Categories Uncategorized

Одоби рӯзи Ид

Хувайдои Абдуллоҳ

Дини Ислом пеш аз ҳама миёни дигар динҳо ва гурӯҳҳо бо хусусиёте аз онҳо фарқ мегузорад, ки айни замон бартарии ин динро дар баробари онҳо муайян мекунад. Аз ҷумла яке аз он хусусиёт он аст, ки инсони мусалмон бояд дорои ахлоқу рафтори накӯ бошад. Ғайр аз ин ҳар маросим ва ҷашнҳое, ки дар Ислом мавриди баррасӣ қарор мегиранд, онҳо аз доштани одобу анҷоми амалҳои нек дар он рӯз холӣ нестанд.

Ҳамзамон чун дар арафаи фарорасии Иди Фитр қарор дорем, бояд гуфт, ки ин рӯз низ дар худ одоб ва анҷоми амалҳоеро дорад, ки барои ҳар мусалмон хуб аст, ки онро нодида нагирад. Чунки дар дини Ислом ду иди бузург ҷашн гирифта мешавад ва ҳар амали нек дар ин ду рӯз аз беҳтарин ибодатҳо ба шумор мераванд. Ин дар ҳолест, дигар динҳо ва гурӯҳҳо низ дар дунё дорои ид ва маросимҳо ҳастанд, ки куллан дар одоб аз ҷашнҳои иди мусалмонӣ фарқ мегузоранд.

Ҳатто дар даврони ҷоҳилӣ низ бархе аз идҳо ҷашн гирифта мешуд, ки бо омадани дини Ислом онҳо бекор карда шуданд. Аз ҷумла Ҳазрати Анас (р) мефармояд, ки Паёмбар (с) ба Мадина ташриф оварданд ва аҳли Мадина барои худ ду рӯз доштанд, ки ҳар сол дар он ду рӯз хушӣ ва саргармӣ мекарданд. Паёмбар (с) аз эшон пурсид, ки ин ду рӯз чи рӯзҳоест? Гуфтанд, ки мо аз даврони ҷоҳилият дар ин ду рӯз бозӣ ва саргармӣ мекардем. Фармуд, Худованд барои шумо дар ивази ин ду рӯз, ду рӯзи дигар , ки беҳтаранд, қарор додааст. Онҳо: рӯзи иди Азҳо, ва иди Фитр мебошанд.

Вале бузургон идҳои мусалмонро се рӯз медонанд. Ду рӯзаш рӯзҳои ид, вале сеюмаш рӯзи ҷумъаро, ки дар ҳар ҳафта гузошта мешавад эълом кардаанд. Ҳар як аз ин идҳо баъд аз адои тоъату ибодатҳо ва меҳнатҳо дар роҳи Худо ҷашн гирифта мешаванд. Барои мисол Иди Фитр пас аз як моҳи рӯзадорӣ ҷашн гирифта мешавад, ки дар ин моҳ инсон худро пурра ба Худованд ва итоъати ӯ месупорад ва ҳамеша машғул ба ибодат мебошад. Иди Азҳо низ дар поёни даҳаи зулҳиҷҷа меояд, ки он рӯзҳое пурхайр ва пурбаракате мебошанд, ки забҳу қурбониҳо дар роҳи ба анҷом мерасад. Рӯзи ҷумъа, ки иди ҳафта аст, баъд аз як ҳафтаи масруф будан дар тоъату ибодат баррасӣ мешавад.

Рӯзи ид рӯзи хушӣ ва хушбахтист, рӯзи оштӣ ва силлаи раҳм аст, рӯзи меҳру муҳаббат аст, рӯзи раҳму шафқат бар фақирон ва рӯзи шукр сипосгузорӣ бар неъмати Худованд аст, рӯзи хурдану ошомидан ва зикри Худованд аст. Лозим ба ёдоварист, ки дар ин рӯз рӯза доштан мумкин нест. Ҳазрати Абусаъиди Худрӣ (р) ривоят мекунад, ки Паёмбар (с) аз рӯза гирифтан дар ду рӯз манъ кардаанд. Рӯзи иди Фитр ва рӯзи қурбонӣ.

