Categories СИЁСАТ

Сӣ миллион доллар месӯзад?

“Фараж” дар мақолаи “Тақлид” пешниҳод мекунад: “Қарори Думаи давлатии Русия дар мавриди он ки минбаъд ягон чиновники давлатӣ наметавонад дар хориҷа суратҳисоби пулӣ дошта бошад, ҳатман мисли дигар қонунҳои ин кишвар мавриди нусхабардорӣ ва тасвиб дар парлумони Тоҷикистон бояд қарор гирад.”

Мо саддарсад розӣ, вале оё он пулдорони тоҷик, ки ба парламент таъсири гузаро доранд, имконият медиҳанд, ки чунин қонун ба тасвиб расад? Албатта, он пули ҳалол бошад, дар ҳамин бонкҳои кишвар ҳам гузоштан имконият дорад, вале, ҳамаамон медонем, дар Тоҷикистон мошинҳои қиматбаҳо, қасрҳои бузургро ба прокурорҳо, вазирон, судҳо ва дигар мансабдорони болорутбаву поёнкурсӣ авлодашон тақдим мекунанд, вале чун қофия танг ояд, мисли “парвандаи исфарагиҳо” маълум мешавад, ки садҳо ҳазор доллар ришва ҳам мегирифтаанд. Ҳам прокурору ҳам суд…

Аз он овозаи 30 миллион доллари як нафар сарватманди тоҷик дар Кипр будаасту шояд сӯзад, ин қадар боварибахш ҳам нест, зеро нафаре ки 30 миллионро ёфтааст, онро ҳифз ҳам карда метавонад.

“Нигоҳ” беҳтарин таҳлилро перомуни Паёми солонаи Ҷаноби Олӣ “Бардоштҳо аз Паём” тақдим кардааст, зеро мардуми оддӣ, ки рӯбарӯи оинаи нилгун нишаста, он Паёмро гӯш медоданд, аз калимаҳои “фалон баробар зиёд шуд” чунин бардоште ҳосил мекарданд, ки воқеан ҳам Тоҷикистон имрӯз як кишвари пешрафта ва ояндааш боз ҳам дурахшонтар аст. Ҳол он ки дар асл “ММД сари аҳолӣ дар Тоҷикистон , тибқи маълумоти ХБА ( IMF), аз ҳамин нишондиҳанда дар Муғулистон 2.4 маротиба камтар аст, тибқи маълумоти СРУ бошад, ММД сари аҳолӣ дар Тоҷикистон аз Арманистон 3.2 маротиба камтар аст… Яъне, ба ҳисоби Ҳукумат ММД сари аҳоли 953 долларро ташкил медиҳад. Бо ин нишондиҳанда ҳам Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷойи 155-умро ишғол карда, як зина аз Камбоҷа ва се зина аз Бангладеш поинтар меистад. То ба Қирғизистону Муғулистон расидан бошад, бояд мувофиқан 5 ва 45 зина тай кард. Бо суръати рушде, ки ҳоло дорем, мо ба сатҳи Муғулистон баъди ҳашт сол мерасем…” Ин сатрҳоро мехонему танҳо афсӯс мехӯрем…

“Пул биёреду баъд ба дарс дароед”-ро “Озодагон” аз Алишер Зарифӣ овардааст, ки он дар хусуси ҷамъ овардани пул аз шогирдони мактаб дар ноҳияи Рӯдакӣ шикоят мекунад: “Гулнора Меликова, директори мактаби № 15 ғайриқонунӣ аз хонандагон пул талаб карданашро рад намуда, мегӯяд, ӯ дар асоси шартнома миёни мактаб ва волидайн аз хонандагон пул мегирад…

Ҳоло волидайни хонандагон тасмим гирифтаанд, аз рӯи амалҳои деректори ин мактаб ба Прокурори генералии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои дахлдор шикоят баранд…”

Ман аслан, як чизро нафаҳмидам; дар аксари макотиби ҳамагонии ҳама навоҳиву шаҳрҳои кишвар пул мегиранд, вале танҳо волидайни шуҷоъ дар ноҳияи Рӯдакӣ будаанд! Кош, дигарон ҳам ба ин амал – шикоят аз болои директорони пулхӯр дар дигар минтақаҳо ҳам меафзуд!

