Categories Uncategorized

19 май – «Дави миллӣ» дар кишвар

Рӯзи 19 май, «Дави миллӣ» дар Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

Тавре дафтари матбуотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии кишвар хабар дод, ин маърака ба муносибати чанд ҷашнҳои миллӣ; 15-солагии Рӯзи «Ваҳдати миллӣ», 20-солагии Иҷлосияи «таърихи»-и XVI- уми Шӯрои Олӣ, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон  ва 21 солагии  Истиқлолияти кишвар бахшида шудааст.

Ҳадаф аз ин мусобиқа тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҳарчи бештари қишрҳои мухталифи ҷомеа ба варзиш мебошад.

Бино ба иттилоъи манбаъ, дави миллӣ дар масофаи 10 км баргузор шуда, кӯдакон, пиронсолон ва маҷрӯҳон метавонанд масофаи дилхоҳро бо роҳгардиии оддии варзишӣ тай намоянд.

Дар шаҳру навоҳии кишвар, тибқи хатсайрҳо, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ дар шаҳру навоҳӣ тасдиқ мегардад, доир мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ин маърака рӯзи 15 май соати 8.00 аз маҳаллаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб оғоз гардида, дар Наврӯзгоҳи тозабунёди шаҳри Душанбе  ҷамъбаст мегардад ва бf ғолибон мукофотҳо супорида хоҳад шуд.

More From Author

You May Also Like