nahzat.tj
Ё тамрине барои инқилоб
Хӯшае аз боғи матбуот
Қиёми Нур «Нигоҳ»-е ба «Сабақҳои «Корвон» доштааст ва хулосаи ӯ чунин ст: «Бубояд ҳукумат ҳадди ақал баъд аз зодрӯзи президент ба модернизатсияи низоми сиёсӣ даст зада, сиёсати кадрии худро то интихоботи президентии соли 2013 куллан тағйир бидиҳад.» вагарна «Эътирози тоҷирон стихиявӣ («худрӯ» аз назари мо беҳтар аст) буд, аммо онро метавон тамрине барои як инқилоб қабул кард…» Ҳарамгули Қодир бо Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, ки бо бародарони худ – Эшон Нуриддин ва Эшон Аҳмад дар сафари фарҳангӣ дар Русия ҳастанд, мусоҳибаи телефоние оростааст ва аз он бармеояд, ки онҳо ба Ватан бармегарданд, вале барои қонеъ кардани хоҳиши мулоқоти зиёдтари муҳоҷирин онҳо аз Санкт Питербург ба самти Сибир мераванд. Ба саволи он ки оё онҳо мулоқотҳои сиёсӣ ва ё сӯҳбатҳои сиёсӣ, масалан, вохӯрӣ бо Умаралӣ Қувватов, роҳбари гурӯҳи «24» доштанд, ҷаноби Тӯраҷонзода дар як пораи сухан чунин ҷавоб гуфтааст: «…дар маъракае… як нафари ношинос сӯҳбат дошт. Худашро муаррифӣ накард. Баъд гуфтанд, ки Умаралӣ Қувватов аст, вай мисли тарошаи аз бом афтода барин шуд. Гуфт, ки мо баёнияе додем дар бораи ҳукумат. Аммо мардум ва мо баромадашро рад кардем ва микрофонро аз дасташ гирифтанд. Гуфтем, ки мо барои сӯҳбати сиёсӣ ва ҳамкорӣ наомадаем. Мо ба хотири сӯҳбатҳои фарҳангӣ омадем.»
«Тоҷикистон» кӯшидааст «Найранги Оятулло»-ро аз қалами Иззатбек Идизода фош созад. Ин ҷавони данғарагӣ савдогарони бозори шаҳрашро фиребида, аз занҳо долларҳояшонро гирифта, чанд сол аст дар Душанбе пинҳон шудааст. Мабодо шумо, хонандаи азиз, ин найрангбозро шиносед, зуд ба мақомот хабар диҳед, вагарна рӯзе худи шумо гирифтори фандаш мегардед.
«Миллат» аз сухани мухбири «Азия Плюс» Рамзия Мирзобекова менависад, ки «Наздикони Имомназаров бо суханони вазири дифоъ мувофиқ нестанд», зеро «Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон гуфта буд, ки амалиёт дар Хоруғ вақте оғоз шуд, ки кормадони додситонии кул гаравгон гирифта шуданд. Вазири дифоъ ҳамчунин гуфта буд, ки сокинони маҳаллӣ монеъ аз баррасӣ ва тафтишоти холисонаи қатли Имомназаров мешаванд ва аз ҷумла иҷоза надоданд, ки маҳалли ҳодиса аз сӯи коршиносон таҳқиқ ва бозҷӯӣ шавад.»
Дар ҳамин ҳолат «Наздикони Имомназаров ба хабарнигори «Азия Плюс» гуфтаанд, ки ҷои ҳодиса, яъне, хонаи ӯ аз сӯи кормандони шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хоруғ бозҷӯӣ шуд ва навори он ҳам вуҷуд дорад.» Як тараф албатта, дурӯғ мегӯяд ва худи хонандаи закӣ мефаҳмад, ки КӢ дурӯғ мегӯяд.
«Азия Plus» бо мухбири худ Олга Тутубалина мехоҳанд бидонанд, ки «Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе миллионҳоро ба куҷо сарф мекунад?»
