба ҷуз ақлу хирад, ғоя ва мудофияи манфиати ҳамагонӣ.

Ба назари таҳлигар Рашид Ғанӣ Абдуллоҳ: «Хидмати дуюми ӯ гирифтани пеши роҳи истифодабарии мухолифин аз тарафи бегонагон» будааст. Ин таҳлил дар ҳоле матраҳ аст, ки тавре гуфта мешавад, дар воқеъ пазируфтани низоъи миёни тоҷикон нерӯҳои берунӣ ё ба истилоҳ тарафи сеюм саҳим будаанд. Вақте сарвар вуруди чунин як хатарро эҳсос менамояд ва роҳ намедиҳад, ки қувваи бегонае ӯро мунҳариф созад, чунин бардошт мешавад, ки ӯ аз пешбининамоии сиёсӣ ба дараҷаи кофӣ бархурдор аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки аксар вақт сарварони сиёсӣ бар маҳзи надоштани пешнинамоии сиёсии шикаст мехӯранд ё озодӣ ва ғояи худро аз даст медиҳанд.

Баъд аз сӣ сол, танзими маросимҳову худоиҳо «ваҳобият» набудааст

Чун устодон Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода тавсиф мешаванд, бояд каме аз чаҳорчӯби ҳамоиш берун рафт, то дар кушодани чеҳраи эшон заррае ҳам бошад, саҳим буда тавонем. Хусусияти ба ҳама ошкори ин асотид ин буда, ки эшон аз лиҳозӣ фикрӣ хеле пешрафта будаанд. Далели ин гуфтор он аст, ки фаъолияти сиёсии ин ду шахсият ҳамчун рӯҳонӣ шурӯъ шуда ва он ҳам дар тафовут аз рӯҳониёни дигар, ба ҳадде ки бо истифода аз шуури пасти динии ҷомеа ба онҳо тамғаи ваҳҳобӣ зада шудааст. Ҳол он ки ба дарки андешаи онҳо сиёсатмардони замон бо гузашти зиёда аз 30 сол расидаанд. Манзур аз овардани ин нуқта он аст, ки замоне ки устодон ба манфиати ҷомеа ва огоҳонидани эшон аз муқаррароти динӣ ва мамнӯъ донистанӣ чорабиниҳои бо ном динӣ садо баланд карданд, ҳукумати вақт ва иддае аз рӯҳониёни судҷӯ барои аз даст надодани ҷоҳу ҷалол ва шӯҳрати худ устодонро ваҳҳобӣ хонданд. Вале бо гузашти беш аз сӣ сол аз он айём ҳама дарк карданд, ки мухолифини асотид ҷуз ғараз мақсади дигаре надоштанд.

Ҳукумат ҳам соли 2007 маҷбур шуд, ки русуми «динӣ» ва мардумиро бо судури қонун танзим намояд, гарчанде дар қабули ин қонун аз ангезаи динии мардум кор гирифта нашуд. Оё гуфтаҳои боло далел буда наметавонанд, ки устодон аз сарварони кунунии кишвар аз ҷиҳати зеҳнӣ ҳадди ақал 30 – 40 сол пештар будаанд? Албатта, гузашта аз ин эшон аз зумраи нухбагоне буданд, ки мабнӣ бар дарки манофеи як ҷомеаи мусалмон шӯҳрат ёфтанд, ин ҳам дар ҳолест, ки дарки манфиати мардуму саъй ба фаҳмонда додани эшон яке аз нишонаҳои аслии нухбагон будааст.

Шогирдон идомадиҳандагони роҳи устодон

Аслан ин гуна хусусиятҳои устодон Нурӣ ва Ҳимматзода зиёданд, ки қобили таҳқиқи махсусанд ва дар як матлабаке ҷойгир кардани онҳо имконнопазир аст, вале ҷойи зикр аст, ки теъдоди зиёди таҳлилгарон ва шогирдони устод мактаби меросмондаи ӯро аз зумраи беҳтарин меросҳои ӯ медонанд. Воқеан, ин мерос меросест, ки газанд нахоҳад ёфт, балки ҳамвора дар ҷалби пайравон хоҳад буд. Гузашта аз ин чунин бардошт мешавад, ки масъулини кунунии мактаби устод ҳам пайи идомаи кори эшон ҳастанд ва метавон шиори «Тағйир, ислоҳ, пешрафт»-и шогирдонро ҳамчун далели ин гуфтаҳо қайд кард. Устодон, ки фаъолияти хешро аз ислоҳ оғоз намуда буданд, ислоҳкории минбаъдаи шогирдонро низ метавон идомаи аъмоли эшон унвон кард.

Наҳзатӣ будан сабру таҳаммул мехоҳад

Дар ҳамин ҳол, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонии саршиноси кишвар гуфт, ки «наҳзатӣ будан зери таъқиб мондан аст». Яъне чунин бардошт мешавад, ки бо вуҷуди ҳама хушбиниҳои масъулини ҲНИТ садгузориҳои сохтае дар роҳи ташаккули минбаъдаи ин ҳизб ҳаст. Аз сӯҳбати раиси ҲНИТ низ бармеояд, ки ин гуна аъмоли муғойир ба қавонини кишвар нисбат ба ин ҳизб дар ҳоли ҷараён аст. Зеро «тавре дар бораи вазъияти устод Тӯраҷонзода… гуфтанд, айни ҳамин корро худамон ҳаррӯз мушоҳида мекунем… Рӯзи сешанбе (13.03.2012) баъд аз ҷаласаи Қӯрғонтеппа, ҳамроҳи бародарон ва дӯстон зиёрати Домулло Муҳаммадии қумсангирӣ рафтем, аммо чӣ зарурат буд, ки мошинҳои сиёҳшиша аз қафои мо раванд ва то дари хонаи домулло моро назорат кунанд ва рақамҳои мошини моро навишта гиранд…….?», гуфт Муҳиддин Кабирӣ.

Бо вуҷуди ин, раиси ҲНИТ бар он аст, ки дар қиболи ин ҳама набояд дилсард шуд, балки сабрро пеша бояд кард. Ин ҳам дар ҳолест, ки Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода гуфт, ки «сабр ба маънои таҳаммул кардан аст. Фишор оранд, таҳаммул мекунем, ки бо умеде пирӯз шавем».

Агарчи раёсати кунунии ҲНИТ сабру таҳаммул ва фаъолияти қонуниро пеша кардааст, аммо ба назар мерасад, ки ташаккулу тавсеъаи ин мактаб иддае аз афроди манфиатҷӯро на он ки канор гузошта натавонистааст, балки эшонро қаламбадаст низ намудааст. Ин гуна «таҳлилагарон» (манзур матлабе таҳти сарлавҳаи «Агар андешаи сарвари ҳизб чунин аст…», нашри «Ҷумҳурият») тавре андешаҳои Муҳиддин Кабирро «дарк» кардаанд, ки пуштибони «Толибон» ҷилвагар шудааст. Бардошти мазкур ба тарзест, ки тамғазаниҳои солҳои аввали по ба арсаи фаъолият гузоштани муассисони ҲНИТ-ро ба ёд меорад. Чун он замон ки ҳамин гуна «таҳлилгарон» буданд, эшонро ваҳҳобию фундаменталист хонданд, аммо баътар дарк карданд, ки иштибоҳе беш набудааст.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин бояд гуфт, шояд чунин «таҳлилгарон» мисли «мазҳабшиносон»-и авохири садаи бист 30 – 40 сол баъд қобилияти дарки афкори Муҳиддин Кабириро пайдо намоянд.

More From Author

You May Also Like