Тоҷикистон танҳо кишвари форсизабон дар миёни кишварҳоест, ки дар иҳотаи Шӯравии собиқ қарор дошт. Аммо акнун Эрон дар эҷоди равобити наздиктар ба Тоҷикистон бо Русия рақобат мекунад. Теҳрону Душанбе, ҳазор километр фосила доранд, аммо вақте руасои ҷумҳурии ду кишвар мулоқот мекунанд, ниёзе ба мутарҷим надоранд. Тоҷикистон ва Эрон ду кишваре ҳастанд, ки забони аксарияти мардуми онҳо форсӣ аст ва Афғонистони даризабон байни онҳо қарор дорад. Вақте Шӯравии собиқ суқут кард, Эрон аввалин кишваре буд, ки Тоҷикистони мустақилро ба расмият шинохт.
Ба гузориши “voanews”, парчами Эрон улгуе барои парчами Тоҷикистон будааст. Ба гуфтаи манбаъ, Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ мегӯяд, мо ду кишвар як миллат ҳастем, фақат мо дар маҳдудае зиндагӣ мекунем, ки Тоҷикистон хонда мешавад ва эрониҳо дар ҷое зиндагӣ мекунанд, ки Эрон номида мешавад. Агар мазҳаби ду кишвар, яъне шиъа сунниро мадди назар қарор диҳем, дар воқеъ як таърихи муштарак, адабиёти муштарак, дини мушарак ва забони муштараке дорем.
Маҳмуд Аҳмади Нажод, раисҷумҳури Эрон, ки чандин маротиба ба Тоҷикистон сафар мекунад, мегӯяд, ду кишвар як рӯҳ дар ду бадан ҳастанд. Аҳмади Нажод моҳи сентябри гузашта барои ифтитоҳи як нерӯгоҳи барқии обӣ ва имзои тавофуқ барои сохти як нерӯгоҳи дигар ба Тоҷикистон сафар кард. Эрон ҳар ду нерӯгоҳро идора хоҳад кард, то замоне ки шартномаи ба имзорасидаи онҳо тамом шавад.
Сайфуллоҳ Сафаров мегӯяд, манфиъатҳои ду кишвар дар як росто қарор доранд. Манфиъатҳои иқтисодии ду кишвар, тавсеъаи манбаъҳои энергетикӣ, густариши тиҷорат ва тавсеъаи фарҳангӣ ҳама дар як росто қарор доранд. Манбаъи мазкур изҳор доштааст, ки Чину Эрон бузургтарин сармоягузорони хориҷӣ дар Тоҷикистон ҳастанд. Чину Эрон мехоҳанд як хати роҳи оҳан бисозанд, ки аз Тоҷикистон убур хоҳад кард.
Ҳамчунин манбаъи мазкур дар идомаи гузоришаш овардааст, ки бархе аз таҳлилгарон бар ин боваранд, ки Русия қудрате дорад, ки беш аз як қарни дигар аз саҳнаи Тоҷикистон маҳв нахоҳад шуд. Манбаъ афзуд, М.Кабирӣ мегӯяд, Эрон ва Русия ҷои якдигарро нахоҳанд гирифт ва ҳар як аз онҳо ҷойгоҳи вижаи худро дар Тоҷикистон доранд. Ӯ мегӯяд, беш аз як миллион нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия зиндагӣ мекунанд.
Аммо ба назар мерасад, 2500 соли таърихи муштарак байни Тоҷикистон ва Императори Эрон ба тадриҷ бар ҳокимияти садсолаи Русия дар ин кишвар соя хоҳад андохт.
Зафар Абдуллоев мегӯяд, пас аз суқути Шӯравии собиқ дар Осиёи Миёна ду кишвари форсизабон Эрон ва Тоҷикистон танҳо замоне метавонанд як равобити воқеъан амиқ дошта бошанд, ки Эрон ба таври озодӣ чархиш кунад.
Categories
Ахбори рӯз