Талабшоҳи Салом, мусоҳиб
«Наҷот»
Ба ҷойи муаррифӣ
Атобеки Амирбек, номзади улуми педагогӣ, дотсент, раиси Ҳаракати «Лаъли Бадахшон». «Лаъли Бадахшон» замони гуфтушуниди тоҷикон яке аз нерӯҳои ИНОТ маҳсуб мешуд ва Атобеки Амирбек ҳамчун намояндаи ҳаракати мазкур ба ҳайати музокиротии ҷониби мухолифин шомил шуда буд.
– Мӯҳтарам Атобеки Амирбек, тавре иттилоъ дорем, Шумо на дар ҳама давраҳои музокирот ширкат доштед ва танҳо давраи 6-ум вориди гуфтугӯҳо шудед. Лутфан мегуфтед, ки ба кадом хотир маҳз аз ҳамин давра вориди музокирот шудед?
– Агар ҷиҳати ин масъала иттилоъ гирифтан мехоҳед, зарур медонам, ки муфассалтар дар робита ба ин масъала ҳарф занам. Солҳои аввал Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистони ҳозира зери ҳамин ном фаъолият мекард. Аммо вақте дар Тоҷикистон фаъолияти кулли нерӯҳои мухолифро мамнӯъ эълон карданд, ҲНИТ дар Афғонистон табдили ном ба Ҳаракати Исломии Тоҷикистон намуда, дигар қувваҳои оппозитсиюнро ба худ ҷалб кард, аз ҷумла мо ҳам аз ин мустасно набудем. Соли 1995 бошад, Иттиҳоди Нерӯҳои Оппозитсиюни Тоҷикистон созмон ёфт.
Ҳамин тариқ, баъди шаклгирии ИНОТ мо вориди иттиҳод шудем ва баъд аз он ман ба музокирот даъват шудам, вагарна аз ҷониби мухолифин касе набуд, ки дар дохили Тоҷикистон ба сар бараду ҳамзамон иштирокчии музокирот бошад. Ман ягона роҳбаре аз нерӯҳои мухолиф будам, ки аз Тоҷикистон берун нарафтам.
– Бо вуҷуди он ки шурӯъ аз давраҳои аввали музокирот ба ҳайат ворид нашуда будед, фикр намекунам, ки нисбат ба раванди музокирот ва сулҳи тоҷикон бетафовут будед…
– Оре, аз ибтидо то охир мо бо намояндаҳои СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Хоруғ вохӯриҳои зиёд доштем. Илова бар ин мо мавқеъи худро чандин маротиба хаттиву шифоҳӣ баён карда будем ва ин ҳама аз он далолат медиҳанд, ки ҳеҷ гоҳ нисбат ба сулҳу музокирот бетараф набудем.
– Агар чунин бошад, мегуфтед, ки кадом тараф: ҷониби ҳукумат ё собиқ мухолифин ҳуқуқи бештар дорад, ки худро мубтакири раванди сулҳ гӯяд?
– Дар аввал нерӯҳои ИНОТ, агарчи он замон алоҳида фаъолият мекарданд, хоҳони ҷанг набуданд. Яъне шурӯъ аз оғози воқеоти Душанбе мо кӯшиш мекардем, ки мардум ба ҷанг кашида нашаванд ва минбаъд ҳам чунин як мавқеъ доштем. Бинобар ин мехоҳам таваҷҷӯҳи Шуморо ба як нукта ҷалб намоям: бубинед, ҳар гоҳе ки сухан дар бораи сулҳ меравад, ҳама дар бораи воқеоти баъд аз моҳи майи соли 1992 гап мезананд, ҳеҷ кас намегӯяд, ки пеш аз воқеоти моҳи май чӣ гап буд. Албатта, дар робита ба ташкил шудани гирдиҳамоиҳо, талаботи онҳо бисёр мегӯянд, аммо касе аз асли воқеа сухан намекунад.
– Пас, Шумо метавонед атрофи ин масаъала мушаххастар тамаркуз намоед?
– Албатта! Ҳар гоҳе сухан дар бораи Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ меравад, ҳама мегӯянд, ки Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ кореро анҷом дода натавонист. Вале бояд гуфт, то ба вуҷуд омадани Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ, замоне ки гирдиҳамоии майдони «Шаҳидон» идома дошт, он гирдиҳамоӣ на зидди президенти Тоҷикистон, балки бар зидди мавқеъи Сафаралӣ Кенҷаев буд. Мардум аз президенти ҳамонвақта Раҳмон Набиев хоҳиш мекарданд ва шахсан ман худам низ чандин маротиба хоҳиш кардам, ки лаҷоми Сафаралӣ Кенҷаевро доред, пеши роҳи муташанниҷ шудани вазъро гиред. Мо, баръакс ҷонибдори президент ҳастем. Ин хоҳишро аз президент дар ҳоле карда будам, ки аз ягон раҳбари ҳамонвақтаи мухолифин зидди президент сухане ҳам нашунида будам… Вале раиси Шӯрои Олии вақт вазъиятро куллан дигар кард. Аз аввал то охири гирдиҳамоиҳо агар Сафаралӣ Кенҷаев ақаллан як маротиба назди мардум баромада мегуфт, ки «ман ҳамон вақт дар телевизион нодуруст баромад кардам, мебахшед», ман боварӣ дорам, ки ҷараёни гирдиҳамоӣ дигар мешуд. Аммо Сафаралӣ Кенҷаев на он ки чунин накард, балки гуфт, «ман аз сари мансаб меравам, вале аз мардум узр намепурсам».
