Имрӯз, 3-юми ноябри соли 2013 яке аз донишҷӯёне, ки дар барномаи “Президенти ман” ширкат карданд, гуфт, ки масъулини донишгоҳ онҳоро дар хиёбон сабти “ҳузуру ғиёб” карданд.
Яке аз донишҷӯёни макотиби олии кишвар, ки нахост номаш ифшо шавад, ба сомона Наҳзат гуфт, ки масъулони донишгоҳе, ки дар он дарс мехонад, ба тамоми донишҷӯён дастур доданд, ки дар барномаи “Президенти ман” ҳатман ширкат кунанд.
Ин донишҷӯ афзуд: “Ҳузуру ғиёб” ба шакли дидор буд, яъне худи ӯ назди декани факултааш рафта, ҳузури худро дар барнома собит кардааст ва масъулин ва омузгорони донишгоҳ назорат мекарданд, ки кадоме аз донишҷӯён ҳозир асту ва кадомаш не.”
Ӯ мегӯяд, ки масъулини донишгоҳ барои ширкат дар ин барнома аз як тараф роҳҳои ҳавасмандкунӣ мисли баргузории консертро ташвиқ мекарданд ва аз тарафи дигар аз аҳруми фишор, монанди сабти “ҳузуру ғиёб” низ истифода карданд.
Барномаи “Президенти ман” бо ташаббуси “Созандагони Ватан”, шохаи ҷавонони ҲХДТ бо роҳпаймоиҳо ва баргузории маъракаҳое, ки иборат аз консерт ва суханронӣ будааст, барои таблиғи номзади ин ҳизб ҷаноби Раҳмон дар марказ ва минтақаҳо баргузор гардид. Дар дасти ширкаткунандагон овезаҳое, ки дар онҳо, аз ҷумла навишта шудааст: “Интихоби пойтахт – Эмомалӣ Раҳмон”, “Эмомалӣ Раҳмон – пешвои муаззами миллат!” ва ғайра дар васфи ҷаноби Раҳмон ва ҳамчунин аксҳои калони Раҳмон ва байрақҳои Тоҷикистон дида мешуд.
Дар маркази Душанбе ададе аз ҷавонони “довталаб”, ки аксарашон толибилмон буданд, дар майдони Наврӯзгоҳ таҷаммуъ карданд ва дар ин барнома консерти овозхонони кишвар ва суханронӣ, аз ҷумла суханронии шаҳрдории Душанбе, Муҳаммадсаид Убайдуллоев сурат гирифт.
Ба назари коршиносон, яке аз ҷолибтарин вижагии барномаи “Президенти ман” ин баргузории роҳпаймоиҳои садҳо тан дар хиёбонҳо мебошад, ки бо шунидани роҳпаймоӣ ва ё тазоҳурот ҳукуматро, ба гуфтае, “тавларза” мегирифт.
Суоли матраҳ ин аст: Оё ҳукумат дар оянда омодааст, ки барои дигарон ҳам иҷозаи чунин роҳпаймоиро бидиҳад?
Манбаъ: Сомонаи Наҳзат