nahzat.tj
Алфред Ди Стефано, қаҳрамони афсонавии Реал-Мадриди Испониё, гуфт, ки Пелеи брозилӣ беҳтар аз Леонил Мессии аргентинӣ, бозингари Барселона ва Криштиано Роналдои пуртуғолӣ, бозингари тими Реал-Мадрид, мебошад.
Ӯ гуфт: “Беҳтарин бозингари футбол дар таърих Пеле буда, Месси ва Роналдо бизингарони дурахшон бо вижагиҳои хоссе ҳастанд, аммо Пеле беҳтарин буд.”
Ди Стефано байни Месси ва Роналдо муқоиса карда, гуфт: “Месси аз лиҳози фаннӣ ва дар минтақаи наздик ба дарвозаи ҳариф ва инчунин аз нигоҳ сайр бо туп ва гузаштани ҳарифон беҳтарин аст. Чизи ҷолиб таваҷҷӯҳ дар Месси ин аст, ки ӯ аз бозӣ кардан, лаззат мебарад.”
Ӯ афзуд: “Аммо Криштиано бошад, аз нигоҳи сохти баданӣ беҳтар аст, яъне бадани қавитар дорад. Дар суръат ва гол задан маҳорати хуб дорад ва бозингари шуҷоъе мебошад. Ҳамчунин, ӯ метавонад бо ҳар ду пойҳояш гол занад.”
“Al-jazeera”