Categories Uncategorized

Осиёи Миёна: чолишҳои пеширӯ

Аҳамияти минтақаи Осиёи Миёна баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ хеле зиёд шуд. Зеро ин кишварҳо аз бисёр ҷиҳат ба хусус масоили иқтисодӣ дастнахӯрда ва ба иборати дигар “бикр” боқӣ монданд. Русия дар замоне, ки кишварҳои ин минтақаро зери тасаллути худ дошт, нахост ва ё натавонист онҳоро ба кишварҳои пешрафта табдил диҳад, агарчӣ баъзе аз таърихнигорон вазъияти охирин рӯзҳои ин кишварҳо дар ҳайати Шӯравиро беҳтар аз вазъе, ки ҳоло доранд, арзёбӣ мекунанд.

Дар замони Шӯравӣ бештари нависандагон, ба масоили Осиёи Миёна аз даричаи масоили Иттиҳоди Шӯравӣ нигоҳ мекарданд, зеро мушкилиҳои умдаи ин кишварҳо мушкили муштарак буд ва кӯчактарин иттифоқи сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар ин кишварҳо нигаронии марказро дарпай дошт ва барои ҳалли он дахолати бевосита ва гоҳо ба воситаи Маскавро ба вуҷуд меовард. Бинобар ин яке аз сабабҳои дастнахӯрда боқӣ мондани ин минтақаро метавон дар он донист, ки сарварони онҳо аз худ озодии амал надоштанд ва бе иҷозати мақомоти марказии ҳизби комунист иқдоме барои бартараф кардани мушкилоти миллатҳои бумии минтақа анҷом дода наметавонистанд. Албатта масъалаи мазкур баҳси тӯлонӣ ва ҷудо аз баҳсе аст, ки мо онро дар матлаби зер пешкаш мекунем.

Мақсуд аз чанд сатри боло ин буд, ки Шӯравӣ дар ҳоле фурӯ пошид, ки кишварҳои Осиёи Миёна бо мушкилоти зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва халаи ақидатӣ по ба истиқлол гузоштанд ва агарчӣ имрӯз аз истиқлоли ин кишварҳо беш аз 22 сол сипарӣ гардида бошад ҳам, то ҳанӯз натавонистаанд мушкилоти худро ба таври реалӣ ва бо таваҷҷӯҳ ба як дурнамои ҳадафмандона ҳал намоянд. Албатта на ҳама мушкилоте, ки масалан дар Тоҷикистон ҳаст дар дигар кишварҳои Осиёи Миёна вуҷуд дорад, аммо масъалаҳо ва чолишҳое вуҷуд доранд, ки байни ин кишварҳо муштарак ва наздик ба ҳам ҳастанд, ки аз онҳо ба унвони чолишҳои ояндаи Осиёи Миёна ном мебаранд.

Низомҳои худкома

Имрӯз ошкортарин масъалае, ки баъзе кишарҳои Осиёи Миёна бо он даступанҷа нарм карда истодааст, низомҳои худкома ва пойбанд ба як нафар ё як гурӯҳ аст, ки баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ сари қудрат омада ё меросбарони ҳамон низоманд. Албатта то андозае метавон кишвари Қирғизстонро аз ин амр мустасно донист, вале ҳанӯз ҳам тарси баргашти ин кишвар ба як кишвари худкома вуҷуд дорад, агарчӣ дарсади амалишавии ин фарзия хеле поин аст.

Ин кишварҳо дар муддати беш аз 22 сол (ба ҷуз Қирғизистон) аз тарафи танҳо як шахс идора шудаанд, ки дар асри 21 чунин кишварҳо шояд бештар аз адади ангуштони ду даст набошад. Ҳамин масъала яъне танҳо мондани кишварҳои Осиёи Миёна дар вижагии худкомагӣ, ҳассосият ва аҳамияти ин масъаларо бештар кардааст ва монанди пири нагунбахте, ки фарзандонаш дар интизори марги ӯ ва тақсими мерос ҳастанд, кишварҳои абарқудрате, ки чашмашон ба ояндаи минтақа дӯхта шудааст, нигарони ояндаи ин минтақа ва низомҳои ҷойгузини он мебошанд.

