Categories Ахбори рӯз

Осиёи Марказӣ дар рақобати қудратҳои бузург

Коршиноси масоили сиёсии Осиёи Марказӣ бар ин бовар аст, ки авзоъи сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ таҳти таъсири рақобати физояндаи қудратҳои бузург печидатар хоҳад шуд.

Ба гузориши як хабаргузорӣ ба нақл аз сайти “Эки – пресс”, дуктур Қодир Маликов, мудири Маркази пажуҳишии дин, сиёсат ва ҳуқуқ дар Қирғизистон таъкид кардааст, ки ба далели ташдиди вазъи амниятӣ дар Афғоснитон се кишвар, Узбакистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ба далели доштани марзи муштарак бо ин кишвар ба дунболи касби ҳимояти қудратҳои хориҷӣ монанди Русия ва Амрико ҳастанд.

Аз нигоҳи Маликов, дар сурати наздикии Узбакистон бо Амрико мақомоти Русия аз обзори об алайҳи давлати Тошканд истифода мекунад, ки такмили сохти неругоҳҳои бузурги барқӣ – обӣ дар қаламрави Тоҷикистон ва Қирғизистон бахше аз ин барнома мебошад.

Ин дар ҳолест, ки дар водии Фарғона мийни Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари аломатгузории марзҳои муштарак ва роҳҳои иртиботӣ, ихтилофи назар вуҷуд дорад ва ин мавзуъ метавонад заминаи ташдиди буҳрон дар муносиботи ин се кишвари ҳамсояро фароҳам созад.

Қодир Маликов бар ин назар аст, ки мушкилоте монанди нооромиҳо дар шимолои Афғонистон, вазъи печида дар устони Бадахшони Тоҷикистон, афзоиши фишор ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ин кишвар, наздик шудан ба замони баргузории интихоботи парлумонии Қирғизистон, нигаронӣ аз ҳамлаҳои эҳтимолии ДИИШ ба Туркманистон ва имкони бурузи нооромиҳо дар водии Фарғона метавонад ба унвони барномаҳои дар дасти иҷрои гурӯҳҳои террористӣ ва ҳомиёни молии онҳо арзёбӣ шавад, ки дар садади тағйири нақшаи ҷуғрофиёӣ ва геополитикии Осиёи Марказӣ ҳастанд.

More From Author

You May Also Like