“Овоза ва ҳақиқат” дар бораи сифати “Филми тоҷикии “Ҳаёти талх” мақолаи танқидии Ориёнфари Сармаддилро ба хонандагонаш пешниҳод намуда, огоҳ менамояд, ки ин филм авқоти муаллиф ва наздиконашро талх кардааст: “Дар бораи сужаи филм чизе намегӯям, ки саропо айб аст! На банду баст, на кулминатсия ва на анҷоме… ҳарза… сафсатта… хандахариш, дигар ҳеч..”

Чӣ тавре мегӯянд, аз ин дида, баҳои воқеитар намешавад. Мувофиқи ахбори матбуот то имрӯз якчанд филмҳои ҳунарие, ки “Тоҷикфилм” солҳои гузашта бардоштаанд, дар анбор хобанд. Чаро? Ба ин суол танҳо раиси Кумитаи телевизион ва радио посух дода метавонад.

“Тоҷикистон” дар асоси маълумот аз ҳамоиши “Нақши масҷидҳо” овардааст, ки дар мамлакат танҳо 4% ҷавонон ба масҷид мераванд. Танҳо моро як чиз дар шигифт меорад, ки ин рақам саддарсад беасос аст, зеро имрӯз то 60% – 80% – и аҳли ибодат ҷавонҳоанд! Баръакс, мӯсафедон ва синни умуман, аз 50 –сола боло дар масҷид дар муқоиса ба ҷавонон каманд.

Шояд муҳаққиқон наврасонро дар назар дошта бошанд, ки мувофиқи қонун ҳуқуқи ибодат надоранд?

Бинобарин пеш аз он ки таҳқиқоте гузаронанд, аввал истилоҳи “ҷавон”-ро муайян мекарданд, ки аз чандсола то чандсола аст ва он гаҳ ин гуна арқоми шубҳаники 4% пайдо намешуд.

Аслан, “Тоҷикистон” ба мавзуи динӣ бепарво нест, вале аз чӣ бошад, дар бораи ҷашни 40 – солагии ҲНИТ як ҳарфе ҳам ба чоп нарасонидааст, ҳол он ки ба истисноҳ нашрияҳои ҳукуматӣ ҳама чизе чоп карданд. Шояд барои “Тоҷикистон”хабари “Қадимтарин гамбургери ҷаҳон” муҳимтар будааст…

“Самак” мақолаи Ҷасур Абдуллоевро бо номи “Саллаву Калла” ба табъ расонидааст. Мардумро дар идораҳову корхонаҳо ҷамъ оварда, маҷбур кардаанд, ки паёми Президентро гӯш кунанд. Дар беморхонаҳо ҳам! “Як нафар ҳатто шикоят кардааст, ки ба беморхона рафтааст, аммо табибон паёми президент гӯш мекардаанд ва ӯро қабул накардаанд. Тасаввур кунед, бемор бояд то поёни пахши паёми президент тоқат кунад.”

Рафту ин мариз ба кӯррӯда ё сактаи қалб гирифтор шуда бошад?

“Воқеан, як маротиба президент худаш таъкид намуд, ки дигар ӯро тариқи телевизион зиёд нишон надиҳанд ва тамаллуқ назананд. Аммо ин каллабарон зиёд карданд, ки кам не.

Сол аз сол тамаллуқро зиёд мекунанд.

Ба қавле, “кор мекунанд”.

Ин бор ба ҷойи латифа “Рӯзномаи манзум” ном шеъри Адиба Мирзоеваро тақдиматон мекунем, ки “Озодагон” нашр намудааст:

Ва мусофир омад,

Берун аз роҳи кавири сӯзон.

Ранҷ раҳовардаш.

Ин ҷавонрафта чунин пир омад?

ва аз он козаи сангину хамӯш

Марде берун омад.

Пирзан ҳамроҳаш.

Гуфта он зол, ки:

Ин омада додои ту аст!

ва мусофир хандид:

Ту магар хонуи зебои ман астӣ?

На, набояд ки чунин хаставу пир

ва чунин зору забун мебудӣ.

Ин магар тифли ман аст?

Ку ҳама ширини-ш?

Пирзан ашк ба домон овард.

Ҳамраҳат бурдӣ ҷавонии марову худро.

Ва ин мард, ки фарзанди ту аст,

Бурдаӣ шодии кӯдак будан.

Оҳ, мо мо набудем,

Сари ин дуроҳа

интизорӣ будем!

шукр дорем, ки ҷон овардӣ,

гарчи дар қайди хазон овардӣ.

More From Author

You May Also Like