Тарафи дигари масъала ин аст, ки то ҳол дар амалкардҳои ҳукуматдорони феълӣ ҳеч асаре аз тамоюл ба ислоҳот ва вогузории қудрат ба наслҳои замонавӣ ва оянда мушоҳида намешавад ва ба мисли шери пир дар қиссаи “Шери пир ва рӯбоҳи зирак” дар фикри шикори сайд бо роҳи макру ҳила ҳастанд. Аммо маълум нест, поёни умри ин низомҳо бо марги табии раҳбарони ҳозираи онҳо ба вуқӯъ мепайвандад ё рӯбоҳи зираке пайдо мешаваду макри онҳоро ошкор мекунад.

Ба ҳар ҳол воқеъияти амр ин аст, ки то ҳол раҳбарон ва гурӯҳи ҳокими кишварҳои мазкур аз тамоми василаҳои ғайри маъмул дар сиёсат ва қавонини байналмилал (ки хосси кишварҳои худкома аст), барои боқӣ мондан ва ҳифзи қудрат дар дасти худ, истифода кардаанд. Аз тағйири сарқонуни кишварҳои худ оғоз карда, то ба маҳбас кашидани мухолифону рақибони сиёсӣ ва тақаллуб дар интихоботҳо.

Рақобати абарқудратҳо

Рақобати пинҳону ошкор бар сари кишварҳои Осиёи Миёна байни абарқудратҳо ва қудратҳои дуввуми ҷаҳон, инчунин кишварҳои дар ҳоли тавсеъа баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди шӯравӣ оғоз гардида, имрӯз ба авҷи худ расидааст. Вуҷуди манобеъи саршори нефту гази дастнахӯрда ва маъданҳои коркарднашуда, бозори фурӯши маҳсулоти содиротӣ ва нерӯи кории арзон дар ин кишварҳо, Амрико, Аврупо ва Русияро ба ёди давраи оғози истеъмор андохтааст, ки бо роҳҳои мухталифи рақобат ва ҳатто ҷанг, кишварҳои Африқо ва баъзе кишварҳои Осиёиро байни худ тақсим карданд. Ба кишварҳои мазкур инчунин Чин, Ҳиндустон, Туркия, Эрон ва Покистонро низ метавон афзуд, ки агарчӣ собиқаи рақобати онҳо барои нуфуз дар дигар кишварҳо ба сатҳи Амрикову Аврупо ва Русия намерасад, вале бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки дар як даҳаи ахир ин кишварҳо аз назари иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва технологӣ пешрафти қобили мулоҳизае доштаанд, ҳамин омил сабаб шудааст, ки барои рушд ва тавсеаи бештари худ ба суроғи манобеъи бикр ва бозорҳои наве ба мисли бозори Осиёи Миёна рӯй оваранд. Албатта ин масъала, ки кишварҳои мазкур бар сари чӣ чизе дар Осиёи Миёна рақобат мекунанд равшан ва возеҳ аст ва эҳтиёҷ ба шарҳу тафсири зиёд надорад ва дар чанд ҷумла метавон ин номгӯҳоро чунин баршумурд:

1- Барои соҳиб шудани маъданҳо ва манобеъи нефту газ;

2- Ба хотири роҳёбӣ ба бозорҳои минтақа;

3- Барои танг кардани доираи нуфузи рақибон ва кишварҳои ба истилоҳ ғайри дӯст;

4- Густариш ва тавсеаи  камарбанди амниятӣ;

5- Нуфузи идеологӣ ва ҳуҷуми фарҳангӣ;

Нуктаи муҳиме, ки дар ин бахш мавриди назар аст, ин нест, ки кишварҳои абарқудрат бар сари чӣ чизҳое бо ҳам рақобат мекунанд ва масъалаи манфиати онҳо ба касе пӯшида нест, балки муҳим ин аст, ки рақобати онҳо чӣ паёмаде барои кишварҳои минтақа дорад ва аз чӣ равишҳо ва василаҳое барои расидан ба аҳдофи худ истифода мекунанд.