Шояд саволе пайдо шавад, ки мардуми Кӯлоб чӣ хел омад? Замоне ки гирдиҳамоиҳо дар майдони «Шаҳидон» шурӯъ шуданд, мардуми Кӯлоб дар «Озодӣ» набуданд. Вале вақте гирдиҳамоӣ дар «Шаҳидон» тамом шуд, мардуми Кӯлобро оварданд. Ин кор охири моҳи апрели соли 1992 сурат гирифт. Вақте «Озодӣ» лабрези одам буд, дар он майдон касе намонда буд. Чун вазъ ба ин ранг ҷараён гирифт, яъне вақте мардуми Кӯлобро оварданд, мо кӯшиш намудем, ки мардуми ин майдон ҳам проблемаашро ҳал карда, ба хона баргардад, то вазъиятро ногувор насозад. Аммо оҳиста-оҳиста мардуми ҳарду тарафро ба майдон кашиданд ва ҳарду майдонҳо боз аз мӯътаризин пур шуданд.
Бовар кунед, бо вуҷуди ногувории вазъи ҳамонвақта ман ҳарду майдон рафта меомадам. Ҳама маро мешинохтанд, касе на аз он тараф ва на аз ин тараф маро чизе намегуфт. Аммо кор ба дараҷае расид, ки тамоман вазъро дигар кард. Ба ибораи дигар дар майдони «Озодӣ» аксаран мардуми Кӯлоб буданд, аммо зимоми сухан дар ин майдон дар дасти дигарон буд.
Чун аз боби шурӯъи гирдиҳамоиҳо сухан меравад, наметавонам нуқтаеро аз матолиби матбуоти ҳозира хотирнишон насозам. Ба наздикӣ дар нашрияи «СССР» бо имзои Мулло Ҳайдар ва чанд нафари дигар муроҷиатномае зидди Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода мунташир шуда буд. Ҳамон вақт ҳам мардумро ҳамин хел фиреб мекарданд ва бар маҳзи ҳамин гуна фиребҳо мардуми Кӯлобро ба майдон оварда буданд. Ҳамин масъалаеро, ки имрӯз «СССР» матраҳ кардааст – «чашмакзании қозӣ», ёдам ҳаст, ки Сангак Сафаров ҳам мақсади оманадашро бинобар ҳамин масъала шарҳ дода буд ва мегуфт, ки «ман барои чашмакзании Тӯраҷонзода омадаам». Бигзор, Тӯраҷонзода чашмак зада бошад, баъд чӣ? Аммо медонистам, ки ин ҳама воқеӣ набуданд.
– Ҳақиқат надоштани онро чӣ гуна шарҳ медиҳед?
– Ҳамон шабу рӯз ман бо ҷавонони кӯлобие ки дар Душанбе нуфуз доштанд, аз ҷумла бо Ёқуб Салимове ки қабл аз вохӯрӣ намешинохтамаш, вохӯрии махфӣ доштам ва ин вохӯрии мо бо хоҳиши Ҷумъа Бӯйдоқов (ёдаш ба хайр), ки дар он замон аксари ҷавонони шаҳри Душабе ӯро эҳтиром мекарданд, сурат гирифт.
Рӯзе Ҷумъа Бӯйдоқов гуфт, ки бояд бо ҷавонони кӯлобӣ вохӯрем, зеро авзоъ рӯ ба ташаннуҷ ниҳодааст, мабодо ки бадтар аз ин шавад, бинобар ин рафтем назди ҷавонони кӯлобӣ. Дар он вохӯрӣ шахсан Ёкуб Салимовро, ки бо ӯ дар ҳамон ҷо шинос шудам, пурсидам, ки мардуми дар майдон ҷамъомадаи Кӯлоб чӣ мехоҳад, гӯед, то мо ҳам аз шумо ҷонибдорӣ намоему мушкилиатон ҳал шавад ва мардуми ҳарду майдонҳо ба хонаҳояшон баргарданд. Баъд аз ин барои ман як муроҷиатнома доданд, ки аз 13 банд иборат буд. Муроҷиатномаро пурра хондам ва дидам, ки ҳеҷ як банди он ба манфиати мардуми Кӯлоб нест ва онҳоро низ огоҳ кардам, ки ҳатто банде аз ин пешниҳод ба фоидаи масокини Кӯлоб буда наметавонад. Дар чунин ҳол, онҳо гуфтанд, ки чӣ кор кунанд, хешу таборашон ба Душанбе омадаанд, маҷбуранд, ки аз онҳо ҳимоя кунанд. Гуфтам: онҳоро аз кӣ ҳимоя мекунед? Чӣ, мо одам нестем, ки ба сӯйи мардуми майдони «Озодӣ» ҳамла мекунем? Баръакс мо чора ҷуста истодаем, то мушкилии мардуми Кӯлоб ҳам ҳалли худро ёбад. Ва инчунин ҷавононро маслиҳат додам, ки агар чизе талаб карданиянд, он чизеро талаб кунанд, ки ба онҳо лозим аст. Чунин талабҳоро мо ҳам дастгирӣ мекардем, ба он хотир ки ҷанг нашавад.
Ахиран, онҳо ба фикри ман розӣ шуданд ва Ёқуб Салимов се пешниҳод кард, ки имрӯз дутои онҳо амалӣ гаштааст. ӯ гуфт: аввалан, мехоҳем, ки байни Кӯлобу Қӯрғонтеппа роҳи оҳан сохта шавад. Дуввум, роҳи Помир тавассути Кӯлоб кушода шавад ва саввум, Кӯлоб минтақаи озоди иқтисодӣ эълон гардад. Дар посух ба ӯ гуфтам: талаботе ки Шумо доред, ба дигар мардуми Тоҷикистон чӣ зарар доранд? Кӣ намехоҳад, ки вазъи зиндагии мардуми Кӯлоб беҳтар шавад? Агар пешниҳодҳои шумо чунинанд, марҳамат, пешниҳод кунед, мардум дастгирӣ кунанд, мо ҳам ба ҳукумат фишор меорем, то талаботи шумо қонеъ карда шавад…
Маҳз баъд аз ҳамин вохӯрӣ ҷониби сеюм пайдо шуд ва миёни ду майдон хайма зад. Ин гурӯҳи ҷавонони кӯлобӣ худ аз худ пайдо нашуда, балки бо маслиҳат рӯйи кор омада буд. Инчунин дар ин росто бояд афзуд, ки он вақт ҷавонҳои шаҳр новобаста аз куҷоӣ буданашон хеле муттаҳид буданд. Бар маҳзи муттаҳидии ҷавонон то тирамоҳи ҳамон сол вазъият дар шаҳр хуб буд, вале вақте президент Раҳмон Набиев мардумро силоҳ дод, хунрезӣ ва музокироти оппозитсиюну президенти вақт шурӯъ шуд. Ҳол он ки имрӯз ин ҳамаро на ҳар кас мегӯяд.
