Коршинос ва нависандаи муқими Русия таъкид кардааст, ки бархе чеҳраҳои сиёсии ин кишвар барои касби ҷойгоҳ ва матраҳ кардани худ дар ҷомеа, тарҳҳоеро ироа мекунанд, ки раванди сиёсии Маскавро зери суол мебарад.
Ба гузориши “centrasia.ru”, Эрикхон Муҳаммадов бо ишора ба тарҳи пешниҳоди Алексей Журавлёв дар маҷлиси Думаи ин кишвар мабнӣ бар зарурат таҷдиди назар дар муқаррароти пазириши фарзандони коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар боғчаҳо ва мактабҳои давлатии Русия навиштааст, ки фарзандони ин афрод танҳо дар сурати таъйиди сиҳати пардохти молиёт ба давлат дар ин марказҳо пазируфта шаванд, аммо бо ин пешниҳод ба зоҳири майҳанпарастона боз ҳам фишор бар коргарони муҳоҷири хориҷӣ ва ба вижа шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказиро, ки аз нигоҳи ҳуқуқӣ маҳрумтарин фишрҳои ҷомеа ба ҳисоб меоянд, афзоиш медиҳад.
Вай дар идома ба моҷарои боздошти халабони русӣ дар Тоҷикистон дар соли 2010 ишора мекунад, ки сабаби ихроҷи садҳо коргари муҳоҷири тоҷикистонӣ аз Русия шуд, дар ҳоле ки ин афрод ба қазияи халабонон ҳеҷ иртиботе надоштанд.
Аз дидгоҳи Муҳаммадов, фишор бар коргарони муҳоҷир танҳо роҳи касби имтиёзи сиёсӣ барои бархе шахсиятҳои русӣ шудааст, ки ҳар вақт хоҳанд ба ин мавзуъҳо мепардозанд.