Равишҳоеро, ки абарқудратҳо барои расидан ба манфиатҳои худ дар дигар кишварҳо ба кор мебаранд, ҳадди ақал мешавад ба ду бахш тақсим кард:

А – Равишҳое, ки барои заиф сохтан, танг кардани доираи фаъолият, хунсо кардани иқдомот ва нуфузи рақибони дигар ба кор мебаранд.

Б – Равишҳо ва усулҳое, ки барои ҷалби назар ва боварии кишварҳои мизбон истифода мекунанд.

Равиши аввал хусусияти сирф рақобатӣ дорад ва ҳар кишвар дар пайи хунсо кардан ва ё ақиб намондан аз иқдомоти рақиби худ аст. Ин навъ рақобати абарқудратҳо дар Осиёи Миёнаро метавон дар амалкарди Амрико ва Русия дид, ки дар чанд соли ахир бештар дар пайи ба даст овардани ризояти кишварҳои минтақа барои эҷоди пойгоҳи низомӣ будаанд. Дар яке аз ҳамин мавридҳо метавон иқдоми парлумони Тоҷкистонро ном бурд, ки дар таърихи 1-уми октябри соли ҷорӣ Созишномаи ҳузури пойгоҳи низомии 201-Русия то соли 2042 –ро ба тасвиб расонд, ки бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷ аз он кишвар аст. Аз сӯи дигар Ӯзбекистон моил аст бештар бо Амрико ва НАТО ҳамкории амниятӣ ва низомӣ дошта бошад ва моҳи майи соли ҷорӣ хабаргузориҳо аз мувофиқати Тошканд барои бозкушоии дафтари НАТО дар ин кишвар хабар дода буданд, ки агар аз як сӯ ин масъала бемайлии Ӯзбекистон ба ҳамкории амниятӣ ва низомӣ бо Русия арзёбӣ шавад, аз тарафи дигар метавон онро муваффақияти дипломатияи низомии ғарб низ ҳисоб кард. Чунин рақобат дар кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, яъне Қирғизистон ҳам вуҷуд дорад.

Дар мавриди истифодаи равиши дуввум, яъне ҷалби назар ва таомул бо кишварҳои мизбон, кишварҳои зинафъ аз ҷумла Амрико ва Русия ва ҳампаймононашон барои ҷалби назари раҳбарони Осиёи Миёна аксаран аз сиёсат ё усули “Ҳифзи вазъи мавҷуд” истифода намудаанд. Албатта соли 2005 барои “Тағйири вазъи мавҷуд” дар Ӯзбекистон аз сӯи кишварҳои ғарбӣ, баъд ва ё пеш аз ба вуҷуд омадани қазияи Андиҷон иқдомоте сурат гирифта буд, аммо аз он пас кишварҳои ғарбӣ бештар барои ҷалби назари дубораи Ӯзбекистон талош кардаанд, то муҷозоти ин кишвар. Бинобар ин бо вуҷуде, ки дар кишварҳои Осиёи Миёна ба хусус Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон ҳатто оддитарин меъёрҳои низоми демократӣ риоят намешаванд, аммо амалкарди кишварҳои абарқудрат дар баробари ин кишварҳо ҳикоят аз он дорад, ки барои онҳо ҳифзи манофеъ ва пешбурди ҳадафҳои худ муҳим аст, на навъи низом ва сохтори сиёсии амалкунанда.

