Панду андарз

Панду андарзcolorstart:#000000Андар Рамазон хоки ту зар мегардад,
Чун санг, ки сурмаи басар мегардад.
Он луқма, ки хӯрдаӣ қазар мегардад,
В-он сабр, ки кардаӣ, назар мегардад.

(Мавлоно)

Аз каломи раббонӣ

Ва вақте бандагонам туро аз Ман бипурсанд, (бидонанд, ки) Ман (ба онҳо) наздик ҳастам, дуъо ва хостаи дуъокунандаро, вақте Маро бихонад, иҷобат менамоям. Пас (онҳо низ) Маро истиҷобат намоянд-бипазиранд ва ба Ман имон оваранд, то ҳам ба рушду савоб ва роҳи рост раҳнамун гарданд (сураи «Бақара» ояти 186).

Шайтон ваъда медиҳад ба шумо тангдастиро (агар харҷу сарфи мол кунед дар роҳи Худо) ва амр мекунад шуморо ба беҳаёӣ ва Худо ваъда медиҳад ба шумо омурзишро аз ҷониби худ ва неъмат доданро. Ва Худо соҳиби ҷуду карам ва доност (сураи «Бақара» ояти 268).

Медиҳад донишро (илми фоиданокро) ба ҳар кӣ хоҳад ва ҳар кӣ дода шуд ӯро дониш, пас ҳамоно дода шуд ба ӯ некии бисёрро. Ва пандпазир намешаванд (аз оёти Қуръон) магар соҳибхирадон (сураи «Бақара» ояти 269).

Ай муъминон! Фармонбардорӣ кунед Худо ва Расули Ӯро ва рӯй нагардонед аз амри Худо, ҳол он ки, шумо мешунавед (Қуръонро) (сураи «Анфол» ояти 20)

Аз аҳодиси набавӣ

Расули акрам (с) фармуданд: «Рӯза танҳо аз худдорӣ аз хӯрдану нӯшидан иборат нест, балки он худдорӣ аз лаҳву беҳудагӣ, бадрафторӣ ва носазогӯиро низ шомил мебошад. Бинобар ин, касе туро (ба вақти рӯза) дашном диҳад ва ё бар ту ҷаҳл намояд, бигӯ ман рӯзадорам.
Аз Абуҳурайра (р) ривоят шудааст, ки марде назди Паёмбар (с) омад ва суол кард: эй Расули Худо! Чӣ садақае аз лиҳози аҷр бузургтар аст? Паёмбар (с) фармуданд: «Садақае, ки ту дар ҳоле, ки худ солим ва тандуруст ва алоқаманд ба он бошӣ ва аз фақр битарсӣ ва орзуи сарват дошта бошӣ, онро бибахшӣ. Ва садақа доданро то ҳангоми марг, ба таъхир наяндозӣ ва он вақт бигӯӣ: фалон моли ман барои фалон кас ва фалон қисмати дигар барои они дигар бошад (дар ҳоле, ки он моли дигар аз они варасаи ту мебошад ва моли ту нест)».(Ҳадиси «Муттафақун-алайҳ).

Аз Абуҳурайра (р) ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) фармуданд: «Худованди мутаъол мефармояд: ҳар касе бо як валӣ ва дӯсти Ман душманӣ кунад ва ӯро биозорад, Ман бо ӯ эълони ҷанг мекунам ва маҳбубтарин чиз назди Ман, ки бандаам ба василаи он ба Ман наздик мешавад, аъмолест, ки бар ӯ фарз кардаам ва бандаи Ман ҳамеша бо анҷом додани суннатҳо ба Ман наздик мешавад то он ки ӯро дӯст медорам ва чун ӯро дӯст доштам, гӯши ӯ хоҳам шуд, ки бо он мешунавад ва чашми ӯ мешавам, ки бо он мебинад ва дасти ӯ хоҳам шуд, ки бо он ҳамла ва дифоъ мекунад ва пои ӯ мешавам, ки бо он роҳ меравад ва агар аз Ман чизе бихоҳад, ба ӯ ато мекунам ва агар аз шарри чизе ба Ман паноҳ ҷӯяд, ӯро паноҳ медиҳам» (Имом Бухорӣ ривоят кардааст).

Аз Абусаъиди Худрӣ (р) ривоят шудааст, ки гуфт: аз Паёмбар (с) шунидам, ки мефармуд: «Агар касе аз шумо кори зиштеро дид, бояд бо дасти худ ба муқобила ба он барояд ва барои тарки он бикӯшад ва агар натавонист, бо мавъиза ва насиҳат дар рафъи он иқдом кунад ва агар бар ин кор низ тавоно набуд, дар дили худ он амали нораворо макрӯҳ ва зишт бишуморад (ва аз омили он дурӣ гузинад) ва ин (мухолифат танҳо дар дил ва адами дафъи амали мункар бо даст ё забон) нишони заъифтарини имон аст».

