Дар сафи ҷангиёни Сурия қарор
доштани полковники ВКД Г. Ҳалимов Тоҷикистонро рекламаи ҷаҳонӣ кард. Тайи ду рӯз
аст, ки сархати ахбори расонаҳои ҷаҳониро мавзӯи Тоҷикистону ба ҷиҳод рафтани
полковники як ниҳоди бузурги ВКД ташкил медиҳад.
ОМОН ё гурӯҳи таъиноти
махсуси ВКД як раёсати бутун аст, метавон гуфт ядрои ВКД аст. Чун сарвари чунин
як ниҳоди бузург даст ба хиёнат задаву худро бар ивази пули калон фурӯхтааст,
пас ҳайати роҳбарии ВКД-ро лозим аст, то мардонавор эътироф кунанд, ки онҳо низ
дар ин амр масъулият доранд ва дар назди миллату Сарвари давлат бояд посухгӯ
бошанд. Бархеҳо ба ин назаранд, ки сиёсати носолими коргузорӣ ва мудирият дар Вазорати
корҳои дохилии ҶТ миёни афсарони вазорат, бисёри онҳоро дилсард намудааст.
Воқеан ҳам чаро сардори ОМОН-и ВКД ҶТ ба ҷиҳод ба Сурия
рафт? ВКД бо баргузор кардани даҳҳо нишасту конференсияҳо ба ҷавонон хатари
тундгароӣ ва паёмадҳои пайвастан ба гурӯҳҳои ифротиро фаҳмондадиҳӣ мекард, чӣ
сабаб шуд, ки якбора як афсари баландрутбаи ин ниҳоди интизомӣ ба гурӯҳҳои
ифротӣ пайваст? Пас маълум мешавад, ки коршиносони “нодон”-е,
ки барои ин маъракаҳо ҷалб карда мешуданд, чандон коршинос набуда, ба умқи
масъала ва омилҳои асосии пайвастан ба гурӯҳҳои ифротиро ҳанӯз дуруст
наомӯхтаанд. Маълум мешавад, ки пул, мол ва сарват, ки ин коршиносон омили аслӣ
барои пайвастан ба “ҷангиёни ифротӣ” медонистанд, ҳақиқат надоштааст. Ба гуфтаи
мардум ва ҳамсоягони сарвари ОМОН Ҳалимов аз ҳама лиҳоз таъмин буд ва дар
зиндагӣ мушкилоте пешорӯ надошт. Аммо ин ҳамаро канор гузошта, сафари Сурия
кард?
Зимнан теъдоде аз ҳамкасбони
Ҳалимов дар сӯҳбат бо муаллифи ин сатрҳо баён доштанд ва хоҳиш карданд, то ному
насабашон махфӣ боқӣ монад, аз он нигаронанд, ки гӯё дар ВКД ба кадрҳои
болаёқат он қадар таваҷҷӯҳ намешавад ва вазифаҳои калидӣ ба наздикону пайвандони
мансабдорон тариқи авлодбозӣ тақсим мешавад. Ростӣ, ки намедонам ин гуфтаҳо то
чӣ ҳад воқеият доранд, аммо соле қабл дар ин мавзӯъ бо чанд афсари баландрутбаи
ВКД сӯҳбат доштам, ки онҳо низ аз масоили кадрӣ ва авлодбозиву хешутаборчигӣ
дар вазорат изҳори нигаронӣ карда буданд.
То ҷое метавон ба ин шикваву
эроди милисаҳо бовар кард. Зеро имрӯз дар Тоҷикистон масъалаи интихобу ҷо ба
ҷогузории кадрҳо дар асоси ҷуғрофиёи муносибу авлодбозӣ ва ҳамшаҳришиносӣ сурат
гирифтааст. Маҳз чунин авлодбозиву маҳалбозиҳост, ки аксар маврид ҷурму ҷиноёт
солҳо бидуни пайдонамоии ҷинояткорон боқӣ мемонад.
Ҳафтаи гузашта дар яке аз
сомонаҳо хондам, ки дар ноҳияи Қубодиён ду ҷавонзанеро боздошт кардаанд, ки дар
куштори хушдоманашон муттаҳам мешаванд. Онҳо кушторро 27 январи соли равон
кардаанд ва ба “оперативникони” ноҳия акнун муяссар шудааст, ки қотилонро ошкор
созанд. Ба ин монанд даҳҳо ҷиноёт солҳо пӯшида мемонанд, ки барои сари вақт
ошкорнамоии онҳо донишу маҳорати касбӣ лозим аст.
Аксари коршиносону
таҳлилгарон дар пасманзари нопадид гаштани Ҳалимов ва аз Сурия овоз баланд
кардани ӯ сиёсати нодурусти кадрие, ки дар асоси маҳаллу хешу таборбозӣ сурат
гирифтааст, асосу омил медонанд. Ба гуфтаи онҳо маҳалбозӣ имрӯз сиёсати кадрӣ шудааст, касе ба кадрҳои
болаёқат аҳамияту таваҷҷӯҳ зоҳир намекунад, муҳим аз маҳалли худ будан аст ва фаромӯш
мекунанд, ки ин маҳалбозӣ метавонад ба дунбол мағалбозиҳои зиёде дошта бошад.