Categories ҶОМЕА

Обама: “Намедонем инфиҷорҳо кори кист”

Раисҷумҳури Амрико бо ҳузур дар нишасти хабарӣ гуфт, ки ҳанӯз мушаххас нест, ки чӣ касе ё гурӯҳе инфиҷорҳои шаҳри Boston – ро анҷом дода ва лозим аст то таҳқиқот дар ин маврид идома ёбад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Барак Обама, раисҷумҳури Амрико мегӯяд, дастгоҳҳои иттилоотии ин кишвар ҳанӯз намедонанд чӣ фард ё гурӯҳе инфиҷорҳои маргбори шаҳри Boston – ро анҷом додаанд. Бо ин ҳол Обама ба амрикоиҳо вахда дод, масъулони ин инфиҷорҳоро шиносоӣ кунад.

Ин дар ҳолест, ки чанд соат қабл ду инфиҷор дар шаҳри Boston – и Амрико сурат гирифт. Бар асари ин ифиҷорҳо ҳадди ақал 2 кушта ва беш аз 10 нафар низ захмӣ шуданд.

Обама дар нишасти хабарӣ, ки дар мавриди ин инфиҷорҳо сурат гирифт гуфт, ки сар то сари Амрико дар вазъияти омодабош қарор мегирад, то мушаххас шавад чӣ фард ё гурӯҳе масъули ин инфиҷорҳо будааст.

More From Author

You May Also Like