Categories ТАҲЛИЛ

Пайравӣ аз Абуҳанифа моро аз мушкилот мераҳонад

Таври маълум, вохӯриҳои Муҳиддин Кабирӣ бо ҷавонон бо ҳукми анъана даромадаанд, ки албатта, ин ҳама тибқи барномаи кории Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон сурат мегиранд. Маротибаи ахир 16 май бо ташаббуси шуъбаи ҷавонон ва варзиши ҳизб вохӯрии раиси ҲНИТ, вакили парлумон Муҳиддин Кабирӣ бо ҷавонон доир гашт. Аммо пеш аз он ки ба баррасии масоили матраҳ дар ин дидор бипардозем, бояд гуфт, агарчи ин гуна вохӯриҳо вохӯриҳои раиси ҲНИТ бо ҷавонон унвон мегиранд, вале дар асл на танҳо ҷавонон ба чунин дидорҳо иштиқманд ҳастанд, балки дигар ақшор, афроди синну соли мухталиф низ хоҳиши ширкат дар ин гуна дидорҳоро доранд, ки ин ҳам, албатта, сабаб дорад.
Агарчи дар тафовут ба вохӯриҳои гузаштаи Муҳиддин Кабирӣ бо ҷавонон дар ин вохӯрияш афроди калонсол ба назар мерасид, тафовути дигари ин дидор дар он буд, ки ба ғайр аз ҷавонони сокини навоҳии шаҳри Душанбе ҷавонони дигар манотиқи кишвар ҳам ҳузур доштанд. Тавре Фахриддин Усмонзода, масъули шуъбаи ҷавонон ва варзиши ҳизб гуфт, бо вуҷуди ширкати ҷавонони чор ноҳияи шаҳри Душанбе дар ин вохӯрӣ 25 нафар аз ҷавонони минтақаи Қӯрғонтеппа, 30 нафар аз минтақаи Кӯлоб ва 80 нафари дигар аз навоҳии тобеи марказ иштирок доштанд.

