Омодагӣ ба Рамазон

«Бишитобед ба сӯи омӯрзиши Парвардигоратон ва биҳиште, ки фарохнои он баробари осмонҳо ва замин аст, аз баҳри парҳезгорон омода шудааст», (сураи Оли Имрон, 133).
Дар рӯи замин миллиардҳо инсон зиндагӣ мекунанд ва ҳар нафаре бо касбу кори худ машғул аст. Бо кадом коре машғул набошем ҳам, аксари моро як хусусият муттаҳид месозад, омода шудан ба корҳои худ. Донишҷӯ барои имтиҳон дар тули соли таълим, деҳқон дар баробари об шудани барф ба саҳро рафтанаш ва ҳар қишре бо ҳамин минвол.
Мусалмонҳо тули сол ғайр аз корҳои дунявӣ ибодат мекунанд, вале боз як моҳи махсуси ибодат ҳам доранд, ки аз қабл омодагӣ мегиранд, он ҳам ба моҳи шарифи Рамазон.
Ҳамаи мо, мусалмонҳо омадани Рамазонро интизор мешавем, иддае, мисли саҳобагони Пайғамбар (с) онро шаш моҳ қабл интизор мешаванд, иддаи дигаре се моҳ, савумиҳо як моҳ, аммо аксарият 3 ё 1 рӯз. Ба ҳар тарзе интизориҳо сурат мегиранд, аммо мутаасифона худро рӯҳану ҷисман омода намесозем. Дар натиҷа Рамазон мерасаду омода нестем. То ба ибодати муносиб мутобиқ мешавем, ки моҳи муборак ба охир мерасад. Дар он вақт афсусхурон мегуем: Ин моҳ тез гузашт. Қуръонро боз ҳам хатм карда натавонистам, намозҳоро қазо кардам…. Соли оянда албатта бештар ғайрат мекунам!
Сабаб дар он аст, ки шириниҳои моҳи Рамазонро ҳис карда наметавонем. Ҳоло қариб як моҳ фурсат дорем, то ба пешвози ин моҳи муборак омода шавем. Моҳи Шаъбон фаро расид ва онро пурбаракат меноманд. Дар ин моҳ амалҳои солеҳи банда ба даргоҳи Худо пешкаш мешавад, барои ҳамин Пайғамбари мо (с) дар Шаъбон бисёр рӯза мегирифтанд. Аз Усома ибни Зайд (раз.) ривоят аст, ки ӯ боре аз Пай ғамбар (с) пурсид: Эй Расули Худо (с) боре надида будам, ки Шумо дар дигар моҳҳо ба мисли Моҳи Шаъбон ин тавр зиёд рӯза дошта бошед, сабаб чист?
Он Ҳазрат (с) гуфт: Одамон дар бораи моҳе, ки дар мобайни Раҷаб ва Рамазон ҳаст, фаромуш мекунанд. Дар ин моҳ амалҳо ба назди Худо пешкаш мешаванд ва мехоҳам вақти рӯзадорӣ амалҳоям мақбул шаванд.
Тасаввур кунед, тамоми амалҳои дар давоми як сол кардаатон пешкаши даргоҳи иллоҳӣ мешаванд. Инак, бародарону хоҳарони азиз, мо чӣ кор бояд кунем ва дар ин моҳ чӣ гуна худро ба Рамазон омода созем?
Барои ҳамаи гуноҳони донистаю надонистаи худ бояд тавба карду пушаймон шуд ва ба сӯи Парвардигор руҷӯъ намоему дар Моҳи Шаъбон бештар рӯза гирем. Мувофиқи ривояти модарамон, Оишаи Сиддиқа (раз.) Пайғамбар (с) ин моҳро ба пуррагӣ рӯза мегирифтанд.
Бештар Қуръонро қироат кунем, тарҷума ва тафсирро аз бар ва доири он андеша намоем. Бисёр дуъо кунем, ки Худоё, моро ба Рамазон бирасон ва зикр намоем.
Кушиш кунем, ки ҳамаи намозҳои фарзӣ бо ҷамоъат адо шаванд. Аз китобҳои фиқҳӣ ва фатвоҳои уламо саволҳои ба рӯза вобастаро хонем, агар нофаҳмие пеш омад, аз ҳозир онро бо пурсиш бартараф созем.
Дар урфият мегӯянд, ҳар чиз аввалу охир дорад. Аввал ин Моҳи Шаъбон аст, ки омодагӣ мегирем ва охир Моҳи Рамазон, ки мувофиқи омодагиамон ибодати хешро комил мекунем, иншоАллоҳ!
Дар охир дуъо мекунем, Худованд моро дар роҳи ибодаташ собитқадам гардонад, камбудиву норасогиамонро бубахшад ва ҳамаи моро ба Рамазон расонад, то бештару беҳтар ибодат кунем. Омин!

More From Author

You May Also Like