Имрӯз дар Алмато ҷаласаи Вазирони корҳои хориҷии узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ба кори худ шурӯъ менамояд. Гуфта мешавад, ки дар ҷаласаи мазкур омодагиҳо барои таҷлили таъсиси 10-умин солгарди ташкилёбии СҲШ мавриди таҳлилу баррасии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ қарор мегирад. Ҳамчунин дар нишаст як қатор аснод омодакарда шуда, барои тасдиқ ба иҷлоси роҳбарони кишварҳои аъзои СҲШ фиристода мешавад. Қарор аст, ки раҳбарони давлатҳои аъзои СҲШ рӯзҳои 13 -14 июн дар шаҳри Остона ҷамъ оянд.
Categories
Ахбори рӯз