Интихоби роҳ

Ба гуфтаи масъули шуъбаи ҷавонон ва варзиши ҲНИТ, вохӯрии мазкур бахшида ба Рӯзи ҷавонон баргузор мегардад.
Бояд гуфт, ҳанӯз аз соли 1997 ҳамасола 23 –юми май ҳамчун Рӯзи ҷавонон дар Тоҷикистон таҷлил мегардад. Маҳз ба ҳамин хотир дидори навбатии раиси ҲНИТ ба масъалаҳои ҷавонон бахшида шуд.
Муҳиддин Кабирӣ аввалин масъалаеро, ки мавриди таваҷҷуҳ карор дод, ин интихоби роҳ аз ҷониби ҷавонони имрўза дар зиндагӣ буд. Ба андешаи Муҳиддин Кабирӣ, чун феълан, ки фанноварӣ тараққӣ ёфтааст ва ҷавонон низ, ки дар як маҳдуда зиндагӣ намекунанд, интихоби роҳи минбаъдаи ташаккул барои онҳо мушкил гаштааст. Ба гунаи мисол, раиси ҲНИТ шароити ҷавонони имрӯзаро бо шароити ҷавонони дар аҳди шӯравӣ ба сарбурда ба риштаи қиёс кашида, гуфт, «барои ҷавони ҳозира ҳазорҳо сарчашма ва иттилооти гуногун дастрас аст, дар ҳоле ки замони шӯравӣ танҳо як идеология вуҷуд дошт ва ҷавони онрӯза ҳам ҳар он чӣ дарёфт мекард, дар доираи ҳамон идеология буд». Аммо ҳозир, ки сарчашмаҳои мухталифи иттилоотию илмӣ, фанноварии навин рушд ёфта, ҳамчунин адами идеологияи ягона ҷавононро дар ҳолати мушкилии интихоби роҳи зиндагӣ қарор медиҳад.
Бале, новобаста аз он ки ғояи давлатии замони шӯравиро касе қабул дошт ё не, он амалӣ мегашт. Дар чунин ҳол, касе ҷонибдори ғоя буд, самт барои ӯ маълум мешуд, аммо касеро ғоя мақбул намеафтод, роҳи дигареро меҷуст, то мувофиқа ҳосил шавад. Агар чунин ҳам набудӣ, ҳадди ақал муайян буд ҳадди мувафаққияте, ки мувофиқ ба ғоя аст.
Тибқи сарчашмаҳои илмӣ, адами идеологияи давлатӣ нишонаи демократия аст, вале ин ҷанбаро низ бояд дар назар дошт, ки ҳарчанд дар ин маврид сабукӣ вуҷуд дорад, ғояҳои дигаре рӯйи кор омадаанд, ки дар баъзе вақт қабули давлату ҳукумат намешаванд ва ҷавоне, ки пайрави он аст, гирифтори мушкил мегардад.
Бо таваҷҷуҳ ба ин масоил Муҳиддин Кабирӣ гуфт, дар чунин мулоқотҳо дар ростои интихоби роҳ бояд ба ҷавонон кӯмак намоянд. Зеро ҳарчанд иштибоҳи ҷавонон хатароти камтар дорад, вале хатои калонсолон хисороти бештар доштааст, ки ба андешаи ин ҷониб, яке аз онҳо дар роҳнамои ҷавонон набудани онҳо зоҳир мегаштааст.
Дар доираи ин масъалаҳо рӯҳафтодагии иддае аз ҷавонон ҳам зикр гашт, ки раиси ҲНИТ дар баробари ин нуқта аз таҷрибаи ҷавонони муваффақ ёдовар шуда, изҳор дошт, соири ҷавонон бояд пайи омӯзиши чунин таҷрибаҳо бошанд. Манзур аз ҷавонони муваффақ на он ҷавононест, ки бинобар маблағ ё маснади падар ба ҷое расидаанд, балки роҳҳои расидан ба муваффақиятро аз ҷавононе бояд омӯхт, ки бо меҳнати ҳалол ва арақи ҷабин қуллаҳои беҳтар гардонидани шароити зиндагиро паси сар намудаанд.
Бо вуҷуди ин бо назардошти вуҷуди василаву иттилоъ ва роҳҳои гуногуну ихтиёрдории ҷавонони ҳозира аз он васоил Муҳиддин Кабирӣ гуфт, ҷавонони кунуниро намешавад, дар як қолаб нигоҳ дошт. Барои ба роҳи дуруст ҳидоят кардани онҳо бояд муколамаро ба роҳ монд.

Чун сухан аз муколама рафт, бояд иброз дошт, ки раиси ҲНИТ бо назардошти суолгузориҳои ҷавонон омодагии ҳизбро ҷиҳати даъвати раиси Шӯрои уламои кишвар ба ин ҷо ва суолу ҷавоби мустақими ӯ бо ҷавонон изҳор дошт. Ҳатто изҳор дошт, ки раиси қаблии Шӯрои уламо ба Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон омада буд.

