Categories СИЁСАТ

Пайдо накардани тифлакони ноболиғ нотавонмандии мақомот аст ё…?

Таҳияи Умеди Сиддиқшоҳ

26-уми март сайти расмии ВКД хабар дод, ки ба шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Тимур Аралов, сокини кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе муроҷиат карда, аз бедарак шудани ду тифли ноболиғ хабар додаст. Тимур Аралов гуфтааст, рӯзи 25-уми март, тақрибан соати 16:00 духтари хурдсолаш Малика Аралова, соли таваллудаш 2007, ҳамроҳи духтарчаи бародараш Сабина Аралова, соли таваллудаш 2008, аз хона барои бозӣ берун рафта, дигар ба хона барнагаштаанд. То омода шудани ин пурсиш, 3 апрели соли равон аз атфол ҳанӯз дараке набуд. Бинобар ин суоли навбатиро манзури намояндагони ақшори мухталифи ҷомеа чунин матраҳ намудем: пайдо нашудани кӯдакон нотавонмандии ВКД нишон медиҳад ё қазия аз ин бештар аст?

Воҳидхон Қосиддинов, масъули дастгоҳи раиси ҲНИТ

– Воқеъан, ин масъала нотавонмандии мақомоти ВКД-ро нишон медиҳад. Чаро ки пайдо накардани ду кӯдак дар муддати як ҳафта ва он ҳам дар ҷомеъае, ки иддаои масъулиятшиносӣ мекунанд, ҷойи нанг аст.

Ман боварӣ дорам, ки агар ин қазия дар яке аз кишварҳои ҳамсояи мо рух медод, мақомоти дахлдор дар муддати кӯтоҳ онҳоро пайдо мекарданд, ҳадди ақал қазияро муайян мекарданд. Мутаассифона, норавшании ин масъалаи заъифии давлтдории моро возеҳ месозад. Ва зимнан бояд гуфт, на танҳо масъулини Вазорати умури дохилӣ, балки дар умум, тамоми сохтори мо таҷдиди назар мехоҳад.

Алим Шерзамонов, масъули ҲУСДТ дар ВМКБ

– Чунин гумшуданҳо дар Тоҷикистон ҳама вақт вуҷуд дошт ва ин бори аввал нест. Фарқ дар он аст, ки ин кӯдакҳо аз як оила буданд ва дар маркази шаҳр рабуда шуданд .Тавре аз амали ВКД ва дигар сохторҳои марбута бармеояд, мақомот он қадар дар талоши пайдо кардани кӯдакон нестанд. Ҳамагон шоҳид гаштем, ки аз бойгонии ВКД бо сабабҳои номаълум рӯйхати 96 гумшуда пок шудааст. Хулоса то ин дам ҳам одамрабоӣ аз ин кам набудаст, вале тамоми кӯшишхо ба харҷ дода шудаанд, ки ин ҳама расонаӣ нашавад. Маҳз сиёсати ВКД ва дигар сохторҳои марбута боъиси он шудааст, ки мубориза бо чунин аъмоли даҳшатнок самар наоварда истодааст.

Муслима Броимшоева, масъули ҲНИТ дар ВМКБ

– Вақтҳои ахир рух додани чунин амалҳо боиси нороҳатии мардуми мо гардида, ки дар ин ҷо мо танҳо мақомоти дахлдорро айбдор меҳисобем. Дар ин масъала бепарвоии падару модар мушоҳида намешавад. Ин ки мегӯянд, волидайн ба фарзандони худ таълиму тарбия ва аҳамият намедиҳад, асос надорад.

Баҳром Самадов, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров

– Ба фикри ман, ин ҷо қазия аз ин ҳам бештар аст. Вале ВКД-ро айбдор кардан аз рӯи адолат нест, зеро мардуми худи мо бетараф шудаанд. Масалан, чанде пеш аз тариқи телевизион дар бораи духтарчаи 8 ё 9-моҳаи аз ҷониби падараш қатлшуда хабар доданд, ки чӣ гуна мардуми Русия ӯро ҳамакаса баромада ҷустаанд. Ман, мутаассифона, номи шаҳру номи духтарчаро дар ёд надорам, аммо мардумро ба сӯйи он мехонам, ки бояд тамоми мардум шаҳр ба по хезад ва кулли хонаҳоро ҷустуҷӯ кунад. Ба ҳар ҳол, агар Худо накарда бо фарзандони мо ин ҳодиса рух медод, ман тамоми умр ин ҳодисаро аз хотир дур карда наметавонистам. Агар ҳамон шабу рӯз мардум мекофтанд, шояд духтарчаҳо пайдо мешуданд.

