Раҳматилло Зойиров, ҳуқуқшинос: Матбуоти тоҷик дар соли гузашта аз бисёр ҷиҳат мавқеи худро бой дод, хусусан, дар мавқегирӣ оид ба масъалаҳои сиёсӣ. Дар вақти интихобот ҳис карда мешуд, ки матбуот мехост (дар умум) аз сиёсат дур шавад, на ба сиёсат таъсир расонад. Аз ҳама зиёд ҳис карда мешуд, ки сиёсат ба матбуоти тоҷик таъсири сахт расонид, хусусан КДАМ.
Раҷабаи Мирзо, рӯзноманигор: Имрӯз замоне аст, ки пинҳон кардани чизе мушкил шудааст, зеро бо ворид шудани шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар матлаб гуфта мешавад. Вале масъала дар инҷост, ки матбуоти Тоҷикистон ҳафтаина аст, аксарияташ наметавонад мавзуҳоро пахш кунад, яъне фаврияти худро аз даст додааст. Аз ҷониби дигар матбуоти мустақили кишвар баъзе мавзуҳоро ҳади ақал агар бархӯрд мекунад, хеле боэҳтиёт мекунад. Аз ин рӯ аз гуфтани паҳлӯҳои баъзе мавзуҳо, ҷиддиян чашм мепӯшанд.
-Ҳатто мо дида будем, ки як муддат матбуоти кишвар агар дар бораи шахси Президент ё фарзандони ӯ, ки дар сиёсати Тоҷикистон хеле шахсони калидӣ ё муҳим шудаанд, матбуоти мустақили Тоҷикистон дар бораи онҳо сухан намекард, акнун гоҳ-гоҳ мебинем дар бораи онҳо сухан мешавад. Вале мавзуҳое вуҷуд доранд, ки худи журналистон аз сабаби сензураи дохилӣ бо он рӯбарӯ намешаванд ва аз сӯи дигар худи муҳит ё ҳамон соҳибони расонаву рӯзномаҳо намегузоранд, ки онҳо матбуотӣ шаванд. Вале бо вуҷуди ин ман фикр мекунам, ки баъзе кӯшишҳо аз ҷониби матбуот вуҷуд дорад, ки тамоми мавзуҳоро баррасӣ кунанд.
Ҳатто дар расонаҳои хабарӣ дар пахши хабар мо мебинем, ки як навъ эҳтиётро кор мегиранд ва нигоҳ мекунанд, ки ҳадди ақал кадом аз расонаҳо онро пахш мекунанд, то баъд онҳо ҳам ба ин мавзуъ даст бизананд. Ин аз он далолат мекунад, ки институтҳои дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шакл нагирифтааст, ҳизбҳои сиёсӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ки то он ҳаде дар дигар кишварҳо демократӣ фаъоляти қавӣ доранд мисли онҳо нестем. Худи матбуот дар як меҳвар қарор мегирад, ҳатто баъзе аз коршиносон гуфта буданд, ки таъсири матбуоти имрӯз аз баъзе ҳизбҳои сиёсӣ бештар шудааст. Аз ин рӯ ман фикр мекунам, ки матбуот кӯшиш мекунад, ки баъзе мавзуҳои сиёсиро баррасӣ накунад, то мавриди ҳамла қарор нагирад ва ҳамчун як ҳизби сиёсӣ ё гурӯҳи сиёсие, ки гӯё чизеро тағйир доданӣ ҳаст мисли он аз ҷониби мақомоти давлатӣ қабул карда нашаванд.
Оро Маъруфпур, рӯзноманигор: Мутаасифона озоди матбуот пеш нарафт, худсензура зиёд шуд. Шояд ин ҷо омилҳои иқтисодӣ бошад, вале коҳиши сатҳи матбуоти озод чашмрас аст. Иллати дигар сатҳи ҳирфаии журналистон ҳанӯз такмил мехоҳад ва як муҳовараи комил байни ҳукумати чорум ва мақомоти дигари иҷроия бояд ба роҳ монда шавад.