Пайкари захмии ҷаҳони Ислом ниёз ба дармон дорад

Устод Кабирӣ, раҳбари Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо мушорикат дар бистуҳафтумин конфронси байналмилалӣ дар Теҳрон бо дарназардошти вазъияти нобасомони ҷаҳони Ислом, зимни суханронӣ ба муҳимтарин гирифториҳои он ишорат намуда, таъкид дошт, ки “бо вуҷуди он кӣ дини Ислом дини сулҳ ва оштӣ, меҳру муҳаббат ва муколамаву якдигарфаҳмист, вале боз ҳам имрӯз кишварҳои исломӣ маркази даргирӣ ва қатлу нооромиҳо шудаанд”.
Ин сиёсатмадори шинохтаи сатҳи байналмилал, ки суханронии худро бо мавзӯи “Ҷаҳони бидуни хушунат” матраҳ карданд, ишора ба ин нукта доштанд: “Қатлу куштор дар миёни мусалмонон ҳам дар мақоми фикру андеша ва ҳам дар мақоми амал ба як мавзӯъи содаву осон табдил шудааст. Мутаассифона касоне ҳастанд дар ҷаҳони Ислом, ки бо номи Ислом ҳукм ба қатли бародари мусалмонро содир мекунад. Гурӯҳҳои ифротӣ шамшер бар зидди бародари мусалмони худ мекашанд”.
Устод Кабирӣ ба яке аз сарчашмаҳои равонӣ ва фалсафии низоъу кашмакашиҳои ҷаҳони Ислом ишорат намуданд, ки: “инсонҳо чӣ дар заминаи сиёсӣ ва чӣ илмиву иқтисодӣ бо ранҷу заҳмат ва талоши чандинсола ба як ҷойгоҳи иҷтимоъӣ мерасанд. Аммо гурӯҳу инсонҳое ҳастанд, ки бо андешаҳои ифротӣ ва амалҳои нодуруст қасди ба даст овардани мақому шӯҳратро доранд. Албатта душманони Ислом ҳам аз ин фурсат ва ин гуна инсонҳо истифода бурда, тухми фитнаву душманиро дар миёни уммати исломӣ мекорад”.
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар суханронии худ хориҷ шудани ибтикори амал аз дасти гурӯҳ ва андешаҳои муътадилро иллати тарвиҷи ифротигароӣ дониста, гуфт: “Мутаассифона қурбонии хушунат ва даргириҳо ҷаҳони Ислом аст. Имрӯз Ислом ва муслимин пайкари захмиеро мемонад, ки ниёз ба дармону табобат дорад. Фикр мекунам, ваҳдату бародарӣ беҳтарин давои ин захм аст”.
Эшон дар бахши дигаре аз суҳбати хеш ба авлавиятбандии масоили илмӣ, иқтисодиву технологӣ ва ваҳдати исломӣ дар ҷаҳони Ислом пардохта, фармуданд: “Агарчи кишварҳои исломӣ ба илм, санъату иқтисод ва ободонӣ ниёзи шадид доранд, аммо на бояд фаромӯш кунем, ки тамомии ин масоил дар гарави ваҳдат ва амният, сулҳу дӯстӣ ба даст меояд”.

More From Author

You May Also Like