Мижгона Ҳалимова
nahzat.tj
Бозор Собир дар мусоҳибае дар «Озодӣ» гуфт, ки «барои Тоҷикистон, ки баробари як штати Америка намешавад, садҳо рӯзномаи нодаркор, ифротӣ, ҳангоматалабу ҳангомаҷӯ лозим аст?», сари ин гуфтаҳо назари дигаронро гирифтем, ки пешкаши Шумо менамоем.
Хуршед Атовулло, сардабири ҳафтаномаи «Фараж» мегӯяд:
«Бозор Собир мавқеашро чун як шаҳрванди амрикоӣ гуфтааст, шаҳрванди кишваре, ки ба демократия расидааст. Номбурда шаҳрванди Тоҷикистон нест.
Бубинед, созмонҳои амрикоӣ ҳар рӯз назари интиқодиашонро перомуни Тоҷикистон дар бахшҳои гуногун, аз зери фишор будани озодии дин то ноозодии матбуот иброз медоранд ва касеро аз ин парвое нест.
Дар ҳоле, ки назари созмонҳои бонуфӯз нодида гирифта мешавад, чӣ расад ба назари як шаҳрванди амрикоӣ? Гуфтааст, гуфтааст да…»
Оро Маъруфпур, рӯзноманигор:
«Ба ин маънӣ, ки дар ҷомеаи озод мавҷудияти нашрияи озод ва сершумор табиӣ аст. Охир матбуоти зиёд нишони бисёрандешӣ аст, бигузор номгӯяш зиёд бошад, то хонанда интихоб кунад. Дар мағоза молҳои гуногун ҳаст ва харидор дилхостаашро интихоб мекунад, ҳамчунин матубот, яъне маҳсули иттилоотӣ ҳам бояд сермаҳсул ва гуногун бошад то рафти дӯкони матбуотро ғанӣ намояд.
Саршори иттилоот будан ҷомеаро на раҳгум мезанонад, балки омода мекунад, ки аз матуботи гоуногун баҳравар шавад.
Барои Бозор Собир, ки дар сояи салтанати шӯравӣ тарбия ёфтааст, бисёр чизҳои Амрико нав буд.
Мавҷудияти матбуотӣ бисёр боиси коҳиш ёфтани маънавиёт намешавад. Бо гузашти айём шояд иддае аз нашрияҳо аз байн равад. Инро талаботи бозори иттилоот муаяйн мекунад.
Аммо бозгашти Бозор Собир падидаи неки фархангӣ аст. Ба он хотир, ки ташнагони назми тоҷик аз маҳфили адабии ин шоири хушбаён баҳравар мешаванд. Ва ин хуб аст, ки ӯ мавқеи граждании худро иброз медорад.»
Хилватшоҳи Маҳмуд, мудири Гурӯҳи расонаҳои “Озодагон”:
«Ба қавли як бузурге: «Шоирони асл роҳи асли худшиносиро гузашта буданд ва таҷрибае доштанд аз ҳақ ва ҳақиқат. Шоирӣ ин калимаро бо калимае соз кардан ва шеър сохтан набуд, балки ин ба он нуқта расидан буд, ки шоир имкони дидани маъниҳоро дошт, ки дунё аз он маъниҳо бофта шудааст».
Аммо дар мавриди изҳори назари шоири манзури Шумо, чизе илова кардан ё кам кардан ба андешаи инҷониб об дар ҳован кӯфтан аст. Агар аз ҳақ нагузарем, ҳар шахс дар замони муосир, алалхусус дар як кишвари демукросӣ амсоли Тоҷикистони дунявӣ ҳаққи гуфтан ва сухани озод карданро дорад, аммо на ба таври ҳавоӣ ва бепоя.
Банда шоҳид будам, ки дар дили Аврупо- кишвари Олмон ҳатто БОМЖ-ҳо (одамони бе ҷойи муайяни зист) рӯзнома доранд. Менависанд, нашр мекунанд ва нашрияҳоняшонро ба фурӯш мебароранд.