Амалҳое, ки рӯзи ид бояд анҷом ёбанд:

Пеш аз ҳама дар ин рӯз инсон аз ғуруби офтоби охирини рӯзи Рамазон то шурӯъ дар намози иди Фитр. Тавре саҳобаи киром ва тобеъину тамоми мусалмонон то имрӯз ин шаъираи бузургро барпо доштаанд, ки тарзи гуфтани он чунин аст: (Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар, ло илоҳа Иллаллоҳу Аллоҳу акбар, Аллоҳу акбар ва лиллоҳил ҳамд). Мардҳо овози худро бо хондани он баланд мекунанд, аммо занҳо овози худро назди номаҳрамон баланд бояд накунанд. Такбир бояд ҳамеша дар хонаҳо ва бозорҳову масҷидҳо такрор шавад.

Дигар аз одоби рӯзи ид пас аз такбир хондан ғусл ва покиза кардани худ аст пеш аз намоз рафтан. Дар баробари ғусл кардан инсон бояд дар ин рӯз либосҳои зебо ва покиза ба бар кунад. Ҳамзамон атру хушбӯӣ низ истифода кунанд, то дар муқобили бародари худ таровату покизагии бадану либос қарор дошта бошад. Дар робита ба ин мавзӯъ Ҳазрати Абдуллоҳ

писари Умар (р) мефармояд, ки дар рӯзи ид пеш аз берун шудан барои намози ид ғусл мекарданд. Ва беҳтарин либосҳои худро бар тан менамуданд.

Дигар аз хусусиёт ва одоби намози ид он аст, ки ҳамаи мусалмонҳо бояд дар намоз ширкат кунанд. Ба қавли бархе аз бузургон ҳатто занон низ бояд дар ин рӯзи муборак ширкат варзанд ва аз бузургии ин рӯз баҳравар гарданд. Чунки Уммиатия (р) яке аз занони саҳоба ривоят кардааст, ки Паёмбар (с) дастур дод, ки занон низ барои адои намози ид бираванд. Ҳатто занони бокира ва издивоҷ нокардаро дастур дод, то ширкат кунанд. Дар баробари ин занони ҳоизаро низ амр кард, ки ҳозир шаванд, аммо беруни намозгоҳ ва дуртар аз он қарор бигиранд ва дар ин кори нек ва даъвату ҳамбастагии мусалмонон саҳм дошта бошанд.

Дигар аз одоби рӯзи ид он аст, ки ба идгоҳ пиёда биравад. Пас аз адои намоз бояд бо роҳи дигар ба хона баргарданд. Яъне бо роҳи омадааш ба идгоҳ дубора барнагардад ва роҳи навро барои рафтан ба хона интихоб намояд. Ин дар ҳолест, ки Паёмбар (с) худ ин рафторро анҷом медонанд. Уламо дар ин росто чанд ҳикматеро зикр кардаанд, ки яке аз онҳо ин аст, ки ин ду роҳ дар рӯзи қиёмат гувоҳӣ медиҳанд, ки ин мард аз ҷумлаи некукорон яъне намозгузорон буд. Дигар ҳикмати ин он аст, ки бо ин восита шиъорҳои дини Исломро дар ҳар ду роҳ ба мардум талқин мекунад. Ё худ зикри Аллоҳро дар ҳарду роҳ ошкор бисозад ва мардумро ба он ёдоварӣ намояд. Дигар ҳикматаш ин ки душманон ва мунофиқонро хамшгин сохта қувват ва шавкати дини Исломро изҳор кунад.

Дигар аз одоби рӯзи ид, таҳният ва шодбош гуфтани якдигар мебошад ба муносибати фарорасии иди саъид. Уламо гуфтаанд, ки шодбошгӯӣ дар ин рӯз агар бо ҳар лафзи ширин ва хуб гуфта шавад, ҷоиз аст.

Охирон аз одоб ва беҳтарини он ин аст, ки инсон дар ин рӯз бештар кӯшиш намояд, ки хушӣ ва саъодатро дар дилҳои ҳамагон дохил кунад ва он ҳам аз тариқи кӯмаки фақирон ва бенавоён, сар молидани ятимон, ҳадия барои дӯстон ва хурдсолон, зиёрати ақориб ва хешовандон, оштӣ бо хафашудагон, табрики ид барои ҳамсояго ва ғайра.

More From Author

You May Also Like