Categories Ахбори рӯз

О. Бобоев дар бораи фишорҳо: Ин амалкарди мақомот ба манфиати кор нест

Муддатест, ки сарусадоҳо дар мавриди аз узвият хориҷ кардани аъзои ҲНИТ аз
тарафи масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, ҷамоатҳо ва амнияту умури дохилӣ
зиёд шунида мешавад. Даҳҳо далелу ҳолатҳои нақзи қонун дар расонаҳо нашр шудаву
афроди огоҳи ҷомеа аз он ба хубӣ хабар доранд. Идораи сомонаи “Наҳзат” тасмим
гирифт, то дар робита ба дурустии ин амал ва паёмадҳои он назари роҳбарони
аҳзоби сиёсии кишварро ба нашр расонад.

Усмон Солеҳ, роҳбари шӯъбаи иттилоот ва таҳлили Ҳизби
халқӣ-демократӣ

То куҷо маҷбур аз ҳизб хориҷ кардани аъзои ҲНИТ аз ҷониби мақомотро ман
намедонам, зеро мо ба ингуна далелҳо рубарӯ нашудаем. Вале узвият дар ҳизб ин
ихтиёрӣ буда, ҳар кас ба иродаи худ ихтиёр дорад, ки дар ин ё он ҳизб шомил
шавад.

Шодӣ Шабдолов,
раиси Ҳизби комунист

Ҳар як фард бояд барои ариза навиштан ишора накунад, ки касе ӯро маҷбур
кардааст. Ин ҳуқуқи конститутсионии шаҳрванд аст, ки ӯ кадом ҳизберо интихоб
карда, узв шавад. Магар мо ягон нафарро маҷбур барои бақайд гирифтан кардем,
не, пас ӯ худ, ки узв шуд бигзор худаш ҳал кунад. Ишора кардан ба фишорҳо ин
сустии ҳамон фардро нишон медиҳад. Ба ман ҳам зиёд фишор оварда буданд, ки аз
ин ҷо равам, вале ман нарафтам ку…

Олим Бобоев,
раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ

Аслан ҳар як маҷбурият чизи хуб нест, дар кишварҳои демократӣ даст ба ин
кор мезананд, ки ин бад аст. Вале бо авзои имрӯзаи кишвар, бахусус ба кишварҳои
исломӣ, ки дар як ҳолати ногувор ҳастанд, чунин амалкарди мақомот ба манфиати
кор нест ва ин паёмади хуб надорад.

Саидҷаъфар
Исмонов, раиси Ҳизби демократ

Моҳи гузашта ман дар ноҳияи Панҷ ва
Фархор бо мардум вохӯрӣ доштам ва қабл аз рафтанам ба ҳукуматҳои ноҳия ва
ҷамоатҳо эълон карда будам, ки ман барои вохӯрӣ меравам. Ман муддати 5 рӯз
вохӯрӣ доштам, хоҳиш кардам аз ҳамаи ҷамоатҳо, ки ҳар нафаре дилхоҳ мушкилӣ
дорад, омада гап занад. Вале чунин амалҳоро аз ягон нафар нашунидаам. Дар он ҷо
ҳаргуна проблемаҳо буд, вале аз касе махсус дар мавриди фишору таҳдид, шикояте
аз аъзои ҲНИТ нафаҳмидам.

Абдуҳалим
Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистӣ

Он нафароне, ки аз ҳизб хориҷ мешаванд ман намедонам то куҷо онҳо аъзои
ҲНИТ ҳастанд ё не. Зеро ман дар як мақолае хондам, ки ҲНИТ мегуфт, ки он
нафароне аризаи хориҷ шуданро навиштаанд, ба ҳизби мо мансуб нестанд. Модоме,
ки ба ҳизби наҳзат мансуб набошанд, пас онҳо нафароне ҳастанд, ки як гуноҳе
содир кардаанду аз тарафи ин ё он мақомоти қудратӣ мавриди баррасӣ қарор
гирифтаанд. Ман фикр мекунам, ки шахсоне аз аъзои ҲНИТ буданду мавриди муҳокима
қарор гирифтаанд, аз рӯи муҳокимаи ВАО шахсиятҳое ҳастанд, ки ҳақиқатан гуноҳ кардаанд.
Вақте гуноҳ накарда бошад, чаро ӯро таҳқир мекунанд. Аз ин рӯ, вақте ҲНИТ
мегӯяд ин нафарон аъзои мо нест, ин маънои онро дорад, ки онҳо нафароне
ҳастанд, ки ба гурӯҳҳои тундрав дохил ҳастанд, ба гурӯҳҳои миллату давлатро, ки
халалдор мекунанд дохил ҳастанд.

More From Author

You May Also Like