Барак Обама, раисҷумҳури Амрико аз интихоботи муваффақиятомези Украина ситоиш ва Русияро низ ба пешгирӣ аз мушорикоти мардум дар шарқ дар ин интихоботи Украина муттаҳам кард.
Ба гузориши хабаргузории “Фаронса”, Обама дар баёнияе гуфт, ки ман аз тарафи мардуми Амрико ба мардуми Украина барои баргузории ин интихоботи муваффақиятомези парлумонӣ табрик мегӯям.
Вай афзуд, ки интихоботи рӯзи гузашта як нуқтаи беҳтарин ва муҳим дар таҳаввули демократияи Украина аст. Ҳамчунин вай иброз дошт, ки мо интизори ташкили парлумони нав ва ташкили як давлати қавӣ ва фарогир ҳастем.
Тибқи хабаргузорӣ, нозирони Созмони амнияти ҳамкории Аврупо гуфтаанд, ки интихоботи Украина дар шароите пурчолиш баргузор шуд, аммо то ҳадди зиёде шароити демократиро дошт.