Оё ваколатдор вазифаашро иҷро хоҳад кард? (Муроҷиати ҲНИТ ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон)

Чандест фишору таҳдидҳо болои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва махсусан диндорон дар ҳоли афзоиш аст. Агар пештар ин фишорҳо маҳдуд ба аъзои ҲНИТ мешуданд, ҳоло доманаи ин фишорҳо ба тамоми ришдорону сатрпушҳо ҳам густариш ёфтааст. Хонандагони мо аз тариқи сомона пештар ҳам матолиберо дар ин замина хондаанд. Дар бораи муроҷиати ҲНИТ ба суду дигар ниҳодҳои масъул ҳам пештар иттилоъ дода будем. Аммо то ҳол вазъ тағйир накардаасту гӯё ин фишорҳо ҷузъи барномаи стратегии баъзе мақомоту мансабдорон гаштааст.

Ба ҳамин хотир раҳбарияти ҲНИТ ба хулосае омад, ки дар ин замина ба Ваколатдор оид ба ҳуқӯқи инсон” муроҷиат намояд. Матни комили ин муроҷиат пешкаши хонандагони муҳтарам мегардад.

Ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,

мӯҳтарам Зариф Ализода

Аз тарафи Ҳисайнов Умаралӣ Фатоҳович, муовини аввали

раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон,

шаҳри Душанбе, кӯчаи Борбад 1.,

телефон: 917-72-90-09

“Оид ба поймол шудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд, монеъ шудан ба фаъолияти ҳизби сиёсӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, шуъбаҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру навоҳии кишвар”.

Мӯҳтарам Зариф АЛИЗОДА!

Боиси қадрдонист, ки дар ҷумҳурии мо ниҳоде чун Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мақсади тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мусоидат ба риоя ва эҳтироми онҳо аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдори онҳо, роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон фаъолият дорад. Аммо тавре ҳамагон иттилоъ доранд, ҳангоми баргузории интихоботи парлумонии ахир то ба имрӯз аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, шуъбаҳои КДАМ ва ВКД дар маҳалҳо ба таври оммавӣ қонунгузории кишвар нодида гирифта шуда, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ошкоро поймол карда мешаванд, ки онҳо инъикоси пурраи худро дар расонаҳо ва ВАО ёфтаанд. Бо назардошти талаботи моддаи 11, қисми а ва б-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи инсон ва шаҳрвандро пешбинӣ кардаааст, роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон лозим донист, то ба Шумо муроҷиат намояд. Ин муроҷиат дар ҳоле сурат мегирад, ки роҳбарияти ҳизб бо чунин мазмун ба идораву ниҳодҳои зиддахл аллакай муроҷиати хаттӣ намуда, хостори расидагӣ ба ин масъаларо кардааст. Ҳамзамон дар асоси моддаи 13-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки ба ин ниҳоди мудофеъи ҳуқуқи инсон ваколат ва салоҳияти комил ҳангоми гирифтани маълумот оид ба вайронкунии оммавӣ ва ҷиддии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ё дар ҳолатҳои аҳамияти махсуси ҷамъиятӣ доштани ин амалҳо додааст, то дар доираи салоҳияташ бо ташаббуси худ санҷишҳо гузаронад. Аммо ин рисолати Ваколатдор ҳанӯз ҳам анҷом нашуда боқӣ мондааст.

Роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон номгӯи қонуншиканиву фишорҳоеро, ки танҳо тайи ду моҳи гузашта сурат гирифтаанд, дар замима пешниҳод менамояд ва умед бар он дорад, ки Ваколатдор дар доираи салоҳияту ваколате, ки қонунгузории кишвар бар ӯҳдааш вогузор кардааст, чораҷӯӣ намуда, барои барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон хулосабардорӣ менамояд.

Номгӯи фишорҳо дар ҳаҷми 6 (шаш) саҳифа замима карда мешавад.

Бо эҳтиром,

Муовини аввали раиси Ҳизби

наҳзати исломии Тоҷикистон Ҳисайнов У. Ф.

More From Author

You May Also Like