Пас, чаро як ҳизби сиёсӣ, як ҷамъият ва ё ҳамандешон рӯзнома (ҳафтанома) надошта бошанд?
Гузашта аз ин, Сарқонуни кишвар ва санадҳои марбутаву сохторҳои дахлдор иҷозаи фаъолияти нашрияву расонаҳои мустақилу дигарандешро дар Тоҷикистон додаанд, на шоиру нозиме дигар.
Шинохти вақт ва замони ҷомеъа, дарки ҳақиқат, ироаи сухани озоду ростин ҳамеша барои инсонҳои асл зарур будаву ҳаст, новобаста аз он ки кӣ чи мегӯяд ва барои чи мегӯяд.»
Зафар Қурбонов, ҳуқуқшинос:
«Вобаста ба гуфтаи Бозор Собир ман чунин этироз дорам, ки ӯ ҳуқуқ ба чунин сухан гуфтан надорад. Ин назари шахсии як нафар аст, ки гузаштаи хуб надорад.
Зеро чунин Бозорҳо буданд, ки Тоҷикистоно дар арсаи фурӯпошии шӯравӣ ба демократияи амрикоӣ ташвиқ намуда буданд. Имрӯз бошад онро таҳқир мекунад, ин дурӯягии чунин нафаронро нишон медиҳад.
Аҳзоби сиёсӣ ва матбуоти даврӣ дар чорчӯбаи қонун ба расмият дароварда шудаанд ва қонун онро иҷоза додааст. Ва пуштибонӣ аз ин матбуот ва аҳзоб ҳазорон ё садҳо ҳазор нафаранд ва як Бозор Собир (аз устод гуфтан шармам меояд) онро тағйир дода наметавонад.
Матбуот лозим аст, ҳаргунае, ки бошад. Мо матбуоти озодро қабул дорем ва эътироф намуда, дастгирӣ ҳам менамоем, инчунин аҳзоби сиёсиро.
Ман ақидаам нисбати ӯ шикаста шуд ва ӯ дар назари ман ҳамчун як шоир ва як ходими мардуми дигар арзише надорад ва акидаҳои пусидаи ленинизми ӯ дигар ба кор намеояд.»
Пурдил Мирзо, як сокини пойтахт:
«Ман агар ба ҷойи сармуҳаррирони ҳафтаномаҳои бонуфӯзи кишвар, ки хонандаҳои худро доранд, мешудам, умуман дар саҳифаи рӯзномаам Бозор Собирро ҷой намедодам.
Бозор ҳеч ҳақ надорад, ки вазъи рӯзномаву ҳафтономаҳои Тоҷикистонро шарҳ диҳад ва онҳоро ба Амрико баробар кунад!
Аслан инсоне, ки ҳарсол андешаи сиёсияш тағйир меёбад, ҳақу ҳуқуқи дигаронро насиҳат кардану чӣ хубу чӣ бад гуфтанро надорад. Чунки ҳоло як суханро гӯяду нафаронеро аз паси худ бубараду баъди соле аз он назари гуфтааш гардад ва нафароне, ки пештар аз думболи худ бурда буд душман донад, ин умуман дар чаҳорчӯбаи одамгарӣ намеғунчад.
Назари ман ҳамин аст, ки намеарзад ҳафтаномаҳо аз ӯ хабару мақола созанд.
Агар ҳафтаномаҳои бонуфӯз воқеан арзише ба ҳафтаномаҳои худ диҳанд, бояд ӯро “нонгрант” дар матбуоти тоҷик унвон кунанд. Агар онҳо воқеан худро иғвоангезу ҳангомаҷӯй медонанд, пас гуфтаҳои Бозорро чоп кунанду аз қафояш бошанд, чун Бозор онҳоро ҳангомачӯю нодаркор медонанд!!! »