Categories Ахбори рӯз

Рӯдакӣ: Номзади ҲНИТ-ро бо аризаи сохта аз номзадӣ хат заданд

Маҳманазар Хоҷаев, аъзои ҲНИТ, кишаҳодатномаи номзадиашро аз ҳавзаи Қулписта №30 гирифта буд, нисбаташ ҳуҷҷати сохта тартиб дода, ӯро аз номзадӣ хат заданд ва аз ин рӯ ба раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ аризаи шикоятӣ ирсол кардааст.

Тавре Маҳманазар Хоҷаев мегӯяд,ки дар таърихи 10- феврали соли равон аз ҷониби ҳавзаи интихоботии вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ тавассути раиси ҳавза, Шарипов И. шаҳодатномаи вакилӣ ба маҷлиси маҳаллӣ ва вакилони халқ дар ҳавзаи Қулписта №30 – ҷамоати Қиблаиро гирифтам. “Шаҳодатномаамро дар таърихи 12 – феврал дар назди Э. Меликов, раиси ҳавзаи Қулписта №30 ба қайд гирифтанд. Аз замони ба даст овардани шаҳодатномаи номзадиам, ба таблиғи намудани ҳизбшурӯъ карда будам, ки торӯзи 27- феврал ҳаққи таблиғ карданро доштам. Дар таърихи 24- феврал хабардор шудам, ки афроди номаълум аз номи ман аризаи сохта навишта, номзадии маро бекор кардаанд”.

Ба гуфтаи ӯ, Э. Меликов аз номи ӯ раиси ҳавза дар набуданаш имзо карда, номзадии ӯро бекор кардааст.

Бино бар ин М. Хоҷаев аз суд хоҳиш кардааст, ки нафарони қонунвайронкунанда ва поймолкунандаи суханони ҷаноби олиро ба додгоҳ кашида шаванд.

Ҳамзамон, раиси ҳавзаи ноҳия ба Маҳмадӣ Тешаев, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Рӯдакӣ гуфтааст, ки қарори комиссия ва аризаи сохтаи Хоҷаев Маҳмадназар дар ҳавза вуҷуд дорад.

More From Author

You May Also Like