– Чун аз гирдиҳамоиҳо ва пешгирии ҷанг ёдовар шудед, мехостам ин нуқтаро зикр намоям, ки ба гуфтаи Сафаралӣ Кенҷаев, 28 апрели соли 1992 ҷиҳати гусел намудани гирдиҳамомадагони ҳарду майдон бо иштироки масъулини мақомоти қудратӣ, интизомӣ ва ҷониби оппозитсиюн, аз ҷумла Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ҷаласае доир гаштааст. Дар он ҷо мувофиқа ҳосил шуда, ки мардум бояд ҳарду майдонро тарк кунанд. Қозии вақт ба ин шарт розӣ шуда, гуфтааст, ки ба шарте мӯътаризини «Шаҳидон» майдонро тарк мекунанд, ки то субҳи дигар мардум «Озодӣ»-ро низ тарк намоянд. Вале Сафаралӣ Кенҷаев дигар ҷузъиёти масъаларо шарҳ намедиҳад, балки ба баррасии дигар масъала мепардозад. Дар ҳамин ҳол, аз Шумо пурсиданиям, ки ин гуфтаҳои С. Кенҷаев то куҷо асос доранд ё худ асли масъала ба ҳамин шева аст?
– Аввалан, бояд гуфт, аксарияти гуфтаҳо дар китобҳои Сафаралӣ Кенҷаев дурӯғанд, ба ҷуз он ки афроду ашхоси фавтида аккосӣ шуда. Худ қазоват кунед, ки он вақт мухолифин қувваи зиёд доштанд, қозӣ ҳам нуфузи зиёд дошт, аммо кореро бидуни ҳамоҳангӣ бо оппозитсиюн намекард. Ва гузашта аз ин аз вохӯрие ки Сафаралӣ Кенҷаев гуфтааст, ман хабар надорам.
Дуруст, ки мо дар нимаи аввали моҳи май дар бӯстонсарои ҳукуматӣ баҳри ба эътидол овардани вазъи кишвар бо роҳбарияти ҳукумат вохӯриҳо доштем. Аммо Сафаралӣ Кенҷаев дар ин вохӯриҳо ширкат накардааст. Модоме ки аз Сафаралӣ Кенҷаев иқтибос овардед, ман чизи дигареро мегӯям, ки дар ягон ҷо навишта нашудааст. Қабл аз гирдиҳамоии майдони «Озодӣ», замоне ки мардум дар майдони «Шаҳидон» таҷаммӯъ карда буданд, рӯзе Сафар Абдулло омада моро гуфт, ки Сафаралӣ Кенҷаев мехоҳад бо шумо вохӯрад, ҳол он ки мо чандин маротиба аз ӯ дархости вохӯрӣ карда будем, ба ин мақсад ки ӯро ҷиҳати нодуруст баромад карданаш тавассути телевизион фаҳмонем ва ӯ, агарчи узр пурсидан намехост, бояд худро ислоҳ мекард ва мегуфт, ки ӯро нодуруст фаҳмидаанд. Зеро дар ҷаласаи Шӯрои Олӣ, ки сабти онро ман гӯш кардам, Сафаралӣ Кенҷаев ҳамаи мардуми Тоҷикистонро таҳқир карда буд, вале вай даъвати моро намепазируфт.
Хуллас, чун Сафар Абдулло хоҳиши Сафаралӣ Кенҷаевро ба мо расонд, онро рад накардем. Мо, чор нафар, ман, Тоҳири Абдуҷаббор, Сафар Адулло ва фаромӯш кардаам, ки нафари чаҳорум кӣ буд, назди Сафаралӣ Кенҷаев рафтем. Дар утоқаш ӯ ҳамроҳи Ҷӯрабек Муродов нишаста буду баъдтар Нарзулло Дӯстов низ даромад. Бовар кунед, ҳамаи суханонеро, ки он ҷо С. Кенҷаев гуфт, шарм медорам, ки ин ҷо гӯям ва танҳо ҳаминро мегӯям, ки ӯ як мақсад дошт: бояд мо ӯро имкон медодем, то зидди президенти кишвар назди мардум баромад менамуд, зеро дар ҳамон вохӯрӣ гуфт, ки «бо Раҳмон Набиев компромат дорам». Ин мавқеъ ва суханони Сафаралӣ Кенҷаевро дар ҳоле мегӯям, ки ягона шоҳидам Худост, Тоҳири Абдуҷаббор вафот кардааст ва инчунин боварӣ надорам, ки Сафар Абдулло имрӯз ин гуфтаҳоро тасдиқ кунад.
Ба ҳар ҳол, мақсади Сафаралӣ Кенҷаев ин буд, ки митингро зидди президент равона кунаду худаш дар мансаб боқӣ монад. Вақте аз мақсадаш воқиф шудам, ӯро гуфтам, ки «чӣ мегӯед? Мардуми он ҷо зидди президент ҷамъ нашудаанд. Баръакс равед, мардумро гӯед, ки Шуморо нодуруст фаҳмидаанд ва онҳо пароканда шаванд. Агар не, шахсан ман Шуморо имконият намедиҳам, ки мардумро зидди президент шӯронед».
Дар чунин ҳол, Ҷӯрабек Муродов ҳам зориву илтимос кард, ки мо имконият диҳем, то Сафаралӣ Кенҷаев назди мӯътаризин баромада, сухан гӯяду дар вазифааш боқӣ монад. Вале ман дар хитоб ба Ҷӯрабек гуфтам, ки «ба мансаб тӯф кардаам, наход одам барои мансаб шуда, суханҳои пастеро гӯяд, ки ба гуфтанашон забон намегардад?». Аз ин лиҳоз, он чӣ Сафаралӣ Кенҷаев мегӯяд, ҳама дурӯғанд.