Қавли ёрони Расулуллоҳ (с)

Бандае, ки ба хотири кадом молу матоъи дунявӣ кибр ва ғурур кунад, то вақте Аллоҳ (ҷ) бар вай ғазаб мекунад, ки ин кибрро тарк кунад. Мутаваҷҷеҳ бош, ки Аллоҳ (ҷ) ҳамаи чизро мебинад ва бар ҳамаи ҳолот хабардор аст (ҳазрати Абубакри Сиддиқ (р)).

Он кас, ки дар шар ва гуноҳ мусолиҳа кунад, фотеҳ нест, балки мағлуб аст.

Ту ҳақиқатан домани ростро маҳкам бигир, агарчи ростӣ туро ба марг бирасонад (ҳазрати Умар (р)).
Лағзиши забон аз лағзиши по хатарноктар аст.

Баъзе вақт бахшидани муҷрим сабаби хатарнок шудани муҷрим мегардад (ҳазрати Усмон (р)).

Он сарбозе, ки дар роҳи ба сомон расонидани вазифаи ватанӣ ба хуни худ рангин шуда, дар ин дунё ном ва ифтихор ба даст меорад, ҷаннат насибаш мешавад (ҳазрати Алӣ (р)).

Гуфтори бузургон

Худованд (ҷ) барои дар ҳар ҳол иҷобат кардани дуъои мазлум ва ҷазо додани золим қодир мебошад, вале дар аксари ҳолатҳо аз меҳрубонияш барои золим вақту фурсат медиҳад, то фардои қиёмат золим даъво накунад, ки агар ба ман фурсат медодӣ тавба мекардам. Аммо сад афсус, ки на ҳама золимон ин ҳақиқатро дарк мекунад ва тавба менамоянд. Зеро яке аз иллатҳои даст ба зулм задан ин кибру ғурур мебошад ва он монеъаи бузургест барои пазируфтани ҳақ ва рӯ овардан ба инсофу адолат ( Домулло Мирзозода)

Ислом барои нигоҳ доштани ягонагӣ ва саодати иҷтимоъии мусулмонон бо таъкид амр карда, ки аз мухолифат бо якдигар бипарҳезанд. Аз омилҳое, ки байни мусулмонон тафриқа эҷод мекунад иҷтиноб кунанд. Ислом дастур додааст, ки агар дар коре бо якдигар ихтилоф пайдо кардаанд, бо ихлос ва нияти пок ба китоби Худо ва суннати Расули акрам (с) муроҷиат кунанд (Абул –аъло Мавдудӣ)

Эй бародари мусулмон! Каме ист ва аз худ бипурс. Дар ин айёми бузург барои фардо чӣ омода намудаӣ? Онҳоро чӣ тавр гузарониданӣ ҳастӣ? Оё ҳама рӯзҳо барои ту як аст? Оё рӯза гирифтӣ ва ният дорӣ? Оё садақа кардӣ? Оё силаи раҳм намудӣ? Оё ба модару падарат накӯӣ кардӣ? Оё Худоро бештар зикр кардӣ? Оё китоби Ӯро бештар тиловат намудӣ? Оё ба даргоҳи Худованд нолаву зорӣ намудӣ? Ман ҳам шуморо мепурсам ҳам худро, то ин саволҳоро барои худ диҳем ва худ ба он посух диҳем. (Имодуддин Аҳмад)

Эй инсон! Ту фарде маъмулӣ нестӣ, хаёл накун барои хӯрду хӯрок ба ин дунё омадаӣ, ту ба андозае шахсият дорӣ, ки олам барои ту ба вуҷуд омадааст. Агар аз Қуръон пурсида шавад, ки олами вуҷуд барои чист? Ва ҳадафи он кадом аст? Ҷавоб «инсон» аст.

Дигар танҳо хоинон ва душманони миллат ва дастнишондодагони бегонапараст бо ин ё он баҳона дар кишвар нооромӣ эҷод мекунанд. Аз ин ба баъд, мо тоҷикистониҳо бояд даври ҳам бинишинем ва мушкилоти худро худамон ҳал кунем, набояд касе моро аз хориҷи кишвар таҳрик диҳад, набояд барои манфиатҳои дигарон вазъи ороми ҷумҳуриро вайрон кунем, набояд барои курсӣ ва мансаб фарзандони мардумро ба куштан бидиҳем, занҳоро бева фарзандонро ятим намоем. (устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ)

Агар рост бошад, ки ҳайвонот ғами гузаштаю тарси оянда надоранд, аз мо басе осудатар ва оқилтаранд.

Ҳеҷ фисқ ва айш олуда ба гуноҳ нест, ки оромиши хотирро барҳам назанад ва тамом ё қисмате аз зиндагиро табоҳ накунад (Муҳаммади Ҳиҷозӣ)
Илмро се хислат бояд: ҳалимӣ ва бетамаъӣ ва парҳезгорӣ. (аз «Мақолоти Шамси Табрезӣ)

Дунё он қадар васеъ аст, ки барои ҳамаи махлуқот ҷо ҳаст. Ба ҷойи он ки ҷойи касеро бигиред, талош кунед, ҷойи воқеъии худатонро биёбед. (Чарли Чаплин)

Фароҳамсоз
Муҳиддин Асозода/colorend

More From Author

You May Also Like