Имрӯз, 22-юми ноябри соли 2013, Юсуф Дониёров, вакили дифоъи Тоҷиев Умедҷон ва Файзинисо Воҳидова, вакили дифоъи Иброҳимов Зуҳур бо муваккилонашон дар СИЗО-и шаҳри Хуҷанд мулоқот намуданд ва худи боздоштшудаҳо ба вакилонашон гуфтанд, ки онҳо бегуноҳ ҳастанд.
Ҳарчанд, қарор буд Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили МН ҳамроҳ бо вакилони дифоъи Тоҷиев ва Иброҳимов бо онҳо мулоқот кунад, аммо масъулони боздоштгоҳ бо сабаби дарозо кашидани “беморӣ”-и сардори СИЗО ба Муҳиддин Кабирӣ иҷозаи дидорро надоданд, вале ду вакили дифоъи мазкур муваффақ ба мулоқоти онҳо шуданд.
Бино ба манбаъи сомона, Иброҳимов Зуҳур ба вакили дифоъаш Файзинисо Воҳидова гуфтааст, ки ӯ дар муддати се рӯз нахобида будааст ва маъмурони боздоштгоҳ ба ӯ шарт гузоштанд, ки агар ӯ дар баёноти тайёршуда аз худи онҳо имзо кунад, ба ӯ иҷоза хоҳанд дод, ки хоб кунад. Оқои Зуҳур афзудааст, ки ӯ дар ҳолате, ки аз бехобӣ азияти зиёд мекашид, розӣ шудааст, ки дар баёноти тайёршуда имзо гузорад ва ҳамин тавр ҳам кард.
Оқои Зуҳур ҳамаи иттиҳомҳо алайҳи ӯро рад карда, ба вакилаш гуфтааст, ки ӯ дар ягон навъ ҷиноят даст надорад.
Ҳамчунин, Умедҷон Тоҷиев дар мулоқот бо вакили дифоъаш Юсуф Дониёров гуфтааст, ки ӯ дар ҳоле ба баёноти тайёркардаи маъмурони давлатӣ имзо гузоштааст, дар ҳолати мадҳушӣ будааст.
Умедҷон Тоҷиев низ ба вакилаш гуфтааст, ки ӯ бегуноҳ аст.
Дар ҳамин ҳол, Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, ки дар бархе аз мулоқотҳои роҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ бо масъулини баландпояи ниҳодҳои давлатӣ дар шаҳрҳои Исфара ва Хуҷанд ширкат варзидааст, мегӯяд, ки прокурор ва дигар масъулони ниҳодҳои зидахли давлатӣ эътироф кардаанд, ки дар қазияи Умедҷон Тоҷиев шиканҷа вуҷуд доштааст.