Муборизаҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Миср расман аз рӯзи душанбе, 30.04.12 бо рақобат миёни номзадҳои исломгаро ва номзадҳои дигар оғоз шуд.
Ба гузориши хабаргузории “euronews”, Муҳаммад Мурсӣ, номзади исломгарои Ихвонул муслимин дар яке аз баромадҳои интихоботии худ бо ишора ба орзуҳояш барои иҷрои шариъати исломӣ дар Миср гуфт: “Ман муддатҳо мунтазири ин рӯз будам. Рӯзе ки битавонем шариъати исломиро барои мардумамон ва барои худамон амалӣ кунем.”
Даври аввали интихоботи раёсати ҷумҳурии Миср 3 ва 4 июн ва даври дуввуми он 27 ва 28 июни соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.