Categories Uncategorized

Бурди сиёсати сабру таҳаммул

Рӯзи 8-уми сентябр ҷаласаи иҷроияи ҲНИТ дар дафтари марказии он бо ширкати масъулини шӯъбаҳои иҷроияи марказӣ ва минтақавӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа ҷанбаҳои фаъолияти ҳизб дар марказ ва минатқаҳо, омодагӣ ба интихоботи парлумонии 2015 ва роҳҳои тақвияти фаъолият мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Муллоббос Раҷабзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шуъбаи ҳизб дар вилояти Суғд ва Муҳаммадшариф Набизод, раиси шуъбаи ҳизб дар минтақаи Кӯлоб дар мавриди фаъолияти ин ду шуъба гузориш ироъа доштанд, ки бештар аз идомаи фишору монеъагузориҳои баъзе аз мақомот дар ин манотиқ гуфта мешуд.
Масъули шуъбаи омор ва назорати ҳизб ҳам зимни гузориши хеш то ба ду баробар боло рафтани фишорҳоро тайид кард. Вале таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҳизб аз тарафи қишрҳои гуногун, ба хусус, ҷавонон бештар гаштааст. Пайдо карда тавонистани василаву роҳҳои нави тамос бо ин гуна қишрҳо, аз ҷумла, истифода аз техноложии муосири иртиботӣ, самимият ва шаффофият дар амал ва парҳез ҷустан аз ихтилофот омилони асосии пешрафти кор дар чанд моҳи ахир будааст.  
Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҲНИТ дар шарҳи болоравии натиҷаҳо ва беҳтар шудани нишондодҳои фаъолият дар манотиқ гуфт: Сиёсати пешгирифтаи мо, яъне, пеша кардани сабру таҳаммул дар баробари монеъаву фитнаҳо натиҷаҳои худро дода истодаанд ва дар оянда ин гуна натиҷаҳо боз ҳам афзоиш хоҳанд ёфт. Амалҳои носанҷида, ғайриқонунӣ ва фитнаангези баъзе доираҳо таваҷҷуҳи мардумро бештар сохта, саволҳоро ба вуҷуд оварда, ки чаро алайҳи як ҳизби қонунӣ чунин иқдомҳоро баякборагӣ оғоз бахшидаанд ва оё дар як кишвари демократӣ ва ҳуқуқбунёд чунин кор имкон дорад?
Таҳлили вазъ ва талош барои пайдо кардани ҷавоб ба ин савол мардумро ба хулосае меорад, ки ин ҷо ҳатман мушкиле вуҷуд дорад. Вале, боз ҳам пурсида мешавад, ки дар кист ин мушкилӣ? Модоме Наҳзат сиёсатҳояшро тибқи қонун ва бо дарназардошти манфиъатҳои милливу давлатӣ ва дур аз фитнаву эҳсосот пеш мебарад, мушкил дар касонест, ки ин ҳама мушкилотро ба вуҷуд меорад. Ва ин ҳама боиси шинохт ва таваҷҷухи беҳтари мардум гаштааст, ки дар нишондодҳои ахир инъикос ёфтаанд, тазаккур дод раҳбари ҲНИТ.
Ҷаласа ҳамчунин гузориши М.Ҳаит, муовини раҳбари ҲНИТ ва раиси ситоди омодагириҳо ба интихоботро шунид ва маълум гардид, ки ситод фаъолияти хешро тибқи барнома пеш бурда, масъалаи омода кардани нозирону номзадҳо, инчунин гурӯҳҳои таблиғотиро анҷом дода истодааст.
Яке аз масъалаҳои баррасишуда, эҷоди маҳдудиятҳо аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизб буд, ки масъулин онро ба роҳбарияти ҳизб расониданд. Дастур дода шуд, ки дар ин маврид унвонии Вазорати адлия номаи расмӣ ирсол карда шавад ва бигузор ин ниҳоди нозири фаъолияти аҳзоби сиёсӣ паҳлуҳои қонунии ин масъаларо шарҳ бидиҳанд. Зеро, мақомот дар маҳал ба дархости расмии бахшу ташкилотҳои ҳизбӣ дар бораи таъмини толор барои  ҷаласаҳо ҷавоби мусбат намедиҳанд. Кор то ба ҷое расида, ки дар манзилҳои шахсӣ гузаронидани ҷаласаҳоро ҳам пешгирӣ мекунанд

More From Author

You May Also Like