ИброҳимиСайиднуриддин
Санкт-петербург, Русия
03.01.2012, 18:49
Ҳарфи ваҳдат аз Набӣ омӯхтем,
Лек онро бо амал нандӯхтем.
Ҳам ухувват буд амри он ҷаноб,
Ки бишуст онро мусалмон боб-боб.
***
Ман нагӯям ваҳдататро гум макун,
З-он ки дидам аз кафат рафта бурун.
Аз аҳодиси Набӣ хон к-ин ҷидол[1],
Бар сари уммат биёрад сад вубол[2].
***
Раҳм кун бар уммату ихвони[3] хеш,
Нафъи дин авло бидон аз они хеш.
Зинда кун нури ухувват дар дилат,
То шавад хушбӯ чу мушк обу гилат
***
Ҳам чакад аз токи ту оби ҳаёт,
Дур гардад аз басиратҳо[4] ҳиҷоб[5].
Ку ҷавони муслими бо рою ҳанг,
Зинда бошад дар дилаш номусу нанг.
***
Барканад аз дил ҳавасҳои ниҳон,
Хона созад баҳри худ дар он ҷаҳон.
Аз Набӣ таълими дин омӯхта,
Бар макорим[6] қалби худ афрӯхта.
***
Аз хисолаш дар ҷаҳони чорсӯ,
Мекунад аз илму ҳикмат ҷустуҷӯ.
Ҳамнафас бо мост ӯ дар ин ҷаҳон,
Лек қасдаш фатҳи абвоби ҷинон[7].
***
Нағмаи ӯ субҳгоҳон Фуссилат[8],
Оли Имрону Нисо[9], Қад уҳкимат.
Хидмати динро ба худ созад ҳадаф,
Синаи ӯ дурри ҳикматро садаф.
***
Тақвии Эзид бувад пироҳанаш,
Хам нагардад пеши ботил гарданаш.
Мустафо бошад имому раҳбараш,
Суннаташ сармояву тоҷи сараш.
***
Ҷумла асҳоби Набиро дӯстдор,
Сирати эшон бихонад бор-бор.
Қимати умр аз Ҳасан[10] омӯхта,
Зуҳду тақво чун Фузайл[11] андӯхта.
***
Аз суханҳои Муҳаммад Мункадир[12],
Менамояд қасри худро мунҷабир.
Молику[13] фарзанди Идрис[14] раҳбараш,
Фиқҳи Нуъмон[15], зуҳди Аҳмад[16] дар бараш.
***
Амру наҳйи[17] шаръро дар рӯзгор,
Мепазирад, менамояд ошкор.
Дӯстдори дину Қуръону намоз,
Мебарад бо холиқаш дар шаб ниёз.
***
Субҳдам бо сад дуову ибтиҳол,
Мекунад ризқи ҳалол аз Ҳақ суол.
По ба майдони амал маҳкам ниҳад,
Фазли молашро[18] ба мискин медиҳад.
***
Ҳар ятими бепадарро ӯ падар,
Сар бимолад, дӯст дорад чун писар.
Бар фақиру бенавоён дастгир,
Ишқи дирҳам баҳри ӯ нодилпазир.
***
Синаи ӯ махзани сидқу сафо,
Пайраву ҳам дӯстдори Мустафо.
Шамъи ӯро равған аз ихлос ҳаст,
Дар сиришташ хӯи хосалхос ҳаст.
***
Фикри равшан, биниши соқиб[19] дар ӯ,
Ҳикмату ҳилму ано[20] ахлоқи ӯ.
Чун шутур бори гарон гирад ба дӯш,
Меравад ҳамвора бе ҷӯшу хурӯш.
***
Асри нав аз шамъи ӯ рӯшан шавад,
Гар биёбоне равад, гулшан шавад.
Дар раҳи дин ҳаст маҳкам чун ҷибол[21],
Офарин бар ҳар кӣ дорад ин хисол!
***
Эй мусулмонзода, сурат сохтӣ,
Пӯст дидӣ, мағз дур андохтӣ.
Аз фиреби асри нав ҳушёр бош,
Солик[22] андар маслаки[23] ахёр[24] бош!
***
Гар ту мехохӣ, сурури[25] ҳар ду дор,
Ҳам шавӣ хушбӯ чу гул дар навбаҳор.
Пой маҳкамтар бинеҳ дар роҳи дин,
Зиндагӣ рӯшан кун аз шаръи мубин.
***
Маънии дунёву уқбо гӯядат,
Ҳам зи фонӣ сӯйи боқӣ хонадат.
Аз ғубору дуд чашматро бишӯ,
То бибинӣ маънии шаръат накӯ.
***
Пайрави Қуръон бишав бо ҷону дил,
Дил манеҳ бар ин ҷаҳони сангу гил.
Холиқи кавн ин ҷаҳон хас ном бурд,
Ҳам зи боли пашшае камтар шумурд.
***
Бар гиёҳи хушк ташбеҳаш бидод,
Мурдаву афсурда андар роҳи бод.
Лаҳву бозӣ ном кардаш дар «Ҳадид»[26],
Куҳна бишмораш агар бошад ҷадид.
***
Мо мусофир, ин ҷаҳон монанди роҳ,
Менашояд умр коҳӣ баҳри коҳ.
Оқилу доно намебояд шумард,
Аз пайи ағёр онки раҳ сипард.
***
Хос барои торнамои www.nahzat.tj
[1] – ҷанҷолу ихтилоф
[2] – оқибати бад ва нохуш
[3] – бародарону дустон
[4] – ақлу идрок, биниши қалб
[5] – парда
[6] – ахлоқҳои ҳамида, рафторҳои сутуда
[7] – дарҳои биҳишт
[8] – сураи 41-уми Қуръон
[9] – ишора ба сураҳои 2-юм ва 3 -юми Қуръон
[10] – Ҳасани Басрӣ, (21-110 ҳ), зоҳид ва яке аз бузургони тобии
[11] – Фузайл ибни Иёз, (107-187ҳ), зоҳиди асри дуввуми ҳиҷрӣ
[12] – Муҳаммад бин Мункадир аз бузургони тобии
[13] – Имом Молик писари Анас, соҳиби мазҳаби машҳур аз мазоҳиби муътабари исломӣ
[14] – Муҳаммад писари Идрис, Имом Шофиъӣ, асосгузори мазҳаби шофиъӣ
[15] – Нуъмон ибни Собит номи Имом Абуҳанифа
[16] – Имом Аҳмади Ҳанбал, Имоми аҳли суннат, соҳиби мазҳаб ва китоби муснад
[17] – фармудаҳо ва бозддоштҳо
[18] – он моле, ки аз ниёз бештар аст
[19] – нигохи бурро ва фаҳми амиқ
[20] – оҳистагӣ
[21] – куҳҳо
[22] – роҳрав
[23] – роҳу равиш
[24] – беҳтаринҳо
[25] – хушҳолӣ, шодӣ
[26] – номи 57- ум сураи Қуръон