Муносибат бо дини ислом  

Яке аз мушкилоти дигаре, ки гурӯҳи ҳоким ва низомҳои феълии кишварҳои Осиёи Миёна барои минтақа ва мардуми худ ба вуҷуд овардаанд, ин аст, ки элитаи ҳукмрон дар тӯли беш аз 22 соли умри худ, на танҳо натавонистанд барои ҷамъияти аксарияти мусалмони ин кишварҳо фазои озоди диниро ба вуҷуд оваранд, балки бештар саъю кӯшишашон дар роҳи маҳдуд кардани арзишҳо ва урфу одатҳои динии мусалмонон будааст. Ин ба он маъност, ки элитаи ҳукмрони минтақа илова бар қудрати сиёсӣ, тафаккури зидди динии даврони Шӯравиро низ бо худ ба мерос гирифтаанд, агарҷӣ зоҳиран амалҳоеро барои ҷалби афкори умумии аксарияти мусалмон бо баргузор намудани  конфронсҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ барои бузургдошти шахсиятҳо ва чеҳраҳои маъруфи исломӣ анҷом медиҳанд.

Иқдомотеро, ки кишварҳои Осиёи Миёна барои маҳдудкунии озодиҳои динии шаҳрвандонашон ба иҷро гузоштаанд, метавон дар ҷанд ҷумлаи зер хулоса кард:

1- Кӯшиш барои таҳти контроли ҳукумат ва элитаи ҳоким даровардани иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои динӣ;

2- Маҳдуд кардани арзишҳои динӣ ба мисли мубориза бар зидди занони ҳиҷобдор, риштарошӣ, манъи амри маъруфи уламои маъруфи минтақа ва барчидани дискҳои мавъиза аз дӯконҳо ва марказҳои наворфурӯшӣ ва манъи адои намоз дар идораҳои давлатӣ;

3- Қабули қонунҳои маҳдудкунандаи озодии виҷдон ва арзишҳои динӣ;

4- Таблиғоти густардаи расонаӣ бо ҳадафи хадшадор намудани чеҳраҳо, шахсиятҳо ва арзишҳои исломӣ ва ба ду ҷабҳаи худӣ ва ғайрихудӣ тақсим кардани уламои исломӣ;

Илова бар иқдомоти мазкур, қабули қонуни ҳадафмандона ва барномарезишуда барои танзими ҷашну маросимҳо, таъйини либоси ягона бо модели аврупоӣ ва ғайри маҳаллӣ барои хонандагони мактабҳои миёнаро низ метавон афзуд.

Дар инҷо рӯи ин масъала, ки ҳукуматҳо ва элитаи ҳокими минтақа бо чӣ ҳадаф ва мақсаде иқдомоти мазкурро анҷом медиҳанд, тамаркуз намекунем, балки дар чанд сатри кӯтоҳ ба паёмади ин сиёсатҳо ишора хоҳем кард, ки дар гузашта, замони ҳол ва оянда низ чолишҳоеро барои минтақа ва ҷомеаҳои навпои он ба вуҷуд хоҳанд овард, басанда менамоем.

Аввалин паёмади амалкардҳои мазкур ин аст, ки дар ҷомеа халаи ақидатӣ ба вуҷуд хоҳад овард, ҳамонгуна, ки то ҳол ҷои холии ин чиз ба таври равшан ва ошкор эҳсос мешавад. Дар сурати пайдо нашудани ақидаи муносиб, ҷои онро гароишҳо ва ҷараёнҳои бегона ва ҳатто ғайри исломӣ хоҳанд гирифт, ки маънои он нуфузи дастҳо, гурӯҳҳо ва ҳамчунин кишварҳои манфиатдор мебошад.

