Густариши ҳамкориҳои амниятии Чину Тоҷикистон

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, сафири Чин дар Душанбе ва Рамазон Раҳимов, вазири кишвари Тоҷикистон дар дидоре, ки имрӯз сешанбе анҷом шуд, бо таваҷҷӯҳ ба паёмадҳои хуруҷи неруҳои хориҷӣ аз Афғонистон дар соли 2014, ояндаи вазъияти минтақаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Масоили марбут ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар мубориза бо ҷурму ҷиноят, терроризм ва ифротгароӣ, ҳамчунин омодагӣ барои муқобила ба таҳдидҳои эҳтимолӣ пас аз хуруҷи неруҳои НАТО аз Афғонистон дар меҳвари музокирот бо сафири Чин буд.

Тарафайн дар ин ҷаласа ҳамчунин дар мавриди пешнависии барномае барои тақвияти ҳамкории байни вазорати амнияти умумии Чин ва вазорати кишвари Тоҷкистон дар соли 2013 ба тавофуқ расиданд.

Ҳамчунин дар ин ҷаласа Беъён Шиёу Тисиро ба унвони намояндаи расмии вазорати умумӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ кард.

Бо назари коршиносон, Тоҷикистон бо доштани 1300 километр марзи муштарак бо Афғонистон ва бо таваҷҷуҳ ба хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз Афғонистон дар маърази хатари қочоқи маводи мухаддир ва нуфузи терроризм мебошад.

More From Author

You May Also Like