Ба ҳар ҳол, ВКД-ро лозим меояд, ки дурусттар корҳоро дар ин ҷода ба роҳ монанд. Дирӯз тавассути телевизион мутталеъ шудам, ки дар наздикиҳои маҳаллаи масҷиди “Сурх”-и шаҳри Хуҷанд писараке гум шудааст. Агар ҳамин гуна ҳама фарзанд гум кардан гиранд, метарсам, ки оянда кӯдаконро намегузоранд, то дар кӯча бозӣ кунанд.

Маҳмадуллои Асадуллоҳ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ

– Ҳоло ягон сирри ин ҳодиса ошкор нест, ҳатто ҷиноят будани ин масъала дақиқ нашудааст ва онро мо ҷиноят гуфта наметавонем.

Вазорати корҳои дохилӣ тамоми чораҳоро барои пайдо кардани ноболиғон дида истодааст. Фармони махсуси вазири умури дохилӣ дар бораи ташкил кардани гурӯҳи корӣ аз ҳисоби беҳтарин кормандони мақомоти дахлдор содир шуда. Тамоми гурӯҳи кормандони ғайриштатӣ, кормандони “дружначиёни ихтиёрӣ” ва дигар кормандоне, ки дар ин чорабиниҳои ҷамъиятӣ ба масъулини мақомоти дохилӣ ҳамкорӣ мекунанд, вобаста шудаанд. Ғайр аз ин ВКД барои онҳое, ки дар бораи ин тифлакон ягон маълумот медиҳанд, ҷоиза ва мукофот пешниҳод кардааст.

Дар умум, тамоми чораҳо барои пайдо кардани ноболиғон дида шудаанд, вале мутаассифона, маълумоте то ҳол дар бораи тифлон ба мо нарасидааст.

Сабоҳат Сафарова, муаллимаи мактаби миёна– Ростӣ, аз шунидани ин хабар хеле ҳам нороҳатам, чунки ман ҳам модарам. Барои ягон модар чунин ҳолатро Худованд ҳаргиз нишон надиҳад. Дар ин ҳодиса ман нотавонии ВКД – ро намебинам. Фикр мекунам, ин амалро як нафар не, гурӯҳе тарҳрезӣ кардаанд, ки дар касби худ хеле моҳиранд. Ва барои ин гурӯҳ бори аввал нест, даст ба чунин амали зишт задан.

Бисёртар дар хабарҳо хондам, ки коркунони ВКД – ро гунаҳгор ҳисоб мекунанд, лекин ман фикр мекунам, ки онҳо ҳар чӣ аз дасташон ояд, ҳамонро мекунанд. Дар ҳамаи соҳаҳо дар иҷрои баъзе корҳои ҳатмӣ коргарони дараҷаи олӣ ҳам баъзан оҷиз меоянд. Монанди табибе, ки сахт мехоҳад маризашро табобат кунаду илоҷашро намеёбад.

Замониддини Насриддин, аспиранти Донишгоҳи иктишофии геологии Русия

– Дӯстони мақомотиам ба ман гуфтанд, ки халқ ба мо кӯмак намекунад. Бо кӯшиши мардум ин масъала ҳалли худро пайдо карда метавонад. Ва ман фикр мекунам, мақомот аз кормандони ҳирфаӣ камбудӣ мекашад. Ва ин камбудӣ дар кашфи ҷиноятҳои оянда низ таъсир мегузорад.

Ашрафиддин Ҷалолиён, равшанфикри тоҷик

– Ба назари банда, ин қазия мутахассиси соҳа набудани кормандони ВКД – ро нишон медиҳад. Ё ба ибораи дигар кормандони ВКД дар кори худ моҳир нестанд. Зеро шаҳри Душанбе на он қадар шаҳри бузург аст, ки дар давоми 5-6 рӯз ду тифли гумшударо пайдо карда натавонанд. Ҳадди ақал масъаларо возеҳ менамуданд, ки чӣ ҳолат рух додааст.

More From Author

You May Also Like