Вазири маорифи Тоҷикистон гуфт, ки зарурате барои тағйир хатти расмии ин кишвар аз алифбои сирилик ба алифбои форсӣ вуҷуд надорад.
Ба гузориши “Ирна”, Нуриддин Саидов имрӯз душанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон афзуд, ки ҳар чанд то кунун талоши зиёде барои тағйири хатти сирилик ба алифбои ниёкон сурат гирифта, аммо то кунун натиҷае дар ин замина ҳосил нашудааст.
Вай бо баёни он ки тағйири алифбо дар кишварҳои ҳамсоя мушкилотеро барои онҳо эҷод карда, тасреҳ кард, ки аз он ҷо ки мо даврони гузори иқтисодӣ ва фарҳангиро тай мекунем, таъкид бар ин тағйир мумкин аст раванди пешрафтро бо маҳдудиятҳое мувоҷҷеҳ ва мушкилоти кишварро бештар кунад.
Саидов гуфт, ки табдили ҳуруфи сирилик ба хати форсӣ дар Тоҷикистон бо судудри фармон қобили иҷро нест, зеро таҳаққуқи он ба эҷод ва омодагии бештаре ниёз дорад.
Вай бо баёни ин ки ҳудуди 95 дарсади ҷамъияти тоҷик бо хати форсӣ ошноӣ надоранд гуфт, ки тағйири хати сирилик ба форсӣ дар чунин шароите танҳо вазъро печидатар мекунад.
Вазир афзуд, ки мо бояд барои ошноӣ ва баҳрамандӣ аз улуми пешрафта ҳар коре анҷом диҳем, аз ин сабаб канор гузоштани хати сирилик, ки мардум бо он ошноӣ доранд ва ҷойгузини кардани хати дигар на танҳо ба ин амр кӯмаке намекунад, балки боиси дур мондан аз раванди баҳрагирӣ ва истифода аз дастовардҳои илмии ҷаҳон хоҳад шуд.
Ҳамзамон Саидов дар бораи низоми омӯзиш дар Тоҷикистон ишора карду гуфт, ки ин кишвар ҳеҷ ниёзе ба тадриси улуми динӣ дар дабиристонҳо ва донишгоҳҳо надорад, зеро мо дар дунёи молӣ зиндагӣ мекунем. Вай баён дошт, ки беш аз 770 донишҷӯйи тоҷик дар ҳоли ҳозир дар кишварҳои дигар аз ҷумла Эрон, Туркия ва Русия машғули таҳсил ҳастанд.
Ин дар ҳолест, ки ба ақидаи коршиносони фарҳангии тоҷик, густариши омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон ба маънои эҳёи хати ниёкон ва дастрасии мардуми ин кишвар ба дарёе аз манбаъҳои форсӣ аст, ки дар китобхонаҳо ва пойгоҳҳои иттилоърасонии кишварҳои форсизабон ба вижа Эрон вуҷуд дорад.