Имрӯз, 16 июн бахшида ба Ваҳдат миллӣ шуъбаи ҲНИТ дар минтақаи Қӯрғонтеппа чорабиние баргузор намуд, ки дар он аъзо ва ҷонибдорони ҳизб ширкат варзиданд.
Асомиддин Абдураҳмонов, масъули интихобти шуъба гуфт, дар ин чорабинӣ дар бораи таҳкими ваҳдати миллӣ суханронӣ ва саволу ҷавоб сурат гирифт.
Ҳамчунин дар ҳамоиши ҳизбӣ Фахриддин Маҳмадалиев, муовини раиси шуъба суҳбат намуда, аз ҷумла гуфт, «аҳде, ки роҳбари вақти Наҳзат кард, имрӯз Наҳзат бар он пойдор аст. “Ва мо то даме ки ҳастем бояд ба аҳди бастаи худ содиқ ва устувор бошем. Поси эҳтиром ба ин аҳд ҳиммат тақозо мекунад». Вале ба қавли ӯ, мутаассифона, дар дохили кишвар гурӯҳҳое ҳастанд, ки мехоҳанд ваҳдатро барҳам зананд.
Бояд гуфт, таҷлили чашни Ваҳдат дар дигар шуъбаву бахшҳои ҳизб идома дошта, дар ҳамаи ин ҳамоишҳо аз ваҳдату якдигарфаҳмӣ даъват ба амал оварда мешавад.
Categories
Ахбори рӯз