Categories Uncategorized

Оё Ислом сабаби қафомондагии мост? 1

Ашраф Акрам

nahzat.tj

Қисми дуюми «Оё Ислом сабаби қафомондагии мост?» (2)

Ҷаҳолат бузургтарин омили пасмондагии кишварҳо ва шахмонии зеҳнии ҷомеаҳои шарқӣ буда, камсаводию бефаҳмӣ эшонро бастаи андешаву мӯҳтоҷи эҷод ва мутеи сиёсату иқтисоди мардуми зирак ва олате баҳри корбасташон гардонидааст. Аксари мардум дар қафомонии Шарқ дини Исломро муттаҳам намуда, на танҳо дар Ғарб, балки дар мамолики мусалмонӣ ин ақидаро мепазиранд. Дар кишвари мо низ аксар ба ин андеша тавофуқ доранд ва ман ин ҷо сайъ намудам, ба қадри имкон назари хешро дар ин маврид изҳор намоям.

Майл ба ин андеша ё аз нафрату адоват нисбати ин дин ё аз бехабарӣ аз асли он ва таърихи гузашта аст. Худованд мегӯяд: «Даъват кун мардумро ба роҳи парвардигори худ ба илму дониш ва панду насиҳати нек» (Сураи Наҳл, ояти 25).

Шарқ ё мамолики мусалмонии қафомондаю мазлуми имрӯзаи ҷаҳон танҳо дар замони хилофати исломӣ соҳиби қудрату тараққӣ будааст. Хилофати исломӣ дар таърих ба ҳайси бузургтарин ҳукумате зуҳур намудааст, ки тавонистааст қаламрави густурдаву паҳноваре аз сарҳади Чин то Испониёву Сисилиё ва аз сарзамини Ҳинд то Қафқозро бо халқу миллатҳои мухталиф таҳти идораву роҳбарӣ бигирад. Ташкил ва танзими роҳбарӣ дар чунин қаламрав бо тӯлу таркибаш амри саҳлу оддӣ набуда, нишоне аз дониши баланду маҳорати тавони ҳукамои он давр аст, дар ҳоле, ки идораи як кишвари кӯчаке бо як халқу миллият мушкилоти зиёде дорад.

Хусусан, ҳаёт ва ҳокимияти чор ҳоким ё худ халифаи аввали хилофат намунаи олии ибрат барои ҳукамову умарои ҳама давру замон аст. Демократияи дурӯғини имрӯз, ки ҳамчун ниқобе барои қудртхоҳону сарватхоҳон ба кор бурда мешавад, бо маънои асилаш дар таърихи инсоният танҳо дар ҳамин замон дида мешавад.

Агарчанде ин абармардон ҳокимони нисфи ҷаҳон буданд, тавозуъро пеша дошта, аз ғурур мепарҳезиданд. Хешро ҳокими мутлақ нахондаву ҳама масоили давлатӣ бо машварату мувофиқати ашхоси мӯътабару мӯътамаду донишманду кордон ҳал мегардид. Ҷаласаву машвараташон на дар қасрҳои пӯшидаву дастнорас, балки дар масоҷид дар байни омма мегузаштанд. Эшон ба мисли ҳокимони муосир дар қасру кӯшкҳои боҳшамату анбӯҳи ходимону посбонон назиста, дар хонаҳои оддиву дар байни мардум мезистанд. Дар сафарҳои расмӣ эшонро на «Лимузин»- у «Мерседес»- ҳои гаронбаҳову дастаҳои муҳофизони шахсӣ ҳамроҳияшон мекарданд, балки пойи пиёдаву ҳатто ходими хешро дар аспашон савор намудаву дар ҷилави асп гирифта мерафтанд.

Бо вуҷуди оне, ки сарвати олам дар зери тасарруфашон буд, онро ғун надоштаву ба ҳама хешу авлодашон тақсим наменамуданд. Хулафои рошидин луқмае ғайри меҳнати даст намехӯрданд ва ҳар чизи зиёда аз эҳтиёҷи худро садақа медоданд. Аз тарси оне, ки мабодо аз эшон заррае беадолатӣ содир гашта бошад, соатҳои дароз бо гиряву зорӣ дар масоҷид ба зонуву сар ба замин мезаданд. Чунин буд баъзе сифоти ҳукамои мусалмон ва он намунаест барои касоне, ки хешро пайравони эшон мешмаранд.

Халифа Умар бин Хаттоб (р) низоми рушдёфтаи маъмурӣ – молиявиро барқарор намуд, ки хазинаи ҷамъиятӣ аз ҳисоби андозҳои шахсиву заминӣ пур мешуд ва рӯйхати нафақагирони давлатӣ мураттаб шуд, ки ба он аҳли байти Пайғамбар (с), ходимони дин, аскарону зану фарзандони эшон шомил буданд.