Воқеан таҳлили хеле хуб кардааст Олга, зеро пас аз хондани мақола дар мағзи сар фақат як ибора чарх мезанад:
«Давлатро бесоҳиб ёфта, гурӯҳе аз наздикони ҳукумат, директори генералии фурудгоҳ Рустам Холиқов ва ҷонишинаш Фирӯз Боқиев онро ғорат мекунанд. Далел? Марҳамат. «Мувофиқи шартнома арзиши таҷҳизоти рентгенӣ якеаш 46 700 доллар, дигараш низ 46 700 доллар, ду дастгоҳи оҳанкоб – 8000 долларӣ будааст. Аммо дар рекламаи ин ширкат арзиши таҷҳизотҳои рентгенӣ таносубан 33 347 доллар ва 30 782 доллар ва дастгоҳи оҳанкоб 4 671 доллар. Фарқият зиёда аз 30 ҳазор доллар! Ба замми ин хонандаи азиз, ба ҳама маълум аст, ки вақте харидор зиёда аз як таҷҳизот харад, албатта, аз нархи рекламавӣ камтар аст.
Ҳатто коғази ҳоҷатхонаро ба ҷойи 4 сомонӣ 8.5 сомонӣ харидаанд…
Мехоҳед, фарёд кашед: акаи Саидов, раиси муборизаи зидди фасод, куҷоед? Ин далелу санадҳои «Азия Plus»-ро як бор санҷед!
«Озодагон» мепурсад, ки «Роғун охирин шонси Раҳмон?» (муаллиф Сиёвуш Қосимзода) аст. Мақолаи мазкур дар бораи сарнавишти сохтумони НБО «Роғун» баҳс дорад. Аз мутолиаи ин навишта кас ба хулоса меояд, ки дар пеш норушаниҳои зиёд мавриди бунёди нерӯгоҳ мавҷуд аст ва нафаре гуфта наметавонад, ки агар ин НБО сохта нашавад, мардум он саҳмияи 280 миллион сомонии худро баргардонда метавонад?
Муаллифи дигари «Озодагон» Рустам Маҷидов ба саволи «Савдогарони «Корвон» инқилоб мекунанд?» посухи боақлона ва заминие додаст: «…ҷароҳатҳои ҷанги
бародаркуш бар бадани ин мардум мисли воксинае кора кардаанд, ки аз табадуллот пешгирӣ мекунад. Аммо танҳо аз табадуллот, на аз таҳаввулот.»
«Фараж» мақолаи Х. Муҳаммадназар «Ислом Каримов дар Панҷакент»-ро нашр намуда, нигарон аст, ки «Аз моҳи феврал ин тараф шабакаҳои Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷакент пахш намешавад.» Пас аз нависонавис «Асадулло Раҳмонов ба доди мардум расид, вале ба фикрам, даъвои мардум ба ӯ нодуруст расонида шуд. Зеро ба ҷои дастрастар кардани телевизионҳои тоҷик гузаштан ба мавҷи дигар тамоми мардуми моро аз тамошои телевизиони тоҷик маҳрум намуда, имконияти пурра барои пахши барномаҳои гуногуни ТВ- Ӯзбекистонро фароҳам овард.»
Ҳафтаи гузашта қариб ҳама рӯзномаҳо дар бораи сӯхтор дар «Корвон», сабабу оқибатҳои он мақолаҳо нашр кардаанд. Аммо сухани аҷибу ҳадафрасро Сайёфи Мизроб, сардабири ҳафтаномаи «СССР» гуфтааст: «Корвон» сӯҳт! Ким инро намедонист, ки рӯзе ин бозори даҳшатбарангез ба хокистар табдил меёбад? Дӯкону растаҳои «Корвон» умуман посухгӯи ягон талаботи шаҳрдорӣ чӣ, қишлоқнишинӣ набудаанд! Вале мақомоти оташхомӯшкун, милитсия, коррупсия ва ғ. ва ҳ. Аз ин бетартибиву бенизомӣ чашм мепӯшид. Дурусттар таҳқиқ кунем, «сабаби чашмпӯшӣ» ҳам дарёфт мешавад!
Метр не, ҳар сантиметри ин бозорро масъулин мефурӯхтанд!»
Бо тақдими нақле аз А. Тоҷинисо, муаллифи «Тоҷикистон» машрӯҳро хотима медиҳем.
«Поям хунук мехӯрад»
Ҳамроҳи шоир Наримон Бақозода кор мекардем. Ӯ баробари ҷонишини муҳаррир будан. Инчунин котиби ташкилоти партиявии корхона низ буд. Як вақт ба корхона бо кӯмаки Иттифоқи касаба чанд роҳхат ба истироҳатгоҳу санаторияҳои ҷумҳурӣ доданд. Ва албатта, пеш аз ҳама устодро мепурсанд, ки барои ба санатория рафтан эҳтиёҷ доранд ё не? …Устод мегӯяд, ки шабҳо пояшон аз курпа берун монад, хунук мехӯрдааст…»