Бо ташаббуси Иттиҳодияи синамогарони тоҷик аз 17 то 21 май дар шаҳри Душанбе ҳафтаи синамои Қирғизистон гузаронида мешавад. Гуфта мешавад, ки дар ин рӯзҳо беҳтарин филмҳои қирғизӣ барои тамошобинон нишон дода мешаванд. Чорабинии мазкур дар Хонаи синамои Зебунисо гузашта, дар он тамошобинон бо беҳтарин филмҳои ҷадиди истеҳсоли Қирғизистон ошнойӣ пайдо мекунанд. Дар поёнии ҳафтаи синамои Қирғизистон дар Тоҷикистон интизор меравад, ки як мизи гирде дар мавзӯи пешравӣ ва мушкилоти синамои Қирғизистон баргузор мегардад.
Categories
Ахбори рӯз