Тавре дар боло ёдовар шудам, бо ҷавонони кӯлобӣ мулоқоти махфӣ доштам. Дар он ҷо «чашмакзании қозӣ» ва ҳамчунин будан ё набудани ӯ дар мансаб матраҳ шуда буд. Ман гуфтам, ки Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ба касе маъқул ҳаст ё не, ин ба мо вобаста нест, балки ӯ як мақоми динист ва низ мардум интихобаш кардаанд. Бинобар ин беҳтарин роҳ ин аст, ки қозӣ бо Мулло Ҳайдар вохӯранд, то масъала ҳалли худро ёбад. Бачаҳои Кӯлоб чунин як гуфтугӯи ду рӯҳониро низ ташкил карданд, то вазъ муташанниҷ нашавад. Лекин он чизе ки Кенҷаев мегӯяд, дар робита ба аввалин таҷаммӯъ аст. Аввалин таҷаммӯъ тамом шуд, ҳама рафтанд.
-Ба фикри ман, иллат ин аст, ки таҷаммӯъи мӯътаризинро Сафаралӣ Кенҷаев пурра нагуфтааст…
– Кенҷаев дурӯғ мегӯяд. Аввалин маротибае ки мардум таҷаммӯъ карданд, майдонро тарк намуданд. Дар рӯзи охирини он назди Дӯстов даромада илтимос намудам, ки мошин ташкил кунем, то мададе барои мардуме ки ба хона баргашта истодаанд, расонида бошем. Ҳамин тавр ҳам шуд. Ҳатто тоза ва рӯбучин кардани майдони «Озодӣ»-ро низ ёд дорам. Аммо тахминан ду рӯз баъд боз мардум ба майдон омаданд. Дар чунин ҳол, ман бо баъзе ҷавонони ҳамдиёрам ҷанҷол ҳам кардам, ки мегуфтанд, «мардуми Кӯлоб боз омаданд, мо чӣ кор кунем?». Ман онҳоро гуфтам, ки «ҳеҷ гап не, як моҳ шумо нишастед, онҳо ҳам як моҳ нишаста мераванд».
– Гап дар ин ҷост, ки баъдан С. Кенҷаев масъаларо ба қатли ӯзбактаборон дар собиқ ноҳияи Ленин рабт медиҳад…
– Ин аллакай гирдиҳамоии дуввум, 5 майи соли 1992 рух дода буд. Дар робита ба ин масъала прокурори кулл дар соли 1992 Ҷӯраев дар «Азия – плюс» мақола навишт. Тибқи навиштаҳои ӯ, кушторро дар деҳаи Оли Совет КГБ ташкил кард. Аммо тавре ки ман иттилоъ дорам, он ҷо тоҷикҳо ҳам кушта шуданд, онҳое ки бо мошинҳо аз Кӯлоб ба Душанбе раҳсипор ва тоҷиконе ки дар дидбонгоҳ истода будаанд. Дар он ҷо як нафар ҷавони помирӣ низ кушта шуда буд.
Бубинед, Муродуллоҳ Шерализодаро низ дар он рӯзҳо дар дохили ҳавлии Шӯрои Олӣ куштанд. Он ҷо оппозитсия набуд, силоҳбадастони худи президенти вақт буданд. Вале ин ҳамаро ба сари мо заданд, дар ҳоле ки вазъ муташанниҷ шуда буд. 7 майи соли 1992 бошад, нафароне аз силоҳдорони он майдон ба хонаи полковники КАМ Нуралибеки Атобек, воқеъ дар бинои 9-ошёнаи қафои бинои КАМ кишвар рафта, ӯро парронда, ҳамсарашро ярадор намуданд. Барои чӣ ин воқеъаро ҳеҷ кас намегӯяд? Дар он рӯзҳо худи Кенҷаев раиси КАМ буд, пас барои чӣ дар бораи қатли зердасташ нанавиштааст? Бо ҳамаи эҳтиромот нисбати Муродуллоҳ Шерализода Нуралибек низ яке аз кормандони беҳтарини ин мақомот буд, ки барои кишвар хизмати зиёду арзандае карда ва бо ордену медалҳо мукофотонида шуда буд.
Бояд гуфт, мардуми Кӯлоб баъди майдоннишинӣ ба хона баргаштанӣ буданд, аммо дар чунин як ваъзи ноамн аз роҳ уфтодан сӯйи Кӯлоб метарсиданд. Ёд дорам, замоне ки дар бӯстонсарои Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъ музокирот доштем, Мулло Ҳайдар Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаро занг зада, хоҳиш кард, ки зери ҳифозати худ, на аз тариқи Орджоникидзеобод, балки аз дигар тариқ онҳоро ба Кӯлоб гусел кунем. Мулло Ҳайдар чанд маротиба чунин як хоҳиш кард. Ҳатто мегуфт, ки агар имкон бошад, бо воситаи чархбол онҳоро аз боло ҳифозат намоем, то тавонанд бидуни осеб ба Кӯлоб бирасанд. Дар чунин ҳол, мо чӣ кор кардем? Ҷавонони помириро илтимос намудем, ки масъулияти ҳифозати эшонро ба зимма бигиранд. Эшон хоҳиши моро сарфи назар накарданд ва бо вуҷуди махуф будани роҳ ин масъулиятро анҷом доданд. Бинобар ин имрӯз ҳам ононе ки хоҳони сулҳ набуданд, моро мегӯянд, ки барои чӣ мардуми Кӯлобро зимни баромадан аз Душанбе ҳифозат кардем. Лекин агар мо ин корро намекардем, он вақт чӣ ҳодиса рӯй медод?
