Коршиноси тоҷик дар масоили Афғонистон зуҳури гурӯҳи террористии ДИИШ дар шимоли ин кишварро таҳдиди ҷиддӣ алайҳи манофеъи Русия ва Чин донист.
Ба гузориши хабаргузориҳо, Қосимшоҳ Искандаров гуфт, ки қудратҳои ғарбӣ ва ҳампаймононаш ба унвони ҳомиёни аслии гурӯҳи террористии ДИИШ дар талошанд, ки аз ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон бо меҳварияти Русия ва Чин ҷилавгирӣ кунанд.
Вай таъкид кардааст, ки барафрошта шудани парчами ДИИШ дар устони Бадахшон ҳушдор ҷиддӣ ба Русия, Чин ва Тоҷикистон ва ҳамзамон ба маънои оғози давраи наве аз рақобатҳои геополитикӣ дар минтақа аст.
Коршиноси тоҷик иброз медорад, ки вилояти Бадахшони Афғонистон бо Тоҷикистон, Покистон ва Чин ҳаммарз буда ва ҳомиёни ДИИШ намехоҳанд, ки ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷории Афғонистон бо кишварҳои ҳамсоя рушд ёбад.
Ғайр аз ин Искандаров баён дошта, ки ин минтақа дорои захираҳои саршор аз сангҳои қимат аст, ки дар сурати барқарории амният имкони беҳтар шудани бозорҳои байналмилалӣ фароҳам шавад.
Аз тариқи сохти роҳи Ишкошим – Қишм давлати Афғонистон метавонист ба таври мустақим бо вилояти Синзян – Уйғур робита барқарор намояд, ки дар ин замина миёни Кобул ва Пекин созишномае ҳам ба имзо расидааст – афзуд Искандаров.
Ба ақидаи ӯ, айни замон ҷонибҳое рӯи коранд, ки мехоҳанд роҳҳои иртиботӣ байни кишварҳоро пешгирӣ намоянд, ки ин иқдом танҳо ангезаи иқтисодӣ дорад. Ӯ таъкид медорад, ки ҳамлаҳои ахири гурӯҳҳо дар Бадахшони Афғонистон зери ҳамин мулоҳизаҳо анҷом гирифтааст.