Categories Ахбори рӯз

Озмуни «Ҷуфти муносиби оилаҳои ҷавон»

Бо ташаббуси Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд бо мақсади пойдорию мустаҳкамшавии оилаҳои ҷавон, эҳёи анъанаву суннатҳои халқӣ ва беҳдошти тарбияи оилаҳои ҷавон бахшида ба 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон дар хонаи маданияти №1-и шаҳри Хуҷанд озмуни вилоятии ҷуфти муносиб байни оилаҳои ҷавон баргузор гардидааст. Гуфта мешавад, ки дар он оилаҳои ҷавон аз шаҳру ноҳияҳои Табошар, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Қайроққум иштирок намуданд. Бино ба иттиллои кумитаи тадорукоти озмуни мазкур аз рўи панҷ шарт баргузор гардидааст. Кумитаи тадорукоти озмун тибқи холҳои ҷамъбастӣ ҷои аввалро ба оилаи Ғаффоровҳо аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷои дувумро оилаи ба Митинҳо аз шаҳри Табошар ва ҷои саввумро оилаи ба Абдуллоевҳо аз ноҳияи Спитамен сазовор донистаанд. Ғолибони озмун бо тӯҳфаҳо қадршиносӣ гардидаанд.

More From Author

You May Also Like