Набояд фаромӯш кард, ки ҳамон шабу рӯз ҳам масъалаи халъи силоҳ матраҳ буд. Бародарони кӯлобӣ гуфтанд, роҳ пурхатар аст, наметавонанд дар Душанбе халъи силоҳ шаванд, бинобар ин онҳо баъди ба Кӯлоб расидан силоҳҳояшонро месупоранд. Мо ҳам розӣ шудем, мушкил набуд онҳоро фаҳмидан. Дар ҳақиқат, ҳамин гуна ҷараён буд вақти Кӯлоб рафтани онҳо, аммо ин ҷо боз ҳам ба миёни ду ҷониб даромаданду моро ҷанг андохтанд.
Вақте дар робита ба дахолати ҷониби саввум сухан меравад, овардани мисоли дигареро низ ҷоиз медонам, ки он ҳам бошад, музокироти Хоруғ аст. Дар музокироти Хоруғ баҳсҳо хеле шадид гузаштанд, вале муҳим он буд, ки бо ҳам ба мувофиқа расидем. Ҳатто устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Мулло Ҳайдар ҳамдигарро ба оғӯш гирифтанд. Худи Сангак Сафаров ҳам баъди баҳсҳои зиёд ба протокол имзо гузошт, аммо…
Ман намегӯям, онҳое ки дар Хоруғ буданд, ҷангро давом доданд, балки дигар гурӯҳҳое ин ҷо буданд, ки оромиро намехостанд. Ҳатто шунидам, ки аз ҷониби ҳукумат бархеро бинобар имзо кардани протоколи музокироти Хоруғ аз вазифа сабукдӯш низ кардаанд. Ба ин хотир боз мегӯям, ки китоби Сафаралӣ Кенҷаев дурӯғ аст. Ман ҳар се қисмати онро азёд медонам. Қаҳрамонҳои он ҳама ӯзбакистониянд, на он ки ӯзбакони Тоҷикистон. Дар ду китоби аввалааш пурра мухолифинро сиёҳ мекунад. Китоби сеюмашро ба муқобили Иҷлосияи Шӯрои Олӣ дар Хуҷанд, даъват накарданаш ва Ҳукумати ташкилнамудаи он вақт навиштааст. Яъне дар он аллакай роҳбарони Фронти халқии Кӯлоб ва ҳукуматро танқид мекунад. Ва сабаб ҳам маълум аст. ӯ мехост сарвари Тоҷикистон шавад, аммо дар иҷлосия ин имкониятро ба ӯ надоданд. Ман аз тамоми вазъияти он рӯзҳо огоҳам ва аз рӯйи инсоф бояд иқрор шуд, ки дар он даврони хеле барои кишвар вазнин ба вазифаи сарвари давлат интихоби Эмомалӣ Раҳмон дуруст буд. Ва ӯ ба хатарҳои зиёд нигоҳ накарда, баҳри кишвар корҳои зиёде кард. Агар Сафаралӣ Кенҷаев сарвари Тоҷикистон мешуд, фикр мекунам, кишвари азизамон ба қисматҳо тақсим шуда, дар харитаи дунё мондани он амри маҳол буд.
– Ҷаноби Атобеки Амирбек, агар ҷонибҳо ба мувофиқа расида буданд, пас, мушаххастар мегуфтед, киҳо «миёнаравӣ» карданд ва чӣ нақшҳое вориди «бозӣ» шуд, ки аҳду кӯмакҳои якдигар фаромӯш шуданд?
– Мардум ба Кӯлоб баргаштанд ва вазъ ҳам ором шуд. Вале ин ҷо Сафаралӣ Кенҷаев ва Нурулло Ҳувайдуллоев нақш бозиданд. Эшон Хуҷанд рафта, он ҷо иҷлосияи Шӯрои вакилони вилоятро гузарониданд ва вилояти Ленинободро мустақил эълон намуданд. Охир, ҳуҷҷатҳо доир ба ин ҳастанд, барои чӣ касе дар бораи онҳо сухан намегӯяд? Баъд аз ин онҳо медонистанду хатсайрҳои Хуҷанду Кӯлоб. Яъне эшон ба мардум орд мебарем гуфта, ба фикрам, силоҳ ҳам мебурданд. Бинобар ин ошкор мегӯям, ки нақши Сафаралӣ Кенҷаев дар афрӯхтани оташи ҷанг ба ҳаддест, ки дар дохили бинои Шӯрои Олӣ расми ӯ ва Тоҳири Абдуҷаббор насб ва зери акси аввалӣ «Катании тоҷик» ва зери дуввумӣ «хоини миллат» навишта шуда буд.
Сабаби дигар ин ки ба Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ касе ворид карда нашуд. Ин ҳукумат ягона коре ки кард, Сафаралӣ Кенҷаевро ба истеъфо фиристод, аммо Раҳмон Набиев ӯро раиси КАМ таъйин намуд. Ҳол он ки зимни шурӯъи воқеот дар ибтидои моҳи майи соли 1992 Сафаралӣ Кенҷаев ҳам раиси Шӯрои Олӣ буду ҳам раиси КАМ ва инчунин мехост, ки дар ҳарду вазифа боқӣ бимонад.
– Мутаассифона, ба ҳар роҳе ки буд, тавонистанд, ки моро ба ҷанг бикашанд ва бародар хуни бародарро бирезад, аммо меҳру муҳаббати моро нисбати якдигар аз байн бурда натавонистанд ва хушбахтона, бар маҳзи эҳсоси пораҳои тани як миллат будан боз тавонистем сари мизи музокирот нишинем. Шумо ки дар давраи 6-уми музокирот вориди ин раванд шудед, лутфан мегуфтед, ҳайатҳои он даври гуфтушунид чӣ гуна рӯҳия доштанд, дар ҳоле ки баъзеҳо аз адами эътимоду боварӣ дар давраҳои аввали музокирот ҳадс мезананд.
