Categories Ахбори рӯз

Н. Назарбоев ба Душанбе меояд

Раҳбарони Тоҷикистону Қазоқистон Э. Раҳмон ва Н. Назарбоев дар ҷараёни мулоқоташон дар Остона масоили ҳамкориҳои муштараки байни Тоҷикистон Қазоқистонро мавриди таҳлил ва арзёбӣ қарор додаанд.

Бино ба иттилоъи хадамоти матбуоти президент, Бунёди муштараки сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон, ки тирамоҳи соли 2010 ба фаъолият шуруъ карда буд, воситаи хуби густариши ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ будааст. Ҳамзамон зимни дидор Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти Кумиссияи муштараки ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва Шўрои вазирони корҳои хориҷии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кардааст, ки вақти барпо намудани ҷаласаи якуми Шўрои байнидавлатии ҳамоҳангсозӣ дар сатҳи олии сиёсӣ фаро расидааст. Бинобар ин президенти Тоҷикистон аз ҳамтои қазоқаш даъват кардааст, то бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ояд.

Мавриди зикр аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар саммити сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой ҳамроҳ бо як ҳайати баландпояи Ҳукумати Тоҷикистон ба Остона сафар карда, айни замон дар Қазоқистон қарор дорад.

More From Author

You May Also Like