Categories Uncategorized

Оқилтарин инсон

Аз Шаддод писари Авс ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуданд, “Ҳушёру доно касе аст, ки нафси худро идора кунад ва барои баъд аз марг омодагӣ намояд. Нодон ва нотавон касе аст, ки тобеъи ҳавоҳои нафсонии худ бошад ва орзуҳои беҷо нисбат ба Худованд дошта бошад”. Ҳадиси мазкур бо ривояти Тирмизӣ ва Ибни Моҷа зикр шудааст.

Дар замони ҳозир шахси доно ва ҳушёр ба касе мегӯянд, ки дорои молу мулк ва ё дар дарёфт кардани моли дунёӣ тавонмандӣ дошта бошад. Аммо таълимоти исломӣ хилофи он буда, аниқтараш зери шарҳи ҳадиси боло уламои Ислом бар ин назаранд, ки шахси оқилу доно ба касе гуфта мешавад, ки бештар тӯшаи охират барои худ омода карда бошад. Ҳамзамон таълимоти дини Ислом баён медорад, ки чун зиндагии воқеъӣ охират аст ва ин ҷаҳони чандрӯза бақое надораду фаношуданист, лизо инсони муваффақ ва комёб касе аст, ки ҳар чи бештар барои ҷаҳони охирати худ омодагӣ дошта бошад. Ғайр аз ин инсони комёб ва растагор онеро гӯянд, ки дар ин ҷаҳон мутобиқи ризои илоҳӣ зиндагӣ кунад. Аз ин сабаб инсонҳои донишманд ва ҳушёр касоне ҳастанд, ки дар ин ҷаҳон дар садади омодагӣ ва тӯшаандӯзӣ барои охират буда ва аз хоҳишоти нафсонӣ парҳез мекунанд. Инсони оқил худро бандаи мутеъи Парвардигор қарор медиҳад. Аммо касоне ки худро банда ва асири шаҳватҳои нафсонӣ карда ва ба ҷои итоъат ва пайравӣ аз дастуроти илоҳӣ, аз тамоюлоту хоҳишоти шайтонӣ пайравӣ мекунанд ва бо вуҷуди ин орзуҳову умедҳои беҷо ва бемаврид аз Худованд доранд, ингуна инсонҳо қатъан нодон ва барои ҳамеша инсонҳои номуваффақ хоҳанд буд.

Дар ҳадиси мазкур ҳамчунин тазаккури ҷиддӣ ба он даста аз афроде дода шуда буд, ки дар зиндагии рӯзмарраи худ аз аҳкоми илоҳӣ ва ҷаҳони охират ғофил ва бепарво буда, тобеъи хоҳишоти нафсонӣ ҳастанд. Бо вуҷуди ин худро умедвори раҳмату карами илоҳӣ медонанд ва ҳангоме ки ба онҳо тазаккур дода шавад ва ё мавриди насиҳат қарор гиранд, изҳор медоранд, ки Худо ғафуру раҳим аст. Ҳадиси мазкур бошад, ба онҳо ҳушдор медиҳад, ки оқибат ва саранҷоми онҳо нокомӣ ва хусрон хоҳад буд.
Лозим ба ёдоварист, ки мақсад аз ҳадис ин намебошад, ки инсон дар дунё молдору доро набошад, балки дар ин ҳадис дар бораи касоне баҳс меравад, ки онҳо охирати худро ба дунё табдил додаву ҳаёти дунёиро асоси худ қарор додаанд. Дар баробари ин шахсони доро ва молдоре, ки мутобиқи аҳкоми Худованд амал мекунанду бойгарии худро тӯшае барои охират қарор додаанд, ҳамеша сарбаланду соҳибаҷр назди Худован мебошанд.   

More From Author

You May Also Like