Categories Ахбори рӯз

О. Бобоназарова: Тоҷикистон дар рӯйхати “махсус”-и поймолкунандаи ҳуқуқи шаҳрвандон қарор дорад

Дар шаҳру навоҳии
кишвар мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, амният ва корҳои дохилӣ
аъзои Ҳизби наҳзати исломиро барои
навиштани ариза ҷиҳати хориҷ шудан аз сафи ҳизб маҷбур мекунанд. Оид ба ин мавзӯъ,
сомонаи “Наҳзат” ба чанд нафар ҳуқуқшиносон ва равшанфикрон бо суоли “То куҷо
ин амали кормандони мақомотҳои дахлдор дурусту қонунӣ ҳаст ва чӣ паёмадҳое
барои кишвар хоҳад дошт, муроҷиат намуд.

Ойниҳол
Бобоназарова, доктори илмҳои ҳуқуқ

Ҳамагуна фишор новобаста болои аъзои ҲНИТ, балки болои афроди дигар ҳам ин
худ қонунвайронкунӣ мебошад. Вақтҳои
охир мо мебинем, ки фишорҳо болои аъзои ҲНИТ зиёд аст, ин маънои онро дорад, ки
ҳамаи ин як чизи супоришӣ аст. Он мақомоти қудратӣ, ки дар маҳалҳо ҳастанд,
онҳо аз пеши худ ҳеҷ вақт коре намекунанд, агар аз марказ тарҳрезӣ нашуда
бошад. Як нафаре, ки дар як ҳизбе, ки дар Вазорати адлия сабтином шудааст, ҳеҷ
кас ҳуқуқ надорад, ба ӯ бигӯяд ҳизбро тарк кунад. Зеро ин ҷо талаботи Сарқонуни
кишвар, қонун дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ ва тамоми санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ оид ба
ҳуқуқи инсон, озодии андеша ва ихтиёран шомил ва хориҷ шудан аз ҳизбҳои сиёсӣ пурра
вайрон ва поймол карда шуда истодааст. Фикр мекунам, ин кор на ба фоидаи мардум
аст ва на ба фоида кишвар. Масъалаи фишор болои диндорон натанҳо дар ВАО-и
кишвар, балки дар кишварҳоидигар низ ин хабар
ҳаст. Масалан дар Амрико дар соли 2015 комиссия оид ба ҳуқуқҳои диндорон Тоҷикистонро
ба рӯйхати махсуси “нигаронкунанда” дохил кардааст. Яъне, фишорҳо оқибатҳои хуб
надоранд, бояд ҳукумат тамоми чораҳоро биандешад, то пеши роҳи фишорҳо гирифта
шавад ва нисбати афроди қонуншикан чораҳо
биандешанд.

Шокирҷон Ҳакимов, доктори
илмҳои ҳуқуқ

Тамоми фишорҳо заминаи
қонунӣ надоранд. Дар шароити Тоҷикистон бидуни супориш ё дастури мақомоти болоӣ
ин амалҳо амалӣ карда намешаванд. Шояд ният доранд, ки бо истифода аз ин усул
ба таври сунъӣ шумораи аъзои ҳизбро кам карда, созмонҳои маҳаллии онро барҳам бидиҳанд
ва баъд масъалаи қатъи фаъолияти ҳизбро баррасӣ намоянд. Ба фикрам замоне фаро
расидааст, ки баъди муроҷиати расмии раҳбарияти ҲНИТ ба мақомоти дахлдор,
Прокуратураи генералӣ ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Вазорати адлия дар
мувофиқа бо Прокуратураи генералӣ комиссияи муштарак таъсис дода, нияту ҳадафҳо
ва ангезаи чунин муносибатро таҳқику тафтиш намуда, баҳои ҳуқуқӣ бидиҳанд.

Дар акси ҳол,
минбаъд бо мақсади қонеъ гардондани ғаразҳои гурӯҳҳои муайян ташаббускорон метавонанд
бисёрҳизбиро ҳамчун шарти асосии давлати демократӣ, рушди гуногунандешӣ барҳам
дода, давлати худкомаро ташаккул бидиҳанд.

Ғолиб Мусоев, як
сокини пойтахт

Ин фишорҳо билохира
паёмади сангине дорад. Ба андешаи ман мушовирони президент оид ба бастани ҲНИТ
нафароне ҳастанд, ки умуман дар фикри ин миллат нестанд. Дар замоне, ки ҳамаи
дунёро ҷанг фаро гирифта, садҳо мушкилӣ моро таҳдид дорад, монеагузорӣ ба
фаъолияти ҲНИТ як хизмати хирсонаи ин нафарон ба президент аст. Онҳо бо ин роҳ
мехоҳанд ҲНИТ-ро як душмани сарсахти президент нишон диҳанд. Дар ҳоле, ки ҳоло
мақомотҳои Тоҷикистонро зарур аст, барои ифротӣ нашудани ҷавонон чораҳои қатъӣ
биандешанд. Онҳое, ки ҳоло дар аз пушти ҲНИТ ҳастанду ба ришу ҳиҷоби мардум
мубориза мебаранд заррае дар фикри ободии ин миллат нестанд. Наход миллате, ки
дар ба дару бе ҷои кор аст, адолати судӣ надорад, 100 мушкилии дигар дорад, боз
ба ангезаҳои динияш нохун бизанӣ?! Инро ба фикрам нафароне, рохҳандозӣ
мекунанд, ки умуман дар фикри фитнаандозӣ ва шуронидани мардум аст.

Мардони Муҳаммад, рӯзноманигор

ҲНИТ дар чорчӯби қавонини Тоҷикистон фаъолият мекунад ва фишор овардан болои аъзои ҳизб ва водор сохтани онҳо барои хориҷ шудан аз суфуфи ҳизб нодуруст аст. Аслан ба назари коршиносони дохилию хориҷӣ, аз ҷумла, коршиносони саршиноси Русия фаъолияти қонунии ҲНИТ барои давлати Тоҷикистон муфид ва амн хоҳад буд. Зеро фаъолияти он таҳти назари давлат сурат мегирад. Аммо дар сурати бастани фаъолияти ин ҳизб мумкин аст, аъзои он ба таври пинҳонӣ фаъолияти худро идома диҳанд, ки ин барои давлати Тоҷикистон хатарзо хоҳад буд.

More From Author

You May Also Like