Собиқ узви ҲНИТ
Асадулло Ҷабборов, дар ноҳияи Исфара 6.04.2015 ба маркази матбуотии ҳизб аз
даъваташ дирӯз ба КДАМ-и ноҳия хабар дод. Номбурда дар суҳбаташ афзуд, ки баъд аз зуҳри дирӯз соати 15:00 КДАМ-и
ноҳия аз ӯ даъват ба амал оварда талаб кардааст, то ки бо аризаи шахсии худаш
аз узвият дар ҲНИТ даст кашад. Инчунин аз ӯ хостаанд то ки навори видеои
занеро, ки фарзандаш гӯё қаблан узви ҲНИТ буда баъдан ба давлати Сурия
рафтааст, аз онҳо гирифта барои атрофиёнаш пахш кунад. Гузашта аз ин ҳамсар ва
модараш, ки узви ҲНИТ мебошанд, онҳоро низ мутақоид намояд то ки аз сафи ҳизб
хориҷ шаванд.
Асадулло Ҷабборов,
дар посух гуфта, ки ман аризаи шахсиамро
як моҳ қабл ба раиси ҷамоат дода аз ҳизб хориҷ шудам, ҳоло намешавад, ки ду маротиба ариза нависам.
Бо ҳамин баёноте навишта дар ихтиёрашон додаму маро рухсат карданд.
Суоли матраҳ ин
аст, ки оё бо роҳи иҷбори навишатани ариза ва хориҷ шудан аз сафи ҳизб метавонад
андеша ва афкори инсонро тағйир диҳад? Ин муаммост!