Хушнуд Исомиддинов чанд рӯз боз дар бистари беморӣ дар беморхонаи вилоятии шаҳри Хуҷанд қарор дорад.
Тарве аз гузоришҳо маълум мегардад, 25 апрел, тахминан соъати 6 чаҳор нафар кормандони комисариати ҳарбӣ ба хонаи иҷорагирифтаи ӯ дар шаҳри Хуҷанд зада даромада, талош кардаанд, ки ӯро маҷбуран ба комиссариат баранд. «Меҳмонҳо» изҳор доштаанд, ки ӯро «барои амалҳои хулигании дар маҳалла доиршуда бозпурсӣ намоянд». Аммо вақте Хушнуд мефаҳмад, ки дар ин барвақтӣ танҳо намояндагони комисариати ҳарбӣ барои маҷбуран бурдани ҷавонон ба сафи артиш «ташриф» меоранд, тасмим мегирад, ки бояд аз онҳо гурехт. Аз тариқи тиреза мехоҳад ба балкони ҳамсоя фарояд, вале тири оҳанини паҳлӯи тиреза мешиеканаду ӯ аз ошёнаи чаҳорум ба замин меафтад.
«Баъди афтидан ҳам тавонистам бархезам ва маҷбуран маро ба комиссариат бурданду ду соъати дигар он ҷо нигоҳ доштанд. Аммо аз дарди сахт худро дошта натавонистаму ба замин хоб рафтам. Ҳушам кайҳо рафта будааст ва танҳо баъди ташхиси табиб онҳо ноилоҷ ёрии таъҷилӣ даъват кардаанд», гуфтааст Хушнуди маъюб.
Хушнуд ба ин бовар аст, ки кормандони ин ниҳод хилофи қонун амал карда, ӯро бо ҳарфҳои қабеҳ дашном додаанд, ҳатто «таҳдиди футбол кардан дар ҳолати хобиданаш дар замин кардаанд, ҷаҳли онҳо дар заминаи он буда, ки ба хизмати аскарӣ намеравам».
Дар ҳамин ҳол, Нозимҷон Шомаҳмадов, намояндаи комиссариати мазкур гуфтааст, ки дар ин маврид чизе шунидааст, вале маълумоти комил надорад ва ин корро прократура тафшоти мебарад, на комиссариат.
Исмоилхон Ашуров, табиби Хушнуд иттилоъ дода, ки захму зарбе, ки ба бемори ӯ расонида шуда, ҳадди ақал бояд чор моҳ табобат бубинад ва ӯ феълан бо «зарби дарунии косахонаи сару мағз ва ду қабурғаи шикаста» бистарӣ дар беморхона аст.
Хушнуд Исомиддинов истиқоматкунандаи ҷамоъати Понғози ноҳияи Ашт буда, ду сол қабл Коллеҷи омӯзгориро хатм карда, рӯзе ки мавриди ҳамлаи кормандони комиссариати Хуҷанд қарор мегирад, дар хонаи иҷорагирифтааш дар Хуҷанд барои супоридани имтиҳонот омодагӣ мегирифтааст.
Модари Хушнуд Адолат Исомиддинова, муаллимаи мактаб гуфтааст, ки писари дувумаш баъди фавти падар дар муҳоҷират буда, барои чархонидани зиндагии онҳо маблағе интиқол медиҳад. Ӯ гуфтааст: бовар дорам, ки писарам ба ин ҳол мувоҷҷеҳ намешуд, агар онҳо бо зӯр не, балки бо майли нек меомаданду мефаҳмониданд ва даъватномаро нишон медоданд. Акнун писарам маъюб шудааст, бигузор, тибқи қонун, ҷавоб диҳанд.
Хонум Исомиддинова гуфта, ки қаблан унвонии президент ба хотири вазъияти бади иҷтимоъӣ-иқтисодӣ ва озод кардани фарзандаш аз хидмати аскарӣ мактуб ирсол дошта будааст. Дар ҳамон рӯзи «облава»-и фарзанд, посухе дар ин маврид дарёфт кардаву мақомоти ҳукумати маҳҳалӣ ба омӯхтани масъала оғоз карда будаанд.
Дар воқеъ, мушкилоти даъвати маҷбурии ҷавонон ба артиш дар ВАО мавриди накӯҳиши ҷиддӣ қарор дорад ва бори аввал аст, ки ҷаноби Э. Раҳмон ҳам ҷиҳати мавҷудияти ин мушкилот изҳори назар карда, таҷрибаи «облава»-ро маҳкум менамояд.
Categories
ҶОМЕА