Ҳамсари раисҷумҳури барканоршудаи Миср ҳангоми ҳузур дар намози Иди Фитр дар майдони Рабиаи Адавияи Қоҳира барои мардуми ҷамъомада суханронӣ кард.
Наҷло Маҳмуд, ҳамсари Муҳаммад Мурсӣ пеш аз баргузории намози Иди Фитр дар майдони мазкур, дар суханроние хитоб ба ҳозирон гуфт, ки Мурсӣ ба иҷозаи Худованд боз мегардад.
Ба гузориши бошгоҳи хабарнигорони “Ҷавон”, вай Иди Фитрро ба миллати Миср табрик гуфту афзуд, ки аз замони барканории ҳамсарам ӯро надида ва ҳатто садои ӯро ҳам нашунидаам.
Наҷло Маҳмуд таъкид кард, ки мо ба шунидани хабарҳои хуш аз мардуми Робиаи Адавия одат доштем ва боз ҳам мунтазири ахбори хуш ҳастем. Ҳар қадар ҳила ва макри ҳилагарон зиёд бошад, бо макри бузургтар ва қавитар Худованд мавоҷҷеҳ хоҳад шуд.
Ҳизби Худованд пирӯз аст ва мо низ худро аз Ҳизби Худованд ва сарбозони пирӯзи Худованд медонем.