Categories ТАҲЛИЛ

Ҷавоби зани тоҷик ба зани рус

Мақолаеро зери унвони «Зарур аст, ки оинҳои мазҳабӣ ва урфу одатҳои миллӣ дар қонунҳои замонавӣ ба назар гирифта шаванд», мутааллиқ ба қалами Каромат Шарипов, раиси Ҳаракати ҷамъиятии саросарии «Муҳоҷири меҳнатии тоҷик»-ро дар торнамои ин ҳаракат хондам, ки он атрофи муроҷиати бонуи русе ба шавҳари тоҷики ба ватанбаргаштааш ҳикоят мекунад.
Дар мақола гуфта мешавад, бону аз раиси ҷамъият дархост намуда, ки шавҳарашро баргардонад. «Дар қабулгоҳ менишастам», навиштааст К. Шарипов, «Гадоева Татяна Николаевна бо духтари хурдсолаш наздам омад. Ӯ шаҳрванди Русия, миллаташ рус, насаби аслиаш Терешонок будааст, ки дар сарраёсати САҲШ-и Лосино-Петровски вилояти Москав ба Гадоев Шодмон ақди никоҳ баста, насаби шавҳараш гирифтааст. Ҳоло Татяна ҳамли фарзанди дуввумро мегардонад, бештар аз он метарсад, ки шавҳараш дигабора наздаш намеояд. Ӯ шавҳарашро хеле дӯст медорад ва аз намояндагӣ хоҳиш кард, ки дар мушкили оилавияш дахл карда, шавҳарро ба ӯ бозгардонад».
Ҷаноби Шарипов аз суннатҳои миллии тоҷик ва уҳдадориҳоии исломии шахси мусалмон ёдоварӣ намуда, насиҳатҳо кардааст, ки ҳар як марди мусалмон барои нигаҳдории оила муваззаф аст ва инчунин уҳдадор аст, ки аз шаъну шарафи аҳлу оилаи хеш дифоъ кунад.
Оре, дини мубини Ислом нисбат ба адёни дигар бештар аз манофеи оила ҳимоят мекунад, ҳатто метавон гуфт, ҳимояи оила ва риояи ҳуқуқҳои аъзои он дар Ислом беназир аст. Бинобар ин хеле писанд аст, вақте муаллиф дар баробари насиҳатҳояш қайд мекунад, ки беҳтар мешуд, агар қонунҳо бо назардошти дину оин ва урфу одатҳои миллӣ ба тасвиб мерасиданд.
Ҳарчанд дар қонунгузории миллии мо атрофи аз ин ё он ояву ҳадис сарчашма гирифтани моддаву банди қонунҳо ишорае нарафта бошад ҳам, вале он ки мардони мусалмони Тоҷикистон ба аҳкоми исломӣ ба ҳадди дарку фаҳмиши худ, урфу одатҳо ва оини бобоӣ ҳамеша такя доранд, шакке нест. Аммо масъала сари он аст, ки оё бонуи мусалмоншуда доир ба уҳдадории як зани мусалмон ҳама чизро медонад? Чаро муаллиф дар бораи ин масъала чизе нанавиштааст? Ислом ҳамчунон ки барои мардон нисбат ба аз азвоҷи худ уҳдадорӣ қоил аст, мардонро низ ҳақҳое додааст ва занони никоҳӣ муваззафанд, ки ҳукми Худовандро дар ин росто ба ҷо биёранд. Заноне, ки «чун магас бар асал» ба мардони муҳоҷир мечаспанд, аз ин ҳама вазифаву уҳдадориҳо огоҳие доранд, ки даъвои баргардонидани шаваҳарашро кардааст?
Зимнан бо гузоштани суоли боло аз сабти видеоие аз силсиланамоиши «Пуст говорят» мехоҳам ёдовар шавам, ки чанд моҳи ахир дар тамоми бозорҳои Тоҷикистон мечархид. Он айём аз ҷониби пиру ҷавон, ҳатто наврасон қазияи «фиребгарӣ»-и тоҷикписарон муҳокима мешуд. Аммо дар суҳбатҳо, агар хонандаи гиромӣ ҳам дарк карда бошад, рафтори худи ҳамон занон шубҳаовар ва берун аз тамоми урфу одату оинҳои шариатӣ буд; шурӯъ аз либос то хулқу атворе, ки доштанд.
Албатта, шароити зани рус куҷову вазъи зиндагии зани бечораи тоҷик куҷо?! Дар шароите, ки занони мо оиладорӣ мекунанду «лаб зери дандон» бори зиндагии шавҳардориро мекашонанд, ҳеҷ як зани рус тоқат карда наметавонад. Агар тоқат карда метавонад, чаро Татяна ба хонаи шавҳар, ба Ватани ӯ – Тоҷикистон наомад? Агар даъво дорад, ки ҳамсари марди тоҷик аст, чаро омада, дар лаби танӯр нон пухтаву сари дегу оташи дегдон хӯрок тайёр намекунад, аз соати 4-и шаб ҳавлӣ руфта, пас аз ин сари дастархон аз ҳама поин намешинад? Боз агар хӯрокаш камтар омада бошад, худаш бо лаби нону чой иктифо намекунаду хонадонро аз хӯрок сер наменамояд? Шабҳои гармову сармо бе иттилоъ, бе телефон, бе ҳаққи пурсупос аз шавҳари деромадаро интизорӣ намекашад?
Ҳамин тариқ, бонуи русе, ки аз ҳама шарту шароити зани тоҷику зиндагии ӯ бехабар аст, иддао дорад, ки шавҳарашро баргардонанд. Агар Каромат Шарипов Шодмон Гадоевро ба Русия бармегардонад, зани тоҷики Шодмон чӣ кор бояд кунад? Бар изофаи ин қадар ранҷу азоби «тоҷикӣ» ӯро аз шавҳар халоса карданиянд?
Дар хулоса бояд гуфт, ин муроҷиат дар ҳолест, аҳён-аҳён мешунавем, ки баъзе аз тоҷикписарон дар муҳоҷират барои аҳли оилаашон шароит муҳайё мекунанд ва зану фарзандашонро бо худ мебаранду боз барои аёдат меоранд, на он ки зани рус мегиранд. Ҳарчанд ин гуна хабарҳо хеле кам ба гӯш мерасида бошанд ҳам, мисли равзачаи нур дар зулмоти шаб ба қалб рӯшанӣ эҳдо мекунанд. Ва умед мекунем, ки ахиран, мушкили дурии ҳамсарҳои тоҷик ҳал мешаваду касе тарки оила намекунад. Ҳамчунин дар ин моҳи раҳмату мағфират ва моҳи наҷот аз оташи дӯзах таманнои онро мекунем, ки Парвардигор Ватани моро бо дасти фарзандони мо, тоҷикон обод кунаду муҳоҷиринро ба Ватан баргардонад.

Ашкона Нозил

More From Author

You May Also Like