Ваҳдат – рӯзи истироҳат

Чун вохӯрии мазкур дар арафаи Рӯзи ҷавонон ва наздик ба Рӯзи ваҳдат доир гашт, Муҳиддин Кабирӣ ба масъалаи ваҳдати миллӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Ӯ аввалан ҷавононро ба муносибати ин рӯз табрик кард, вале гуфт, «ваҳдат ба як рӯзи истироҳат» бадал шудааст. Раиси ҲНИТ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки оҳиста-оҳиста ба кунҷи фаромӯшӣ рафта истодааст. Ба ин хотир ишора намуд, ки ба хотири рӯз танҳо истироҳат эълон мешаваду халос.
Шояд баъзе дар ин маврид афкори мухталиф дошта бошанд, аммо воқеият он аст, ки ваҳдат ба маънои том амалӣ нашудааст. Ин ҷо сухан на танҳо аз яктарафа ҷашн гирифтани ин рӯз меравад, балки сухан сари он аст, ки бархӯрди назарҳо ба шеваи шадид дар ҷомеа ба назар мерасад ва қисматнамоии қишрҳо ё гурӯҳу маҳалҳо аз адами ваҳдати том шаҳодат медиҳад. Яъне агар қаблан гуфта мешуд, ки танҳо як ҷониб худро ташаббускори сулҳ ҷилва медиҳад, дар ҳоли ҳозир дар ҷомеа низ чунин ҷудокуниҳо ба назар мерасад, ки фосилаи калимаи «ваҳдат»-ро байни амалигардӣ ва таҳаққуқи он дар ҷомеа бештар менамояд. Шояд аз ҳамин сабаб аст, ки Муҳиддин Кабирӣ гуфт, «ваҳдат оҳиста-оҳиста фаромӯш шуда истодааст. Чӣ бояд кард, ки ваҳдат тақвият ёбад?». Дар робита ба ин суоли худ мухтасаран ҷавоб гардонд, ки «ҲНИТ тасмим дорад ки моҳи июнро моҳи тақвияти сулҳу ваҳдат» эълон дорад.
Масоиле, ки дар боло зикр гаштанд, масъалаҳое буданд, ки аз ҷониби худи раис ироа шуданд. Дар зимн тазаккур бояд дод, аз суолдиҳии ҷавонон бармеояд, ки онҳо ба дигар масъалаҳо низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Онҳо бештар дар мавриди озодию маҳдудиятҳои динӣ, сабабу авомили он, тундгароӣ ва сабр, афзоиши талоқ, вуҷуди тақаллуб, рӯоварӣ ба фарҳанги аврупоӣ, фаъолияти ташкилотҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон, муҳоҷират, шаҳрвандии Русияро қабул намудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар асоси қавонини нави кишвари аввалӣ ва ғайра мароқ зоҳир намуданд. Дар умум, метавон гуфт, ҷавонон ба сиёсати хориҷӣ ва дохилӣ, усулҳои таҳаққуқи ин сиёсатҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Дар масоили озодии динӣ, ки бархе таълимоти динӣ гирифтанро дар кишвар имконнопазир мегуфтанд, раиси ҲНИТ иброз дошт, ки чунин дарк ғалат аст, зеро омӯзиши масоили динӣ имконпазир аст, ҳарчанд маҳдудиятҳо зиёданд. Ӯ дар робита ба ин масъала ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд», ки рафтани ҷавонони то 18-соларо ба масҷид мамнуъ медонад, ибрози назар намуда, инчунин аз вуҷуди Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ишора намуд. Дар ин замина афзуд, «мушкили ҷомеаи мо як гурӯҳи тундрав аст, яъне ҳам гурӯҳи тундрави динӣ ва ҳам дунявӣ. Ин гурӯҳҳо ақаллият ҳастанд. Вале гурӯҳи муътадили динию дунявӣ, ки сабур ҳастанд, аз онҳо гурӯҳҳои тундгаро сӯистифода мекунанд».
Дар ростои ташкилотҳои байналмилалӣ ва Тоҷикистон бошад, бо таваҷҷуҳ ба сухани Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон суол шуд, ки «агар ӯ мегӯяд, ҳар куҷо Созмони Амнияти Ҳамкорӣ дар Аврупо аст, он ҷо нооромист, чаро Тоҷикистон узвияти ин созмонро пазируфтааст?». Дар ҷавоб ба ин суол Муҳиддин Кабирӣ гуфт, «чун тағйироту иловаҳо ба қонуни амалкунандаи интихоботи Маҷлиси Олӣ ворид карда шуд, дар лоиҳаи қонун ва суҳбати Муҳаммадалӣ Ватанов ҳамчун субъекти лоиҳаи қонун гуфта мешуд, «мо ба хотири амалӣ кардани тавсияҳои САҲА ин лоиҳаи қонунро пешниҳод кардем.
Воқеан, САҲА чанд тавсия пешниҳод кард, ки Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон онро ҷонибдорӣ намуд. Ман низ дар суҳбатам гуфтам, лоиҳае, ки мо пешниҳод карда истодаем, яке аз заминаҳояш тавсияҳои САҲА мебошад. Вале якбора ҳуҷум ба САҲА оғоз шуд. Ман фикр мекунам, ки мақсади Шукурҷон Зуҳуров танқиди САҲА набуд, балки ӯ дигар чизро дар назар дошт».
Ҳамзамон вакили парлумон бо он ки гуфт, Ғарбро дар Ғарб ва Шарқро дар Шарқ танқид менамояд, афзуд, дар Аврупо каромоти инсониро эҳтиром қоиланд ва «аксари касоне, ки мегӯянд, бадбахтии мо аз Аврупост, ё фарзандҳояшон он ҷо зисту зиндагӣ менамоянд ё он ҷо тиҷорату суратҳисоб доранд ё умуман, тамоми сафарҳояшон ба Аврупо сурат мегирад». Ҳарчанд вакили парлумон гуфт, Аврупо як қатор камбудӣ низ дорад, вале аз онҳо ёдовар нашуд.
Бояд гуфт, бештари суолҳо сари озодию маҳдудиятҳо дар ростои дину диндорӣ ва таълими исломӣ буду аз таҷрибаи ин ё он кишвар ҳадс зада мешуд. Чун сухан дар ин масъала меравад, албатта, масъалаи муътадилию тундгароӣ ба миён меояд. Бо назардошти ин ҷанбаҳо Муҳиддин Кабирӣ гуфт, «агар ба Абуҳанифа пайравӣ кунем, тамоми мушкилоти мо ҳал хоҳад шуд. Замони Имом Абуҳанифа дар Ироқ, Басраву Кӯфаву Бағдод байни ҳам меҷангиданд, аммо Имоми Аъзам ин мушкилотро рафъ кард».

