Categories Uncategorized

Оё танҳо қонун кифоят мекунад?

Муаллиф: Юсуф Алқарзовӣ

Таҳиякунанда: Абдуғанӣ Абдулваҳоб


Вуҷуд доштани қонун як амри ҳатмӣ ва зарурӣ мебошад, то ки фаъолият ва зиндагии инсонро ба танзим дарорад. Аммо он ба танҳоӣ наметавонад роҳу рафтори мардумро ислоҳ намуда, эшонро ба роҳи рост ҳидоят кунад. Зеро қонун ба зоҳирии инсон дахл дошта, танҳо онро ҳукмфармо мебошад ва ба ботинии ӯ бошад коре надорад.

Қонун гунаҳгор ё худ муҷримро муҷозот мекунад, вале наметавонад накӯкорро аҷру подоше бидиҳад. Мумкин аст баъзе афрод қонунро мутобиқи майлу хоҳиши хеш роҳандозӣ кунанд, ҳатто мешавад аз он фирор кард. Аз ин фаҳмида мешавад, ки дар сурате он қудрати гирифтани ҷилави фисқу фасодро надошта бошад, пас чӣ гуна метавонад ташвиқгари амали хайр буда, мардумро ба кори нек равона созад?

А. Дароз: Бидуни ақида қонунҳо дуруст амалӣ намешаванд

Ҳар чанд мо қонунро дар мадди аввал гузошта, онро мутобиқи ҳақ ва адолат шуморем ҳам, аммо бо кадом нерую қувват онро татбиқ метавон кард? Танҳо он қуввате, ки метавонад онро татбиқ ва амалӣ намояд он дар вуҷуди худи ҳукумат аст.

Сайид Ҷамолиддин Афғонӣ дар мавриди ҳукумат бошад чунин изҳори назар намудааст: «Ҳукумат танҳо метавонад аз он зулму ифротгароие, ки ошкору ҳувайдост ҷилавгирӣ намояд, на аз фисқу фасоде, ки бапинҳонӣ анҷом дода мешавад. Зеро он аз умури пушидаю пинҳонӣ бахубӣ огаҳӣ надорад ва аз ин рӯ наметавонад ҷилави онро бигирад.»

Бештари вақт худи зимомдорон пайравӣ аз ҳавову ҳаваси хеш менамоянд. Пас чӣ чизе метавонад эшонро аз он хоҳишоте, ки болои ақлашон мусаллат аст, манъ кунад? Ё чӣ метавонад мазлумро аз ҷабри золим бираҳонад?

Аз сӯйи дигар, Муҳаммад Абдуллоҳ Дароз дар асари хеш бо номи «Ад-дин» мегӯяд: «Дар як низом бидуни ҳамоҳангии аъзои он наметавон умр ба сар бурд. Он ҳамоҳангӣ бидуни вуҷуди қонун, ки равобит ва ҳуқуқ ва вазифаҳоро ба танзим дарорад, мумкин нест. Аммо бидуни як ақида, ки мардумро дар баробари қонун аз ботин илзом намуда, аз шикастан ва поймолии он битарсонад, наметавон қонунро ба таври дуруст амалӣ кард

Инсон аз ботин идора мешавад

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳеҷ нирӯе наметавонад дар баробари қувваи ақидавӣ ва динӣ истодагарӣ намуда, дар татбиқи қонун, ҳамоҳангсозии ҷомеа ва истиқрору амният аз он нигоҳ карда кафолати бештаре бидиҳад.

Сир ин аст, ки фарзанди Одам аз дигар ҳайвоноти соҳиби рӯҳ ба куллӣ фарқ мекунад. Зеро тамоми фаъолияту рафтори ӯро чизе аз дохил идора менамояд, ки онро на дида мешавад, на шунида, танҳо метавон онро «ақида» ва «боварӣ» ном гирифт.

Фикру андеша дар умури моддӣ ҳеҷ таъсире намебахшад ва баръакс аз он таъсирпазир хоҳад буд. Пас нафароне, ки хилофи гуфтаҳои боло ё андешаи мазкур амал менамоянд, ба мисли марксизм гумроҳ хоҳанд шуд.

Илм бидун имон рафоҳият ва амниятро кафил шуда наметавонад

Аз ин фаҳмида мешавад, ки мардумро метавон аз ботин идора кард, на аз зоҳир. Он ҳама қавонину зуроварии ҳукумат барои эҷоди як ҷомеаи инсонӣ, ки дар он тамоми ҳуқуқу озодии инсон риоят шавад, кофӣ нест. Зеро нафаре, ки аз тарсу бими ҳукумат ва полис аз қонун пайравӣ мекунад, ҳар вақт фурсате барояш муносиб омад, аз он саркашӣ хоҳад кард.

Марҳум доктор Муҳаммад Абдуллоҳ Дароз дар асари мазкураш «Ад-дин» инчунин овардааст: «Ин иштибоҳи маҳз аст, ки танҳо илмро кафили амният ва рифоҳӣ дониста, тарбияи ахлоқи диниро зарур нашуморем. Зеро илм ба мисли як шамшери дуҷониба аст, ки метавон онро дар умури хайру шар истифода кард. Аз ин рӯ, барои хуб ва дуруст истифода шудани илму маърифат, ба як муроқиб зарурат дорем, то равишу рафтори инсонро ба ҷониби хайру некӣ равона созад. Он муроқиб «имон» ва «ақида» ном дорад.»

More From Author

You May Also Like