– Дар робита ба эътимоди тарафҳо бояд бигӯям, ки то охири музокиротҳо эътимод байни тарафҳо ба таври сад дарсад набуд, зеро ҷанг идома дошт, аз ҳарду тараф ҳам одамон кушта мешуданд. Гарчанде дар музокиротҳо баҳсҳои ҷиддӣ доир мегаштанд, ҷониби оппозитсиюн гумон мекард, ки эҳтимол ба шартҳои мо розӣ шаванд, аммо онҳоро иҷро накунанд. Баъдан, бештари пешниҳодҳое ки ҷониби мухолифин мекарданд, танҳо ба мухолифин дахл надоштанд. Масалан, масъалаи баргардонидани гурезаҳоро гирем. Оё ҳамаи гурезаҳо мухолифини ҳукумат буданд? Албатта, не. Шумо медонед, барои баргардонидани гурезаҳо дар музокирот чӣ қадар мабоҳиси шадиде мегузашт? Ҳамин буд, ки 13 март ё апрели соли 1997 дар робита ба ин масъала протокол ба имзо расид. Протоколи дигаре ки он ҷо мавриди баҳси ҷиддӣ қарор дошт, ин Протокол оид ба масъалаи низомӣ буд. Ва ҳамон вақт маълум буд, ин протокол камбудиҳои зиёд дорад ва бар маҳзи ҳамин аст, ки имрӯз он ҳама камбудиҳо ошкор гашта истодаанд.
– Масалан?
– Барои мисол, он низомиҳои мухолифине ки ба ҳукумат шомил мешуданд, бояд бо низомиҳои ҷониби ҳукумат ҳуқуқи баробар медоштанд ва бояд ҳама бо як чашм нигоҳ карда мешуданд. Лекин ҳозир чӣ? Собиқаи хидматии он низомиёни мухолифинро, ки ба нерӯҳои ҳукуматӣ интегратсия шуданд, аз соли 1998 – 1999 ҳисоб мекунанд, дар ҳоле ки собиқаи хидматии низомиҳои собиқ Фронти халқӣ аз соли 1992 ҳисоб карда мешавад. Аз ин лиҳоз, дар масъалаи нафақаву рутба ва дигар имтиёзоти вобаста ба собиқаи корӣ миёни ин ду фирқаи низомиён тафовут дида мешавад.
Дар музокироти Маскав (феврали соли1997), ки “Протокол доир ба масоили низомӣ” баҳс карда мешуд, ҳангоми танаффус роҷеъ ба ҳамин масъала ман бо Давлат Усмон баҳси сахт ҳам кардам. Ман гуфтам, ки дар протокол навиштан лозим аст, ки собиқаи хизматии низомиёни мухолифин низ аз соли 1992 ҳисоб карда шавад ва ин пешниҳоди қумандонҳои мухолифини Кӯҳистони Бадахшон аст, аммо бо ман дар баҳс шуданд ва ин масъала ҳалли худро наёфт. Бинобар ин ҳозир пурсед, мефаҳмед, ки як бохти аксарияти низомиёни интегратсияшуда дар ҳамин нуқта буд; як қисми дигарашонро бинобар мувофиқ будани синну солашон ба истеъфо фиристоданду мабнӣ бар надоштани собиқаи корӣ ҳамчун корманди низомӣ нафақа намегиранд.
Гузашта аз ин дар сомонаи «Азиа- плюс» хондам, ки раиси шаҳри Душанбе ба муносибати 20-солагии иҷлосияи Хуҷанд ба иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватаниву интернатсионалистҳо ва асокири Фронти халқӣ баъзе имтиёзҳо пешниҳод кардааст. Чаро низомиёни мухолифинро ба ҳисоб нагирифтаанд? Ҳол он ки иҷлосияҳои 14 – уму 16 – умро дида будам. Иҷлосияи 14 – ум пур аз силоҳбадаст буд. Ин ҳам дар ҳолест, ки нисбат ба мо мегӯянд, зимни иҷлосияи 13 – ум оппозитсиюн нодуруст муроҷиат кард. Бале, ман инкор намекунам, он замон фишороварӣ буд, аммо худашон мардумро ба ин маҷбур карданд. Зеро аввалан, кори якрӯзаро ду моҳ кашол доданд, дуввум, вақте иҷлосияи 14 – ум ба кор шурӯъ кард, дар атрофи Шӯрои Олӣ аллакай автоматдорҳо буданд, дар ҳоле ки зимни иҷлосияи 13 – ум мухолифин яроқ надоштанд. Вақте ки иҷлосияи 16-ум шурӯъ шуд, дар баробари низомиёни Фронти халқию қумондонҳои оппозитсиюн спетснадзҳои Русия ва ӯзбакистон низ буданд. Ба ин хотир он иҷлосияро на вукало, балки дигарон гузарониданд.
– Мӯҳтарам Атобеки Амирбек, мехостам болои музокиротҳое ки Шумо иштирок доштед, бештар тамаркуз дошта бошем ва дар ин росто суоли навбатиям ин аст: аз ҳама давраҳои музокироте ки иштирок доштед, кадомеро авлавият қоил ҳастед ва онро тақдирсоз мешуморед?
-Албатта, дар ҳар як даври музокирот масъалаи тамдид кардани оташбас бардошта мешуд, вале муҳимтарин масъала дар музокироти Ашқобод ин табодули усаро ва зиндониён буд. Агарчи ин масъала сад дарсад ҳалли худро наёфт, аммо баъди ба муфовиқа расидан дар ин масъала тақрибан 50 – 60 фисади масъулияти ба зиммагирифтаамонро иҷро кардем. Барои ҳамин музокироти Ашқобод тақдирсоз буд. Чунки баъд аз он қисме аз асорат раҳо ёфту қисмати дигаре аз зиндон берун омад. Ғайр аз ин амали мазкур эътимоди ҷонибҳоро нисбат ба якдигар зиёд кард. Агар ҳамин кор намешуд, эътимод ба даст намеомад.