Ба ҷойи хулоса

Қаблан ҳам дар боло гуфтем, ки ба ин вохӯрӣ на танҳо ҷавонон, балки афроди дорои синну соли гуногун низ омада буданд ва ин ҳам сабаби худро дорад, ки он ҳам сарфаҳм нарафтани шаҳрвандон ба баъзе иқдомот аз ҷониби масъулини давлатӣ будааст. Дар баробари ин аз вохӯриҳои раиси ҲНИТ бо ҷавонон метавон чунин бардошт намуд, ки ҷавонон ҳам дар қатори калонсолон оиди бисёр масъалаҳо донистан мехоҳанд. Яъне эшон суолҳои бепосухи зиёде доранд. Ҳатто суолҳоеро матраҳ мекарданд, ки ҷавоби дақиқ додан ба онҳо берун аз ваколати ҳизбию намояндагист. Ба ин гуна суолҳо бояд масъулине ҷавоб диҳанд, ки ба курси мансаб такя задаанду масъулияти онҳост посух додан ва чунин амал ҳам ҳисоботдиҳанда будани ҳукумати иҷроияро нишон медиҳад. Аммо ҳайҳот.
Суолҳои ҷавонони ҳозира мабоҳиси «Рӯ ба рӯ»-ро ба ёд меоранд, вале набояд рӯ ба рӯйи ҷавонон танҳо Муҳиддин Кабирӣ қарор дошта бошад, балки масъулини ҳукуматӣ низ бояд дари ин гуна дидорро ба рӯйи ҷавонон боз намоянд, то ҳам ҳисоботдиҳанда будани ҳукумат маълум шаваду ҳам интихоби роҳи зиндагии минбаъда барои ҷавонон гаронӣ накунад. Вале боз ҳам фикрамро фикри дигаре барҳам мезанад, ки ин гуна рӯ ба рӯшавӣ бо мақомот таҳаққуқ мепазирад ё хаёли хоме хоҳад буд?

Маҳмадалӣ Муҳсинов

More From Author

You May Also Like