Categories Ахбори рӯз

Оё Убайдуллоев ба гирдиҳамоӣ иҷоза медиҳад?

Оё Убайдуллоев ба гирдиҳамоӣ иҷоза медиҳад?

Чанд сокини шаҳри Душанбе аз раиси шаҳр, Маҳмадсаид Убайдуллоев дархост кардаанд, ки барояшон иҷоза бидиҳад, то пагоҳ, 17-уми апрел аз соати 08:00 то 11:00 дар назди бинои Сафорат Олмон дар Тоҷикистон гирдиҳамоӣ барпо кунанд.

Суоле ба миён меояд, ки оё Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳр ба ин нафарон иҷоза медода бошад?

Мавҷуда Соҳибназарова, рӯзноманигор бар ин аст, ки ба ин гурӯҳ иҷоза дода намешавад, чунки шахсияти онҳо муайян нест. “Фикр мекунам, раиси шаҳри Душанбе иҷозат намедиҳад, чунки аввалан барои гузаронидани митинг борҳо ба шаҳрдорӣ муроҷиатҳо шуда буданд ва ҷавоби рад шуниданд. Ҳамчунин шахсияти нафароне, ки ба гузаронидани митинг иҷозат пурсидаанд ба касе шинос нест ва кӣ медонад, ки ин нафарон чӣ мегӯянд ва чиро шунидан мехоҳанд,. Яъне митинги чанд рӯз пеш дар назди Сафорати Олмон гузашта бори дигар нишон дод, ки мо чиқадар фарҳанги пасте дорем ва митинг ташкил мекунему намедонем, ки чӣ мехоҳем”.

Ба андешаи коршинос, Шуҳрат Латифов талаб кардани гирдиҳамоӣ қонунӣ аст ва ё ба он иҷоза медиҳанд ё не ин аз шаҳрдорӣ вобаста мебошад. “Танҳо пешниҳод ба ташкилкунандагон ин аст, ки дар муроҷиатнома агар эътироз дар назди сафорати Афғонистон низ мебуд, хуб мешуд. Мувофиқи иттилои ахбори умум зиёда аз як сол аст, ки афсарони тоҷик дар ин кишвар бандӣ ҳастанд ва ҳамчунин Сафорати Афғонистон ба Сафорати Олмон наздик аст. Дигар он ки дар назди Сафорати Русия низ эътироз кунанд, зеро мувофиқи маълумоти амният, зиёда аз 75% ҷангиён дар сафи ДОИШ, аз Руссия сафарбар мешаванд”.

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси кишвар изҳор медорад, ки “Агар аз худи раиси шаҳр вобаста мебуд, бидуни шак иҷозат намедод, зеро чанд маротиба шаҳрвандон ва созмонҳои иҷтимоӣ бо риояи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Тоҷикистон дар минтақаҳои гуногуни кишвар ва шаҳри Душанбе бо ҳадафҳои мушаххас ба мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ муроҷиат карда буданд. Аммо ягон маротиба посухи мусбат нагирифта буданд”.

Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ “бо вуҷуди он ки Конститутсия ва қонунгузорӣ шаклҳои эътирози шаҳрвандонро ҳамчун воситаи муҳими демократӣ эътироф менамояд, аммо давлат аз он меҳаросад. Чунин тарзи мубориза ба одати сиёсӣ табдил меёбад ва боиси муташаниҷ гардидани авзои ҷомеа мешавад. Дар ҳоли ҳозир бошад ба эътирози гурӯҳи шаҳрвандон, ки дар Олмон баргузор гардид гурӯҳи муайян дар мувофиқа бо раҳбарияти сиёсӣ бояд аксуламал нишон диҳад.

Бинобар ин эҳтимолияти зиёд вучуд дорад, ки раиси шаҳр барои гирдиҳамоӣ иҷозат диҳад. Қаблан чунин ҳолатро дар назди Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Иттиҳоди Аврупо низ мушоҳида кардан мумкин буд”.

Сино Абосов, сокин пойтахт низ бар ин аст, ки шаҳрдорӣ ба ин афрод иҷозаи ташкил кардани гирдиҳамоиро намедиҳад, “Аслан фикр намекунам, ки аз ҷониби шаҳрдорӣ иҷоза дода шавад, ки ин нафарон гирдиҳамоӣ ташкил кунанд. Зеро дар сурати иҷозат додан дигар нафароне, ки қаблан иҷозати пикету дигар намуди гирдиҳамоиҳоро пурсида буданду ба онҳо иҷозат дода нашуд, ин барои онҳо як шансе мешавад, то онҳо низ худсарона даст ба ин кор зананд”.

More From Author

You May Also Like