Тавре ВАО иттилоъ доданд, Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон низоъи ба вуҷуд омада миёни марзбонони тоҷику қирғизро айби мақомоти кишвари ҳамсоя медонад. Тавре гуфта мешавад, муноқишаи дар марз бо Қирғизистон бо гуноҳи марзбонони кишвари ҳамсоя ба вуқӯъ пайваста, мояи нигаронии ҷиддист ва “намоиши зӯр роҳи ҳалли масоили умда нест, баръакс сабаби эҷоди халал дар равобити дӯстона ва бародаронаи ду миллату кишвар” мегардад. Тавре қаблан иттимлоъ дода будем, рӯзи шанбе бар асари муноқиша миёни марзбонони тоҷику қирғиз ва тирпаронии ҷонибайн дар наздикии рустои Хоҷа Аълои ноҳияи Исфара чанд нафар, аз ҷумлаи марзбони тоҷику қирғиз ҷароҳат бардоштаанд ва мақомоти Бишкек айбро болои марзбонони тоҷик эълон доштанду дар ВАО хабарҳоеро дар ин маврид пахш сохтанд. Аммо ахиран ВКХ Тоҷикистон, иддаъоҳои мақомоти қирғизро комилан бепоя хонда, мақомоти марзбонии ду ҷонибро ба хештандорӣ ва ҳамсоядории нек даъват кардааст. Ба ҳар ҳол, асли масъала ва боиси ба муноқиша кашидани марзбонони ду ҷониби марз, ин оғози бунёди роҳ аз ҷониби қирғизҳо буда, ки онро мехостанд аз тариқи қаламрави Тоҷикистон роҳандозӣ намоянд, вале марзбонони тоҷик ба тасаруфи қаламрави кишвари хеш роҳ надодаанд. Қарор аст, нахуствазирони Тоҷикистон Қирғизистон ба хотири ба ҳолати аввала баргардонидани вазъияти муносиботу равобити марзӣ рӯзҳои наздик дар маҳалли ҳодиса дидору мулоқот анҷом диҳанд. Тавре РИА-новости хабар медиҳад, сарвазири Қирғизистон Жанторо Сатибалдиев ба сохторҳои қудратӣ амр додаст, ки ба режими тақвияти муҳофизати марзӣ гузаранд. Бишкек ҷаласаи таъҷилии хешро дар мавриди вазъи ба амал омада дар марз миёни Қиғизистону Тоҷикистон баррасӣ намуда, ба раҳбарияти ВКХ-и кишвари хеш дастур дода, ки нотаи ҷавобӣ ба Душанбе ирсол дорад. Феълан ҳам Душанбе ва ҳам Бишкек вазъ дар минтақаи мавриди баҳсро ором арзёбӣ мекунанд.
Categories
СИЁСАТ