Ҳозир дуруст аст, ки мегӯем, 27 июн тақдирсоз буд, зеро дар ин рӯз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро имзо карданд? Не, он рӯз созишномаи тайёрро имзо карданд. Тавре шумо медонед, то имзо шудани он созишнома чандин протокол имзо шуда буд. Ҳатто баъзан кор ба дараҷае мерасид, ки ҷонибҳои музокиракунанда ҳалли масъаларо ёфта наметавонистанд. Пас ёфтани ҳалли муаммои мазкурро ба президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари ИНОТ устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ҳавола мекардем. Ва ин ду шахс ҳалли онро дар ҳақиқат меёфтанд ва барои ҳамин ҳам дар чунин санадҳои тақдирсоз имзоҳои онҳо ҳаст. Баъдан, бояд афзоям, ки ҳар як санади имзошудаву вохӯриҳои сарони ҷонибҳо то имзо шудани Созишномаи сулҳ тақдирсоз буданд.
– Ҳар гоҳе аз сулҳу тақдирсоз будани он, мавқеъу мақом ва мақсади ҷонибҳо сухан меравад, ҳатман суоле сар мезанад, ки то ҳол ҷавоби духӯра доштааст. Ин ҳам бошад, он аст, ки ҷониби ҳукумат мегӯяд, оппозитсиюн қудрат мехостанд, вале собиқ мухолифин ҳанӯз ҳамон вақти музокирот дар шахси Отахон Латифӣ ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода гуфта буданд, ки эшон хоҳони қудрат нестанд. Дар ташреҳи дурусти ин масъала Шумо чӣ мегӯед?
– Мо ҳеҷ гоҳ қудрат намехостем. Агар оппозитсиюн қудрат мехост, Ҳукумати Мусолиҳаи Миллӣ ташкил намекард, дар ҳоле ки шаҳри Душанбе пурра дар дасти мо буд. Бар замми ин бо назардошти он вазъи ҳукмрону имконияте ки буд, агар ин гуна мақсад медоштем, ҷанг карда, тамоми ҳукуматро мегирифтем, вале боз мегӯям, ки чунин мақсад надоштем. Шурӯъ аз ҳамон замон то ҳозир ҳама изҳоротҳои мухолифин дар соли 1992 ва минбаъдаи «Лаъли Бадахшон», ИНОТ ва СММ-ро дар даст дорам, ки дар ҳеҷ яке аз онҳо ба маънии гирифтани ҳукумат чизе нест. Мо чунин як эътимод доштем, ки баъди иҷлосияи Хуҷанд дар шаҳри Душанбе ва кишвари азизамон оромӣ барқарор мегардад. Бинобар ин шахсан худи ман аз Хуҷанд ба Душанбе баргашта, то охири моҳи декабр Душанберо тарк накардам, зеро ба ин бовар будам, ки ҳама ҷо ба ҷо мешаванду оромӣ барқарор мешавад. Вале мутаассифона, чунин нашуд…
Гузашта аз ин ҳама ҳанӯз аз ибтидои ҷанг мухолифин як талаб доштанд ва он ҳам ин буд, ки ё пеши роҳи ҷанг гирифта шавад ё иҷлосияи Хуҷандро эътироф намекунем, зеро иҷлосияи Ҳуҷанд зери фишор гузаштааст.
– Вақте масъалаи қудрат ба миён омад, тақсимоти мандати вазифаҳо ба ёдам расид, ки аз ин ҳисоб ҷониби оппозитсиюн 30 фисадро соҳиб шуда буд ва он бештар бо номи «ҳукумати 30-фоиза» маъруф аст. Дар аввал талаби мухолифин бештар аз 30 фоиз буд, аммо ахиран, чаро мухолифин бо гирифтани 30 дарсад имтиёз қаноат карданд?
– Дар давраҳои музокирот ҳар як гузаште ки шуд, он ҳам аз ҷониби мухолифин буд. Масалан, зимни ташкили КОМ ҳам мо чунин як гузашт кардем, ҳол он ки намояндагони мо ба ин комиссиюн бояд зиёдтар ворид мешуданд. Ҷиҳати ин масъала мабоҳиси зиёде доир гаштанд, аммо чун масъаларо ҳал карда натавонистанд, охируламр мо гузашт намудем, зеро мо мехостем, ки ҳарчи зудтар сулҳ дар кишвар пойдор гардад.
Бояд бигӯям, то он замоне ки шомили музокирот шудам, дар Хоруғ бо намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон ва СММ чандин музокирот доштам ва маро даъват мекарданд, ки Душанбе оям ва ҳар он мансаберо, ки мехоҳам, бароям медиҳанд, аммо ман мегуфтам, ки ба ҷуз барқарор кардани оромӣ ва баргардонидани гурезаҳо ба чизи дигаре ниёз надорам.
– Бо вуҷуди он ки мухолифон гузашт карданд ва ба гирифтани 30%-и мандатҳо иктифо намуданд, ҳукумат ба аҳди худ содиқ монд, ба ин маънӣ ки ҳамон 30% – и ваъдашударо ба мухолифин дод?
– Дар робита ба ин масъала дар музокирот мувофиқа шуда буд, ки дар кулли идорот ин меъёр ба назар гирифта мешавад, аммо вақте дар КОМ боз ҳам сари ин масъала баҳс сурат гирифт, ҷониби ҳукумат гуфт, ки додани мандат танҳо ба вазоратҳову кумитаҳо рабт дорад, дигар сохторҳо ба ин дохил намешаванд. Мухолифин ба ин ҳам гузашт карданд, ҳол он ки мо «ҳукумати 30-фоиза»-ро ҳам дар сохторҳои болоӣ ва ҳам дар поёнӣ интизор будем.