Паёмади дигари масъала, ки аллакай то ҳол дар шаклҳои мухталиф худро нишон додааст, ин аст, ки сабаби пайдоиши гурӯҳҳои “ифротгаро” ҳам дар ҷабҳаи дунявиятхоҳон ва ҳам тарафдорони арзишҳои динӣ хоҳад шуд. Шояд иддаъо шавад касоне, ки пушти пардаи амалисозии ҷараёнҳои “ифротӣ” қарор доранд, хориҷ аз минтақа ҳастанд. Агарчӣ то ҷое ин масъала воқеъият дорад, аммо дардовар ин аст, ки маводи сӯхти мошини пешбарандаи ин ҷараён амалкарди нодуруст ва “ифротӣ”-и худи ҳукуматҳои дунявиятгарои минтақа дар баробари ислом ва арзишҳои динӣ аст.

Натиҷа

Дар гузашта, ҳол ва оянда кишварҳои Осиёи Миёна бо мушкилот ва чолишҳои зиёде рубару хоҳанд шуд, ки чуноне дар боло ишора шуд муҳимтарини онҳо худкомагӣ, рақобати абарқудратҳо ва кишварҳои дар ҳоли тавсеа ва сиёсати нодуруст ва ифротӣ дар баробари дине аст, ки аксарияти мардуми минтақа пайрави онанд. Омилҳои боло худ паёмадҳои манфии дигаре доранд ва шояд дар сурати идомаи онҳо, хисорате, ки ба ин кишварҳо ва минтақа ворид мешавад, берун аз ҳадди тасаввур бошад. Аз ҷумлаи ин ҳодисоти берун аз тасаввур, метавон аз табдил шудани ин кишварҳо ба “душман”-и якдигарро ном бурд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки омилҳои кӯмаккунандаи дигаре ҳам мисли “низоъ” бар сари об ва ҷидол бар сари тақсими манобеъи энержии минтақа вуҷуд дорад.

Бинобар ин беҳтар аст элитаи ҳокими кишварҳои минтақа барои пешгирии “низоъ” ва аз табдил шудани он ба маркази бӯҳрон, ба чанд иқдомоти ислоҳотии зерин ҳиммат намоянд:

1- Ислоҳоти сиёсӣ ва сохторӣ дар кишварҳои Осиёи Миёна лозим, зарурӣ ва ҳаётӣ аст. Элитаи ҳоким бояд қабул намояд, ки даврони ҳокимияти номуваффақи онҳо ба охири хат расидааст;

2- Минтақа набояд ба саҳнаи рақобати абарқудратҳо ва кишварҳои манфиатхоҳ табдил шавад. Робита бо онҳо бояд бо назардошти манфиатҳои баробари тарфайн ва зарар нарасондан ба амнияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ ба роҳ монда шавад.

3- Ислом дини аксарияти мардуми минтақа аст ва дар асоси таълимоти ин дин мардуми мусалмон саодат ва растагории худро дар озод анҷом додани арзишҳои динии худ мебинанд. Эҷоди монеаҳо дар роҳи густариши ин дин худфиребие беш нест. Бинобар ин беҳтар аст бо пешгирии сиёсати мантиқӣ, ҳукуматҳои минтақа ба раванди солими дингароии мардум мусоидат намоянд ва сабабгори халаи ақидатии ҷомеа ва мардум нагарданд;

4- Кишварҳо ва миллатҳои минтақа ба монанди дигар қитъаҳои кӯраи замин аз ҷумла Аврупо ва Африқо, ҳаққи дар амну амон ва дар чорчӯби паймонҳо ва иттиҳодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҷуғрофии минтақавӣ зиндагӣ карданро доранд. Ин фурсат барои кишварҳои Осиёи Миёна ҳам ба вуҷуд омада ва вақти он расидааст, ки ҳокимони солхӯрда, ихтилофҳои худро канор гузошта дар асоси хоҳиш ва талаботи мардум ва воқеъиятҳои таърихию миллӣ, роҳро барои ҳамгароӣ ва ҳамзистии мусолиматомези мардуми ҳамдин ва ҳамфарҳанги худ фароҳам намоянд.  

More From Author

You May Also Like