Халифаи фарҳангдӯст Маъмун дар шаҳри Бағдод (дар асри 9 милодӣ) Дорулҳикмат – хонаи хирад, тимсоли академияи улуми имрӯзаро таъсис дод, ки дар он уламои ҳамаи соҳаҳои илму эътиқоди гуногун: форсу араб, турку юнонӣ, масеҳию мусалмон ва ҳатто барбару чинӣ дар он ҷо ҷамъ оварда шуданд. Дорулҳикмат китобхонаи ғанӣ, таълимгоҳ, шӯъбаи тарҷума ва чанд расадхонаи ситорашиносиро дар худ фароҳам оварда буд. Бо амр ва таъмини маоши халифа дар ин хонаи маърифат мутарҷимон китобу маъохизи қадимии илмиро аз юнониву паҳлавӣ ва ҳиндиву дигар забонҳои қадимӣ ба арабӣ тарҷума менамуданд ва ҳар кадоме аз эшон соҳиби дониши баланд дар чанд илм буданд.

Сарвари гурӯҳи мутарҷимон Ҳунайн ибни Исҳоқи масеҳӣ буд. Ӯ инчунин забоншиносу табиби ҳозиқ – духтури шахсии халифа Мутаваккил буд. Хулафо тавасути суфарои худ аз қайсарони румӣ дархости дастнависҳои атикиро менамуданд, ки аз ҷумла бо дархости халифа Мансур чанд китоби илмии муфид, дар байнашон «Элементҳо»-и Эвклид ба даст оварда шуд, ки он аз маъруфтарин кутуби риёзӣ ва ҳамчун маводи зарурӣ барои илми ҳандаса то имрӯз мавриди истифода қарор дорад. Тарҷумаи ин китоб аз забони арабӣ нахустин нашри чопии он дар Аврупо дар асри 15 буд. Баъдтар ҳамаи ин китобҳои илмӣ дар Испания ва Сисилия, яке аз манотиқи Италия ба забони лотинӣ ва ибрӣ (яҳудӣ) тарҷума гашта, дар Аврупо маъруф гаштанд.

Тарҷумаи матнҳои тиббии Ҳалену Ҳипократ (зери сарпарастии халифаи аббосӣ, Мансур ва тарҷумаи Абуяҳё ибни Ботриқ дар асри 8 милодӣ) ба забони арабӣ ва мавҷудияти академияи Гундишопур (онро Анӯшервон созмон дода буд) заминаи бунёди бемористони ҷамъиятӣ дар Бағдод (соли 809 милодӣ) гаштанд, ки баъдан дар тамоми шаҳрҳои бузург пайдо шуданд. Ин муассисот ба ҷуз макони табобат ҳамчун марокизи таълимӣ барои таҷрибаандӯзӣ ва соҳиби лисонси духтурӣ ва дорушиносӣ гардидан истифода мешуданд.

Рисолаи Ибни Масовайҳ дар илми бемориҳои чашм ва табобати он – офталмология аз қадимтарин рисолаҳои то ин замон расидааст (як нухсаи он дар китобхонаи Темур Пошо дар Қоҳира ва дуюмаш дар Санкт Петербург маҳфузанд). Даҳ рисолаи Ҳунайн ибни Исҳоқ оид ба чашми инсон ва дастури мураттаб бо диаграммаҳои офталмологӣ дар рушди минбаъдаи ин илм таъсироти амиқи хешро гузоштанд.

Абубакр Муҳаммади Розӣ яке аз аввалин уламои барҷастаи илми тибби мусалмон буд. Аврупоён ӯро ҳамчун олими беҳамтои шарқӣ пазируфта, дар он ҷо бо номи Разес шӯҳрат дорад. Асари муҳимаш дар бораи бемориҳои нағзаку сурхак, энсиклопедияи тиббияш, корбурди таҷриба ва мушоҳидоти табобатӣ, ташхис ва муолиҷаи сурхакон, тавсифи бемориҳои ирсию занона, чашм, офаридани соҳаи акушерӣ ба рушди тиб дар Аврупо таъсири бузурге расониданд.

Ибни Сино, яке аз бузургтарин донишмандони тоҷик, дар илми тиб то чандин аср беназир буд. Аксари заҳамоти кашидаашро дар ин роҳ дар асараш «Шифо» гирд овард, ки баъди тарҷумааш бо лотинӣ то қарни 17 дар Аврупо ба сифати китоби асосии дарсӣ дар макотиби тиббӣ хидмат намуд.

Уламои кимиёгари мусулмон бо озмоишоту таҷрибгузрониҳои илмии худ бо ашёи гуногуни табиъӣ илми кимиёи муосирро поягузорӣ гузоштанд. Олими барҷастаи мусалмон, Ҷобир бин Ҳайён бо таҷрибаҳои лаборатории худ заминае барои иқдоми кимиёгарони баъдинаи Шарқу Ғарб гузошта, аслан ибтидоӣ илми нав – кимиёро гузошт. Ӯ анвоъи мухталифи асбобҳои лабораториро ихтироъ карда, усули тақтир (соф) кардани обро эҷод кард. Алкалоидҳо (моддаи органикии ишқормонанд), туршзоҳо (кислотаҳо) ва намакҳои зиёдро муайян намуд. Кислотаи сулфат, содаи каустикӣ, кислотаи нирогениро барои маҳлулкунии фулузот истеҳсол намуда, симобро кашф кард. Ӯ ҳатто мӯқалами рангмолиро ихтироъ намуд.

(Идома дорад…)

Қисми дуюми «Оё Ислом сабаби қафомондагии мост?» (2)

More From Author

You May Also Like