Чизи дигареро низ ин ҷо бояд гӯям, ки дар ин маврид маҳалгароӣ ҳам дар дохили мухолифин нақш бозид, аз ҷумла афроде ки ба оппозитсия қаробате ҳам надоштанд, аз ҷониби мухолифин вориди ҳукумат шуданд. Барои созмони мо бошад, танҳо як ҷо доданд: Мурғобе ки қирғизнишин аст ва нафари дигареро аз ҳисоби ҲНИТ раиси ноҳияи Ишкошим таъйин карданд. Инчунин «Лаъли Бадахшон» ба Кумитаи амволи ҳарбӣ як нафарро пешниҳод кард, ки ӯро қабул карданд, дигар «Лаъли Бадахшон» каси дигаре дар ҳукумат надошт. Оне ки маро баъди фаъолияти КОМ ҷонишини раиси ВМКБ таъйин карданд, бо назардошти «ҳукумати 30-фоиза» набуд. Бояд рӯирост гуфт, ки маро президенти кишвар ба он ҷо фиристонд, гарчанде роҳбари вақти вилоят бо ин ҳеҷ розӣ набуд.
– Дар баробари ин гуна гузаштҳои оппозитсиюн метавонед аз чунин гузаштҳои ҳукумат дар қиболи мухолифин ёдовар шавед, ки воқеан, онҳо раднопазир бошанд?
– Ҳама вақт бо назардошти ҳамон ҳукумати ба истилоҳ 30 – фоиза мегӯянд, ин ҷониб буд, ки шуморо шомили ҳукумат кард, ҳол он ки кадом ҳукумат 30 фоизашро ба мухолифин додааст?
– Пас, ҳамин аст гузашти ҷониби ҳукумат?
– Бале, ҳаминро мегӯянд.
-Агар ҷониби ҳукумат чунин як гузашт намекард, мухолифин метавонистанд сулҳ накунанд?
– Ростӣ, агар ҷанг идома пайдо мекард, кишвари мо бадтар аз Афғонистон мешуд, ки мо аллакай инро ҳис карда будем, вагарна атрофи шаҳрро нерӯҳои оппозитсиюн гирифта буданд.
Вақте мухолифин ба он тараф рафтанд ва ҳоли Афғонистонро диданд, ҳамеша коре мекарданд, ки Тоҷикистон мисли Афғонистон нашавад, гарчанде баъзеҳо устод Сайид Абдуллоҳи Нуриро мегуфтанд, ки «бояд сулҳ намекардеду мо ҷангро идома медодем». Аммо идомаи ҷанг ба фоидаи миллату кишвар набуд, чунки дар ин ҷанг хориҷиҳо бо мо бозӣ карданд. Бинобар ин агар он идома пайдо мекард, Тоҷикистон бадтар аз Афғонистон мешуд. Хуб, ки афғонҳо ҳам манфиатҳои миллиашонро дарк кардаанду ҳама якҷоя зидди Амрико ҳастанд, аммо дар мо, тоҷикон ин хусусият мушоҳида намешавад.
– Ба ҳар ҳол, беҳтарин тӯҳфае ки ҷонибҳо барои миллату Ватан карданд, сулҳ буд ва рӯзи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро ҳамасола ҳамчун Рӯзи ваҳдат ҷашн мегирем. Лутфан бигӯед, ки сулҳу ваҳдати имрӯзаи тоҷиконро чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
– Худоро шукр, ки сулҳ ҳаст, вале ваҳдати миллӣ надорем. Чаро? Зеро ҳатто ҳамон ҷашни ваҳдат ҳам мислест, ки бозӣ бошад. Ин ҷо ман гуфтанӣ нестам, ки маро ба ҷашн даъват намекунанд, балки ҳатто аксари ҳамон афродеро, ки аз ҷониби худи ҳукумат дар музокирот ширкат мекарданд, даъват наменамоянд.
– Дар чунин ҳол, чӣ кор бояд кард?
– Якдигарро бояд эҳтиром намоем. Тавре гуфтам, маҳалгароӣ ба ҳадде миёни мо реша давонидааст, ки то деҳот расидаем. Чӣ, боз ҳам ҳамдигарро кӯча ба кӯча ҷудо кунем? Бинобар ин ҳар як чорабиние ки мешавад, новобаста ба тараф бояд ҳама он ҷо иштирок кунанд.
Ҳамзамон бояд афзуд, ки КОМ кори таърихиеро анҷом дод. Меҳмонхонаи Вахш қароргоҳи он буд. Дар бинои Вахш навишта шудааст, ки солҳои ҷанг меҳмонхона беморхонаи ҳарбӣ будааст. Дуруст, ки он беморхона будааст. Аммо мутаассифона, аз он ки меҳмонхонаи мазкур тӯли се сол мақари КОМ буду аъзои комиссия барои миллат хидмат карданд, чизе навишта нашудааст, ҳол он ки баъзе аз аъзои КОМ, назири Отахон Латифӣ ва баъдтар Ҳабибуллоҳ Сангинов кушта шуданд. Ё худ аз ҷониби ҳукумат Тағой Раҳмоновро гирем, ки вафот кардааст. ӯ, воқеан, шахси идеалӣ буд, тамоми ҷо, ҳатто ҷойҳои ба ҷонаш хатардошта ҳам мерафт танҳо ба он хотир, ки оромӣ пойдор гардад. Ва албатта, устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки Раиси КОМ буданд ва баҳри барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар хизмати зиёде карданд ва имрӯз дар байни мо нест. Пас, дар ҳоле аз ин шахсиятҳо ёде ҳам карда намешавад, чӣ гуна ваҳдати миллист? Бинобар ин ба фикри ман, агар 27 июнро на Рӯзи ваҳдати миллӣ, балки Рӯзи сулҳ мегуфтем, дурусттар мешуд. Аммо, беҳтараш бояд ҳамаи мо тоҷикистониҳо ва пеш аз ҳама тоҷикон, аз хизматчиёни ҳукуматӣ сар карда, то ҳама аз маҳалгароӣ даст кашида, тамоми саъю кӯшиши хешро баҳри ягонагию ваҳдати комили миллӣ, якпорчагии кишвар, рушди ҳаматарафаи он равона намоем. Фаҳмишу эҳтироми миллати тоҷик бояд барои мо аз фаҳмишу эҳтироми маҳа&