Имрузҳо, ки фасли гармост, мардум аз гӯшаву канори кишвар барои истироҳату табобат рӯ ба осоишгоҳҳо меоранд. Албатта, нафарони доро бо ҳар қимате бошад ҳам, роҳхат (путевка)-и осоишгоҳҳои Сочӣ, Налчик, Есентуки, ҳатто Анталиёи Туркиёро ҷуёанд.
Аммо мардуми камбизоъат, ба хотири шифо ёфтан ва арзон будан, ба осишгоҳҳои дохили кишвар муроҷеъ мешаванд. Масалан, ҳамаи ин гурӯҳ аз мардумон бо сабаби каме гаронӣ доштани табобат дар осоишгоҳҳои “Хоҷа оби гарм” ё “Зумрад”-и кишвар ҳам рӯ ба ин ҷойҳо намеоранд. Ин идда аз мардумон, ки аксари кулли ҷомеъаи заҳматкаши кишварро ташкил медиҳанд, дар ин мавсими гармо рӯ меоранд ба дигар гӯшаву канори ҷумҳурӣ, ба хотири камарзиш будани осоишгоҳҳои ин манотиқ, аз ҷумла ба деҳоти «Андигон»-и ноҳия Ваҳдат.
Бале, осоишгоҳи “Оби шифо”-и ноҳияи Ваҳдат, яке аз осоишгоҳҳои назарногири кишвар ба шумор меравад. Банда, зимни сафар ба ин осоишгоҳ бо мардуми зиёде ҳамсуҳбат шудам, ки ҳама аз омадани худ ба ин ҷо ба дарди худ шифо ёфтаанд. Қарахон Гулматов ҳамроҳ бо ҳамсараш, апаи Холмомо, сокинони ноҳияи Ёвон аз бемории тарбод шикоят намуда гуфтанд: Ду-се сол қабл ба ин ҷо омаданду шифо ёфтанд ва ба парвариши сабзавоту пахта дар заминҳои намнок шуғл меварзанд. Ҳоло ҳамин беморӣ аз нав хуруҷ кардан дорад, ки боиси бори дигар рӯ овардани онҳо ба ҳамин осоишгоҳ гаштааст. «Фикр мекунем барои мо баринҳо маҳз ҳамин осоишгоҳ беҳтарин аст. Истифода бурдан аз ҳавзи умумӣ барои як нафар 5 сомонӣ ва дар алоҳидагӣ 10 сомонист», мегӯянд сокинони ёвонӣ.
Ҳасан Анаев, истиқоматкунандаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомист. Ӯ иброз дошт, ки ҳарду зону ва буғумҳои пояш дард мекунанд. Сешабонарӯз аст, ки инҷост ва дар меҳмонхонаи осоишгоҳ ба сар мебарад. Қимати якшабонарӯзро 20 сомонӣ мегӯяд ва чанд маротиба аз об истифода бурдааст. Дар ҳоли ҳозир дарди зонуяш нест шуда, ҳатто дарди буғумҳоро низ эҳсос намекунад.
Шоим Буриев, аз ноҳияи Хуросон ҳам ду сол қабл ба «Оби шифо» омада, ки дарди пойҳояш рафъ шудаанд. Акнун 3 рӯз боз барои миёнаш табобат мегирад ва дар меҳмонхонаи осоишгоҳ ҳузӯр дорад. Аз хӯрокҳои арзони ошхона истифода мебарад, барои мисол як дона манту 1 сомонӣ, лағмон 7 сомонӣ, хомшурбо 10 сомонӣ арзиш доранд.
Файзуллоҳ Пирназаров аз ноҳияи Файзобод, омӯзгори фанни риёзиёти яке аз мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ҳамин ноҳия мегуяд: Ман ҳамеша аз «Оби шифо» истифода мекунам, чун буғумдарду шукуфа дорам. Сӯбҳ меоям ва баъд аз шом меравам ба хона. Саломатиам баъд аз истифодаи ин об хуб шудааст ва ҳоло ба хона бар мегардам. Хизматрасонӣ хеле хуб аст, бахусус маҳсгарони ботаҷриба рӯӣ коранд ва аз ӯҳдаи вазифаи худ ба хубӣ мебароянд.
Дар назди дарахте як нафарм низомипуш худро корманди «инспексияи нақлиёт» муъарифӣ намуд, вале аз ибрози ному насабаш худдорӣ карда, дағалона гуфт: Корманди давлатиам, дар шаҳр бавоя расидаам, кори ту ба ман набошад, ки барои чӣ ба ин ҷо омадаам, фаҳмидӣ?!
Ду ҷавони дигар аз нақлиёти гаронқиммате берун шуда, аз банда суол карданд: «Братан пансионаташ ҳамин аст»? Гуфтам, оре.
Ӯ ба нафари ҳамроҳаш гуфт: – Ту мара ба ҷои «дишёвӣ» овардӣ, тез аз инҷа рафтем, шарманда.
Аҳрор Мирзораҳимов, духтури оилавии осоишгоҳ мегӯяд: Мизоҷон баъди табобат аз беморхона бо варақаи хос ба осоишгоҳ меоянд. «Оби шифо»-и мо ба бемориҳои тарбод, буғумдард, миёндард, бемории «шоҳона» (аз истеъмоли зиёди гушт ба вуҷуд меомадааст), лоғаршавии сутунмуҳра, шамолхурии торҳои асаб, фишорбаландии дараҷаи 1, шамолхурии мушакҳои дил, асабоният (невроз), бемориҳои занона, простатит, безурётӣ, намаки гурда (то 09 милиграмро мерезонад), бемориҳои пуст, шукуфа ва ғайра шифо мебахшад. Инчунин беморони зиёд аз хизматрасонии маҳсгарони осоишгоҳ истифода ва баҳраманд мегарданд. То имрӯз нафаре аз истифодаи «оби шифо» шикоят накардааст.
Дар охир бо раиси осоишгоҳи «оби шифо», Қувват Қаландаров ҳамсуҳбат шудем. Ишон ҳамчун як марди оддиву хоксор намехост, ки хидматҳои анҷомдодаашро ба таърифу тавсиф бикашад. Танҳо ҳаминро зикр кард, ки ҳар кореро анҷом додааст, ба хотири расонидани манфиъат ба мардум аст. Чун инсон ба дунё меояду меравад, вале кору амали накӯ дар ёдҳо мемонад. Ҳар коре кардаи хешро ба хотири Худо медонам ва ҳар яки онро танҳо Худо медонад. Чун шифо дар ихтиёри ин Зоти Пок аст.
Барои ҳамин мехоҳам бигуям, ки Аллоҳ таборак ба таъоло барои ҳамаи беморони дунё шифо бахшад.
Раҳматуллоҳи Раҷаб