Categories Uncategorized

Фавти 93 – зани тоҷик дар муҳоҷират

Мижгона Ҳалимова

nahzat.tj

Сумангул Тағоева, раиси Кумитаи кор бо занон ва оила дар нишасти матбуотӣ изҳор кард, ки дар соли 2012 як ҳазору 55 ҷасади шаҳрвандони ҶТ аз муҳоҷирати меҳнатӣ тавассути тамоми воситаҳои нақлиёт ба Ватан оварда шудаанд, ки 93 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Ба ҳама маълум аст, ки аксари мардуми тоҷик, ҳатто занон ҳам  бештар ба хотири пайдо кардани ҷои кор ба Русия мераванд. Мутаассифона, баъзеҳо гирифтори фиреби корфармо мешаванду ҳакки кори худро ногирифта бармегарданд, баъзеи дигар бошад бо сабабҳои гуногун ё саломатии худро аз даст додаанд, ё ин ки ҷисми беҷони онҳоро ба ватанашон меоранд.

Масъулони кумитаи мазкур сабабҳои асосии марги занонро дар хориҷа, дар беморӣ, садамаҳои нақлиётӣ, куштор ва расонидани зарар ба саломатии онҳо мебинанд.

Муҳоҷирати мардон кам набуд, ки имрӯз занони бечораи мо дур аз Ватан шуда, азоби зиндаро мекашанд. Зани тоҷик аслан лоиқи чунин азобу сарсонӣ намебошад, вале ба хотири як маблағи муайяне дур аз фарзанду наздикони худ шуда, роҳ сӯи муҳоҷиратро пеш мегиранд. Онҳо, ки аксар на саводи кофӣ доранду на забон медонанд, асосан ба корҳои паст ва заҳматталаб мераванд.  Аксарашон дар зербинову таҳхонаҳо аз субҳ то шом бо тоза кардани меваю забзавот машғуланд, лекин каме аз онҳо аз рӯбучин ва пухту паз пул меёбанд ва оилаҳои худро таъмин месозанд.

Магар худи ибораи зани муҳоҷир барои миллати мо ва ҳукумати мо иснод нест? Куҷост он ҳукумате, ки корхонае бунёд кунаду ҳадди ақал занони мо ба муҳоҷират нараванд?

Як гурӯҳи ин муҳоҷиринро баъзе мардҳои беору номус, ки ба ба даллагӣ машғуланд, бо роҳи фиребу найранг ё ин ки бо ихтиёри худашон онҳоро ба фоҳишагӣ мекашанд.

Ҳатто шиносномаҳои духтаронро гирифта, онҳоро таҳдид  мекунанд. Ва то як вақти муайян духтарон хидмати ин беномусонро мекунанд.

Шокирҷон Ҳакимов, коршиноси тоҷик, ки муддате дар Русия ҳангоми таҳияи кори докторӣ мезист ва аз ин проблема хуб огаҳӣ дорад:

– «Занҳо низ ба хубӣ дарк мекунанд, ки кафолати амнияти шахсиашон дар кишвари бегона таъмин нашудааст. Аммо ба ҳамаи мушкилиҳо нигоҳ накарда, маҷбуранд, ба  кишвари бегона, ба хусус, ба Русия раванд. То замоне ки дар Тоҷикистон рақобати солим ва шароити мусоиди кор ба вуҷуд оварда нашавад, аз ҷумла, корхонаҳо бунёд нагарданд пеши муҳоҷирати меҳнатиро гирифтан имконият надорад.Чи гуна метавон пеши ин роҳро гирифт? Омилҳо ва сабабҳои муҳоҷирати занон ба Русия зиёд ҳастанд ва дар ин хусус гуфтаанду навиштаанд. Вале набудани ҷойи кор дар Тоҷикистон онҳоро водор менамояд, ки барои қонеъ намудани нияту ҳадафҳои иҷтимоияшон ба дигар давлатҳо раванд. » – мегуяд Ҳакимов.

Инчунин, дар соли 2012 дар хориҷи кишвар 877 ҳазору 335 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият доштанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 126 ҳазору  944 нафар зиёд мебошад. Аз шумораи мазкур 124007 нафарро занону духтарон ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2011, 40171 нафар зиёд мебошад.

Ин рақамҳо оё касеро безобита ва ё нигарон мекунанд?

More From Author

You May Also Like