Коршиноси масоили сиёсии Осиёи Марказӣ, бо радди иддаои як Маркази пажуҳишии Англия дар хусуси ҳимояти Маскав аз мухолифони давлати Тоҷикистон, онро дуруғи сохта ва бофтаи Ғарб барои ҷуброни шикастҳои худ дар ин минтақа унвон кард.
Одил Вафоев, коршиноси масоили амниятии Осиёи Марказӣ дар гуфтугӯ бо хабанигори “parseek” дар Душанбе бо ишора ба дуруғпардозиҳои Англия дар хусуси воқеъаҳои ахири Тоҷикистон гӯфт, ки Ғарб аз муваффақиятҳои ахири Русия дар баҳси ҳамгироии минтақа нигарон буда, хоҳони ихтилофафканӣ миёни кишварҳои муштаракуманофеъ аст ва ин иқдом низ дар ин росто қобили арзёбист.
Вай афзуда, ки дар ҳоли ҳозир ҳар тарҳе дар заминаи эҷоди бесуботӣ дар ин минтақа аз тарафи кишварҳои ғарбӣ таҳия ва ҳимоят мешавад.
Коршиноси мазкур иброз доштааст, ки пушти парда барои барангехтани ихтилоф ва ташвиш додани зеҳни мардум, ки Русия мухолифони Тоҷикистонро дар кишвараш дастгирӣ ва ҳимоят мекунад, кишварҳои ғарбӣ ва Англия қарор доранд.
Ба андешаи вай мухолифони давлати Тоҷикистон, ки дар Русия ба сар мебаранд, аз тарафи дафтарҳое ки дар Прага ва Вошингтон фаъол ҳастанд ҳидоят мешаванд ва аз тариқи пойгоҳҳои интенетӣ саъй дар роҳандозии танишҳо ва эътирозот доранд.
Ҳамаи гуфтаҳои боло дар ҳолеанд, ки як ниҳоди байналмилалии пажуҳишҳои стратегии “CESI”, ки дар Лондон қарор дорад, бо интишори матлабе дар робита ба ҳодисаҳои ахири кишвар хусусан 10 октябр иброз дошта, ки Русия бо интишори хабари баргузории митинг ба раисҷумҳури Тоҷикистон ҳушдор додааст.